Cафорати Тоҷикистон дар Маскав тайид кард, ки "дурӯғу тӯҳмат" будани хабари таҷовуз ба номуси як хонуми украинӣ аз сӯи 15 тоҷикистонӣ дар шаҳри Ростови соҳили Дон ошкор шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи сафорат Муҳаммад Эгамзод, ҳамаи онҳое, ки дар робита ба ин иттиҳом боздошт шудаанд, раҳо гаштанд. Аммо иттиҳоми он ки гӯё 15 тоҷик ба номуси як зани украин таҷовуз кардаанд, дар хотири миллионҳо нафар аз хонандагони хабар боқӣ мемонад ва танҳо замоне таъсири ин хабар каме зудуда хоҳад шуд, ки агар паҳнкунандаи он -- "Интерфакс" ба нашри иттилои носаҳеҳ ва беасос иқрор кунад ва аз осебдидагони он узр хоҳад.
Раиси дафтари матбуоти Сарраёсати умури дохилии Русия дар вилояти Ростов Константин Розин гуфт, рӯзи 30 март кормандони полис баъд аз занги телефонии як зан, ки ба полис дар бораи гӯё дар асорат будани худ хабар додааст, ба ширкати тавлиди тирезаҳои пластикӣ рафтанд. Дар ҷойи ҳодиса муқаррар гардид, ки гап сари моҷарои кӯчаки ин зан бо шиноси тоҷикистонияш К. Бегимов меравад ва ҳеҷ гуна талоши таҷовуз ба номус сурат нагирифтааст. Вале бо вуҷуди ин шаҳрвандони Тоҷикистон барои комилан рӯшан сохтани қазия аз сӯи кормандони полис боздошт шудаанд.
Рӯзи душанбе фарзияи дигари хабар нашр шуд, ки гӯё кормандони полис 15 муҳоҷири ғайриқонунии тоҷикро на барои таҷовуз ба номуси зани украинӣ, балки дар чаҳорчӯби кофтукоби қотилони мухлиси дастаи футболи "Ростов" Александр Терехов боздошт кардаанд. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, қотилҳоро наёфтанд, аммо алайҳи ду шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми "убури ғайриқонунии марзи Русия" парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, ки хабари гӯё аз сӯи тоҷикҳо таҷовуз шудани зани украиниро хабаргузории "Интерфакс" саросема ва бидуни тайид аз дигар манбаъҳо нашр кардааст. Ба гуфтаи дипломати тоҷик, набудани ҳодисаи таҷовуз ва аз ин рӯ бегуноҳ будани шаҳрвандони Тоҷикистонро Кумитаи тафтишоти вилояти Ростов ҳам тасдиқ намуд.
Аммо як масъули дафтари "Интерфакс" дар шаҳри Ростов, ки аз ошкор кардани ному насабаш худдорӣ намуд, гуфт, онҳо дар бораи рад шудани хабари боздошти тоҷикҳо бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси зани украинӣ ва озод шудани боздоштшудаҳо иттилоъ надоранд. Ӯ гуфт, ки хабарро бар пояи иттилои “як манбаи мӯътамад” таҳия кардаанд.
Марианна Пушина, яке дигар аз кормандони масъули хабаргузории "Интерфакс" дар Маскав, мегӯяд, ки, таври маъмул, хабарҳо аз манотиқ аз сӯи муҳаррирон тафтиш карда мешаванд, зеро бештари хабарнигорони маҳаллӣ “стрингер”, ё хабарнигорони бидуни маошанд. Аммо воқеият нишон медиҳад, ин хабар бидуни озмоиши дақиқ интишор ёфтааст.
Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, хабарҳои носанҷидаву носаҳеҳу тайиднашуда ва бо ишора ба “як манбаи мӯътамад” дар бораи муҳоҷирони кории тоҷик дар рӯзномаҳо ва торнамоҳои Русия зиёд нашр мешаванд ва онҳо ҳатто баъд аз рад шуданашон ҳам як муддати дигар дар интернет “мечарханд”. Даҳҳо далели дигар низ мавҷуд аст, ки хабарнигорон ҷиноятҳои аз сӯи сокинони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ё Қафқоз содиршударо билофосила ба тоҷикҳо марбут кардаанд.
Ба гуфтаи Александр Верховский, раиси маркази хабариву таҳлилии “Сова”-и Маскав, ки ҳодисаҳои марбут ба адовати қавмӣ ва хушунат алайҳи афроди ғайриславяниро пажуҳиш мекунад, пахши чунин хабарҳои носаҳеҳ метавонад
пайомадҳои нохуш дошта бошад ва боиси низоъҳои қавмӣ шавад. Ӯ меафзояд, "дар асл, бале, нашри ин гуна хабарҳо метавонад чунин паёмад дошта бошад, хуб, шояд на хабари алоҳида, вале чунин хабарҳо хело зиёд нашр мешаванд. Аз сӯи дигар, агар ин ҳодиса воқеан ҳам рӯй дода бошад, маълум нест, ки чаро дар хабар бояд ҳатман гуфта шавад, ки инаш тоҷик буду дигарӣ украинӣ, дар ин ҳодиса миллат чӣ дахл дорад? Одамоне, ки ба номус таҷовуз мекунанд, аҳён-аҳён ин корро бо далели мансубият ба миллат анҷом медиҳанд."
Александр Верховский меафзояд, ки ба нашри хабарҳои “иғвоангез” бояд ҳатман вокуниш нишон дод. “Медонед, агар инро нодида бигиред, он ҳамин гуна идома хоҳад кард. Ман мефаҳмам, бархе одамоне ҳастанд, ки бо сабабҳои маълум, бигирем, мушкилот дар санадҳояшон, хомӯш мемонанд ва ин ҷо коре наметавон кард. Аммо фикр мекунам, созмонҳои тоҷикон метавонанд аз номи ҷабрдидаҳо ба додгоҳи шаҳрвандӣ муроҷиат кунанд, рафтан ба додситонӣ зарур нест, бояд ба додгоҳ дар бораи ҳифзи шаъну шараф ариза навишт», мегӯяд раиси маркази «Сова»..
Ба гуфтаи Муҳаммад Эгамзод, сафорати Тоҷикистон дар Русия ин қазияро таҳти назорат гирифтааст ва ба он ҳатман вокуниш хоҳад кард. Аммо ӯ ба расидагии комил ба ҳодиса мутмаин нест, зеро “мақомоти расмии Русия ҳатман озодии матбуотро далел пеш меоваранд ва мегӯянд, ки ба умури нашрияҳо ё хабаргузориҳо дахолат нахоҳанд кард”.
Аз ибтидои сол ин дуввуми боздошти дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Ростови Русия аст. Рӯзи 28-уми феврали соли равон парвози як ҳавопаймои ширкати “Дон-Авиа” ба гумони гирифтории се шаҳрванди Тоҷикистон ба бемории вабо, мутаваққиф ва ҳамаи 148 мусофири ҳавопаймо дар тӯли як шабонарӯз мавриди муоинаи пизишкӣ қарор гирифтанд. Аммо чанд рӯз баъд вазорати беҳдошти вилояти Ростов гуфт, ташхиси бактериологӣ бемории ваборо дар се мусофири гумонбаршуда ошкор накард. Фақат баъди ин мусофирон то Маскаву Санкт-Петербург, маҳалли ниҳоии парвозашон, интиқол ёфтанд. Ин ҳодиса ҳам то рӯшан гаштани қазия боиси сару садо ва тавҳини беасос алайҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар расонаҳои Русия шуд.
Он вақт сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев амали мақомоти русро "таҳқиромез" номид ва гуфт, ки аз мақомоти Русия таҳқиқи ин ҳодиса ва пардохти ҷуброни маънавии азиятҳои якшабонарӯзии шаҳрвандони Тоҷикистонро талаб хоҳад кард. Баъдан сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки рӯзи 4-уми март эътирози худ аз "таҳқир"-и мусофирони ҳавопаймои ширкати "Дон-Авиа"-ро ба вазорати умури хориҷии Русия таслим кардааст.
То ҳол ягон расонаи Русия барои нашри хабару матлабҳои дурӯғу носаҳеҳ ва тавҳиномез дар бораи тоҷикҳо аз онҳо узр нахостааст.