Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 тоҷик дар Ростов аз ҳабс озод шуданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони кишвар дар шаҳри Ростови лаби Дон бо тӯҳмат боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав, дурӯғ ва тӯҳмат будани хабари таҷолвузи 15 тан аз шаҳрвандони кишвар дар Ростови лаби Дон ошкор ва ҳамаи боздоштшуданон аз ҳабс озод шуданд.

Дар посух ба дархости Сафорати Тоҷикистон дар Русия, сардори хадамоти матбуотии Сарраёсати умури дохилии Русия дар вилояти Ростов, Константин Розин, гуфтааст, ки бино бар занги телефонии як зан, ки ба полис дар бораи дар асорат будани худ хабар додааст, гурӯҳи кормандони полис ба ширкати тавлиди тирезаҳои пластикӣ рафта ва муайян кардаанд, ки ин зан бо шиноси худ, шаҳрванди Тоҷикистон, К. Бегимов ҷанҷол кардааст. Полис муқаррар кард, ки Бегимов гунаҳкор набуда ва ҳеҷ гуна талоши таҷовуз ба номус низ сурат нагирифтааст. Ҳамчунин рӯшан шудааст, ки ҳеҷ яке аз тоҷикон гунаҳкор набудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, хабари он, ки 15 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди пурсиш карор гирифтаанд, тасдиқ шуд ва мақомоти Кумитаи тафтишоти вилояти мазкур бегуноҳии онҳоро зикр кардааст. Ҷаноби Эгамзод афзуд, ки сафорат ин қазияро таҳти назорат гирифтааст ва таҳқиқу баррасии масъаларо имрӯз 1-уми апрел идома хоҳад дод.

Аммо рӯзи дигар, яке аз хабаргузориҳои Русия маълумоти тафтишношудаи боздошти 15 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми таҷовуз ба номуси як зани украинӣ ба нашр расонд.

Расонаҳои русӣ қаблан хабар дода буданд, ки Кумитаи расидагии шаҳри Ростови Русия гуфтааст, ки 15 нафар шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси як зан, гунаҳгор нестанд. Кумитаи мазкур гуфтааст: “Дарвоқеъ гурӯҳи 15 нафарии шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Вале онҳо дар таҷовуз ба номуси зане, ки сокини Украина нест, гумонбар дониста намешаванд.”

Пештар раёсати корҳои дохилаи вилояти Ростов хабар дода буд, ки барои боздошти гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон амалиёти фаврӣ анҷом додааст. Ин гурӯҳ дар таҷовуз ба номуси як зани украинӣ, ки бо онҳо зиндагӣ мекунад, гумонбар дониста мешуданд. Гурӯҳи тоҷикони боздоштшуда ва ин зан дар Ростов дар як сохтмон кор мекардаанд.

Ҳодисаи боздошти дастаҷамъии шаҳрвандони Тоҷикистон дар вилояти Ростови Русия барои бори аввал нест. Аз ин қабл дар таърихи 28-уми феврали соли равон парвози ҳавопаймо ба гумони гирифтории чанд мусофир ба бемории вабо, мутаваққиф ва ҳамаи 148 мусофири ҳавопаймо дар тӯли як шабонарӯз мавриди муоинаи пизишкӣ қарор гирифтанд.

Ин ҳодиса дар матбуоти Русия сарусадои зиёд барпо кард, ва чанд рӯз баъд вазорати беҳдошти вилояти Ростов гуфт, ташхиси бактериологӣ бемории ваборо дар се мусофири гумонбаршуда ошкор накард. Баъдан ин иттилоъро сардухтури беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко ба матбуоти маҳаллӣ ҳам тасдиқ кардааст.

Дар хулосаҳои тиббӣ гуфта шуда буд, ки се мусофири ҳавопаймои тоҷикистонӣ бемории дарунравӣ (дизентерия) доштаанд. Баъди ин мақомот мусофирони дигарро озод карда онҳоро то Маскаву Санкт-Петербург, маҳалли ниҳоии парвозашон бурда расонданд.

Ин ҳодиса боиси нороҳатии шадиди сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев шуд. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ ин амали мақомоти русро "таҳқиромез" унвон кард ва гуфта буд, ки аз мақомоти Русия таҳқиқи ин ҳодиса ва пардохти ҷуброни маънавии азиятҳои якшабонарӯзии шаҳрвандони Тоҷикистонро талаб хоҳад кард.

Ба дунбол Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар дод, ки дар таърихи 4-юми март эътирози худ аз "таҳқир шудани" 150 мусофири ҳавопаймои ширкати "Дон-Авиа"ро ба ВУХ Русия таслим кардааст.

Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки рӯзи 4-уми март ёддошти эътирозии намояндагии дипломатии ин кишвар ба мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия ирсол шуд.

Дар ҳоли ҳозир, кишвари Русия мизбони миллионҳо муҳоҷири корӣ аз кишварҳои хориҷӣ мебошад, ки тибқи омори ғайри расмӣ, беш аз як миллион нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG