Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи "теғзанӣ"-и ду табиб дар Восеъ


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Додгоҳи ноҳияи Восеъ баррасии парвандаи Намозалӣ Соҳибов ва Ҷавшан Пирназаров - ду пизишкеро, ки гуфта мешуд, моҳе пеш миёни ҳам бо теғи ҷарроҳӣ занозанӣ кардаанд, оғоз кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Восеъ ба муҳокимаи парвандаи Намозалӣ Соҳибов ва Ҷавшан Пирназаров - ду пизишке, ки гуфта мешуд, моҳе пеш миёни ҳам бо теғи ҷарроҳӣ занозанӣ кардаанд, шурӯъ кардааст. Ин ду ҷарроҳро ҳамчунин аз кор дар беморхонаи марказии Восеъ ба далели "вайрон кардани тартиботи корӣ" озод кардаанд.

Масъулини додгоҳи ноҳияи Восеъ то судури ҳукми додгоҳ дар мавриди ин қазия хомӯширо ихтиёр кардаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеъи худ навиштанд, ки ин ду пизишк барои маблағи ҷарроҳӣ ё барои муштарӣ бо теғи ҷарроҳи ба якдигар дарафтодаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:48 0:00
Линки мустақим

Аммо Садриддин Неъматов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ занозании пизишкон барои маблағи ҷарроҳиро овозаи беасосу бадномкунанда медонад. Ӯ мегӯяд, ин ду пизишк дар масъалаҳои хусусӣ, ки ба кор ҳеҷ рабте надорад, сӯъитафоҳум ва хусумат доштанд. Ба гуфтаи ӯ, инҳо фақат ҷанҷол кардаанд ва ҳеҷ кордзание байнашон сурат нагирифтааст: «Ҷанҷоли инҳо, ки ба кор халал мерасонд, бори аввал набуд. Мо пештар дар моҳи феврал низ хаттӣ онҳоро ҳушдор додем, ки рафтори хилофи оинномаи кориро бас кунанд. Мо онҳоро муввақатан аз вазифаашон озод кардем, вале онҳо то баромадани ҳукми додгоҳ метавонанд дар бунгоҳҳои тиббӣ кор кунанд. Инҳо духтурҳои таҷрибадоранд ва миёни сокинон ҳам обрӯ доранд. Масъалаи инҳо умуман ба фикри ман ба маблағ рабт надорад.»

Намозалӣ Соҳибов ва Ҷавшан Пирназаров, ки занозаниашон сари забонҳост, аз сӯҳбат бо мо худдорӣ карданд ва нахостанд, сабабҳои ба занозанӣ кашидани хусумати байни онҳоро шарҳ бидиҳанд. Ҳоло танҳо додгоҳ маълум хоҳад кард, ки чаро онҳо даст ба занозании, ба қавли дигар пизишкон, ба номи онҳо иснодоваранда задаанд. Аммо сокинони маҳаллӣ, ки миёнашон овозаи барои маблағи ҷарроҳӣ занозанӣ кардани ин пизишкон паҳн шудааст, чунин рафторро аломати ба кадом дараҷа расидани ришваву фасод дар муасссисаҳои тиббӣ унвон мекунанд.

Шарафниссо Мӯсоева, як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, маълум аст, ки пизишк ҳам дар шароити кунунӣ бе гирифтани маблағ аз беморон наметавонад, зиндагии хуб кунад, аммо аксаран ин амалро дар роҳи талаби “ҳаққи хидмат” аз доираи инсоф берун пой мегузоранд: «Маълум аст, ки дар шароити Тоҷикистон ягон нафар бо 300-400 сомонӣ зиндагӣ карда наметавонад. Духтурон ҳам агар пул нагиранд, рӯзашон намегузарад. Лекин ин ҷо гап дар сари инсоф меравад. Баъзе духтурон талаб мекунанд, ки барояшон фалон қадар маблағ бидиҳӣ, бархеи дигар ихтиёри додани маблағро ба корафтода ҳавола мекунад. Ҳама худаш ақл дорад, ки ба қадри тавон маблағ диҳад, вале вақте аз имкони сокинон зиёдтар талаб мекунанд, ин дигар масъала ҳаст.»

Садриддин Неъматов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ таъкид мекунад, ки дар ҷанҷоли ин ду пизишк масъалаи гирифтани пора аслан вуҷуд надорад. Аммо Неъматов низ эътироф мекунад, ки пизишк бояд намунаи ибрат ва дар пайи накӯкорӣ ва савоб бошад: «Моро ҳам ҷанҷоли онҳо нигарон карда буд. Дар назди ҳамаи пизишкон бо иштироки намояндаҳои вилоят маҷлис кардем, то ба дигарон намунаи ибрат шавад, ки хусуматҳои шахсии худро бо кор олуда накунанд. Ин рафтор на танҳо номи онҳо, балки номи пизишкони ноҳияро бад мекунад. Лекин кордзании онҳо комилан дурӯғ аст ва бори дигар мегӯям, ки ин фақат як овоза аст.»

Моҳе пеш расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки гӯиё ин ду пизишк дар ноҳияи Восеъ пас аз анҷоми ҷарроҳии як бемор барои тақсими маблағе, ки аз наздикони ӯ гирифтанд, чунон сахт ҷанҷол кардаанд, ки дар ниҳоят ба кордзанӣ кашидааст. Ҳарфе, ки масъулини соҳаи тандурустии ноҳия Восеъ рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG