Довуд Аҳмадинажод дар гуфтугӯ бо вебсайти хабарии "Интихоб" гуфтааст, "бо раванде ки оқоёни феълӣ дар пеш гирифтаанд ва вазъе, ки ба вуҷуд овардаанд, мардум дар ҳоли гароиш ба Аҳмадинажоданд."
Довуд Аҳмадинажод дар ин гуфтугӯ аз равобити тираи хуб бо бародараш ҳарф задаааст ва сабаби ин тирагии равобитро, дӯстии раиси ҷумҳури пешин бо афроде чун Исфандиёри Раҳим Машшоӣ ва Ҳамидризо Бақоӣ зикр кардааст.
Бо ин ҳама, Довуд Аҳмадинажод дар идомаи сӯҳбаташ гуфтааст, бародараш дигар бо ин афрод рафту омаде надошта ва ба гуфтаи вай, онҳоро "дур андохтааст".
Довуди Аҳмадинажод, ки раҳбари пешини бозрасии ниҳоди раёсати ҷумҳури Эрон буд, дар мавриди раиси ҷумҳури феълии Эрон ва идораи ин кишвар ҳам изҳори назар карда ва гуфтааст, ки ин оқоён наметавонанд кишварро идора кунанд ва ҳарфе барои гуфтан надоранд.
Ин изҳори назари бародари Маҳмуди Аҳмадинажод дар мавриди эҳтимоли номзадии ӯ дар интихоботи ояндаи президентии Эрон дар ҳолест, ки аз даврони раҳбарии Ҳасани Рӯҳонӣ ҳоло як сол намегузорад ва интихоботи раёсати ҷумҳури Эрон ҳудуди чаҳор сол баъд баргузор мешавад.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар тобистони соли 2005 раиси ҷумҳури Эрон интихобот шуда буд. Дар он вақт, Аҳмадинажод мири шаҳри Теҳрон ва фарди начандон шинохта дар тамоми Эрон буд. Ӯ дар интихоботи ҷанҷолбарангези соли 2009 низ бори дигар барои панҷ сол бар курсии раёсати ҷумҳури Эрон нишаст, вале бар хилофи давраи қаблӣ, дар панҷ соли ахири раҳбарии худ бо мухолифатҳои зиёде чи дар дохил ва чӣ дар хориҷ рӯбарӯ шуд. Ба гуфтаи мунтиқидон раиси ҷумҳури Эрон, ки дар аввал симои “хидматгори хоксори мардумро” ба намоиш гузошта буд, дар даври дуввум майли афзояндае ба нозу неъмати зиёду дабдаба нишон дод.
Маҳмуди Аҳмадинажод, аз минбари Созмони Милал Ҳолокостро "афсона" ва омилҳои ҷанг дар Афғонистону Ироқ "мармузу торик" хонд ва худро ба раиси ҷумҳури номаҳбубе дар миёни кишварҳои бисёр табдил дод.
Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин бо амалкарду баёниҳои ҷанҷолиаш на танҳо дар хориҷ, балки дар дохили Эрон ҳам барояш душман сохт. Ӯ хост, аз ҳисоби афроди бонуфузи наздик ба Алии Хоманаӣ раҳбари Эрон қудрату салоҳиятҳои бештар ба даст орад, вале муввафақ нашуд. Аз ин рӯ баъд тарки мақоми раиси ҷумҳур кардани Маҳмуди Аҳмадинажод дар рӯзи 3-уми августи соли 2013, ӯ худро дар ҳалқаи душманони зиёде дид.
Бо ин вуҷуд, дар даврони раҳбарии Маҳмуди Аҳмадинажод, муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон дар сатҳи биёр баланд қарор гирифт ва ба фарқ аз раҳбарони қаблии давлати Эрон, оқои Аҳмадинажод тавонист бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дӯстии хеле наздик пайдо карда, равобити, ба таъбири ҳарду, “бародарона”-еро ба роҳ андозад.
Ба ҳадде ки дар тӯли 8 соли раёсаташ, бино ба ҳисобҳо, Маҳмуди Аҳмадинажод бо раҳбари ҳеҷ як кишвари дигаре ин қадар мулоқоти рӯбарӯ надоштааст, ки бо Эмомалӣ Раҳмон. Оқои Раҳмон низ аз соли 2006 ба ин тараф бештар аз ҳама ва бо майли бештарин ба дидори “дӯсти теҳронӣ”-аш мешитофт.
Тоҷикистон дар ивази кӯмакҳои саршори иқтисодии Теҳрон, аз Ҷумҳурии исломӣ дар истодагариаш дар баҳси барномаҳои ҳастаӣ бо Ғарб ҳимоят мекард ва ҳамеша ба зарурати ҳалли ин баҳс аз роҳҳои дипломатӣ исрор меварзид. Мақомоти баландпояи тоҷик на як бору ду бор аз минбарҳои баланди байналмилалӣ таъқиби фанновариҳои ҳастаиро ҳаққи ҳар кишвар меномиданд, ки албатта, пеш аз ҳама манзурашон Эрон буд.
Ба ҳар сурат, маҳз дар аҳди Аҳмадинажод нигоҳи қаблан ғайридӯстонаи Душанбе нисбат ба Теҳрон, ки аз ҳимояти Ҷумҳурии исломӣ аз мухолифини исломии давлати Эмомалӣ Раҳмон дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон маншаъ мегирифт, комилан иваз шуд ва Душанбе Эронро ба ҳайси як муттаҳиди муҳими худ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон пазируфт.
Расми ифтитоҳи нақби Истиқлол дар соли 2006 дар ҳузури Аҳмадинажод ва Раҳмон доир шуд. Қарор буд, Маҳмуди Аҳмадинажод дар расми ифтитоҳи чархаи дувуми нирӯгоҳи Сангтӯда-2, ки мебоист, ба истилоҳ тоҷи 8 соли равобити танготанги ӯву Раҳмон мешуд, низ ширкат кунад. Аммо ин маросим чанд дафъа ба таъхир уфтод ва инак, бо гузашти наздик ба як сол аз раҳбарии Ҳасани Рӯҳонӣ, ӯ то кунун аз Тоҷикистон дидан накардааст.
Маҳмуди Аҳмадинажоди 57-сола баъди хотимаи раёсати ҷумҳуриаш барои тадрис ба донишгоҳ баргашт. Ӯ унвони номзади илм дар арсаи нақлиётро дорад ва қабл аз карйераи сиёсиаш дар донишгоҳ дарс мегуфт. Раҳбари Эрон оятуллоҳ Хоманаи ҳамчунин ӯро узви Маҷмаи маслиҳати низом таъйин кард, ки раҳбарии онро рақиби сарсахти Аҳмадинажод оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба дӯш дорад.