Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ вазъи муҳити зисти Тоҷикистонро таҳқиқ кард


Тоҷикистон дар марҳалаи кунунӣ наметавонад мушкилоти зистмуҳитии худро ба танҳоӣ ҳал намояд. Ин матлаб тавассути мақомоти зирабти тоҷик зимни муаррифии гузориши комиссияи зистмуҳитии СММ дар шаҳри Душанбе эълом шуд. Абдусалим Ҷӯраев, сардори бахши назорати табиати кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфт, ҳукумат ҷиҳати ҳалли мушкилоти зист муҳитӣ барномаҳои мушаххасе рӯи даст гирифтааст, аммо иҷрои ин тарҳҳо бидуни мусоидати ниҳодҳои байналмилалӣ имконнопазир ва ё ба солҳо тӯл хоҳад кашид.

Арзёбии вазъи муҳити зисти Тоҷикистон, ки комиссияи зистмуҳитии Созмони Милал анҷом додааст, бахшҳои ҳифзи табиати ин кишвар, аз ҷумла вазъи ҳаво, ҳолати партовгоҳҳои радиоактивӣ ва баҳрабардорӣ аз манобеъи обиву дигар захоири табииро дар бар мегирад. Бар асоси ин арзёбӣ ҷилавгирӣ аз олудагии ҳаво аз мушкили аслии зист муҳитӣ дар Тоҷикистон унвон шудааст. Мувофиқи бароварди комиссияи мазкур партоби ҳамасолаи маводи зиёновар ба фазо ва муҳити зисти Тоҷикистон 119 ҳазор тонро ташкил медиҳад. Партоби аз ҳама бештари маводи зиёновар дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ба қайд гирифта шудааст. Мутобиқи ин арзёбӣ танҳо дар ноҳияи Турсунзода мизони ихроҷи ҳавои олуда ба манотиқи гирду атроф 75 дар садро ташкил медиҳад. Олег Зюбинский, яке аз муаллифони гузориши комиссияи муҳити зисти Созмони Милал дар ин замина гуфт:

«Корхонаи алюминиюми шаҳри Турсунзода яке аз корхонаҳои замонавӣ ба ҳисоб меравад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин барои ислоҳи вазъи зистмуҳитӣ дар ин корхона корҳое анҷом мегирад, вале бояд бигӯям, ки таъсири номатлуби корхона ба муҳит ва фазо эҳсошаванда аст»

Аммо Абдусалим Ҷӯраев, сардори бахши назорати кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон омори дар ин замина ироа шударо ғайривоқеъӣ ва нодуруст номид.

То кунун комиссияи зистмуҳитии Созмони Милал дар 23 кишвари дунё доир ба вазъи муҳити зист арзёбӣ анҷом додааст. Дар Тоҷикистон аввалин арзёбии зистмуҳитии ин ниҳод соли 2004 сурат гирифта буд. Бар асоси арзёбии охир ниҳоди мазкур ба ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои мушаххас пешниҳод намудааст.
XS
SM
MD
LG