Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон Кумисюн таъсис дод


Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон дар кишвар Кумисюни нави байниидоравӣ таъсис дод. Бино ба як қарори ҳукумат, ки нусхааш рӯзи 29-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба ҳайати ин кумисюн муовинони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва раисони вилоятҳову шаҳри Душанбе шомиланд. Дар қарор гуфта шудааст, ки раёсати кумисюни тозатаъсиро сардори Идораи дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент бар ӯҳда дорад.

  • Дар қарори ҳукумат ҳадаф аз таъсиси ин ниҳоди байниидоравӣ "таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба қочоқи инсон ва ташкили ҳамкории онҳо" унвон шудааст
Вақте аз як нафар барои кор дар кишвари хориҷӣ ихтисос, диплом талаб намекунанд ва донистони забон ҳам зарур нест, магар ин нишонаи фиреб нест?

Тоҷикистон 13 сол пеш қонуни мубориза бо харидуфурӯши одамонро тасвиб карда, муҷозот барои қочоқи инсонро шадид нмауд. Баъзе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди баъзе талошҳои мақомот, ҳанӯз мавридҳои интиқоли занону духтарон барои фаҳшо ва ғуломӣ ба кишварҳои хориҷӣ коҳиш наёфтааст.

Дилшод Муллоев, коршиноси масоили ҳуқуқии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ таъсиси чунин кумисюнро барои ҳамоҳангсозии талошҳои вазорату идораҳои кишвар дар самти муқовимат бо қочоқи одамон муҳим хонд. Ӯ гуфт, “ба ин тартиб, сиёсату дидгоҳи яксони на идоравӣ, балки давлатӣ роҳандозӣ мешавад. Дар кодексу қонунҳои Тоҷикистон меъёрҳои муқовимат бо ҳодисаҳои одамфурӯшӣ вуҷуд дошта, аммо дидгоҳи ягона дар ин замина ташаккул наёфта буд. Ҳоло монеаҳои идоравӣ аз байн рафта ва муқовимат алайҳи қочоқи инсон пурзӯр хоҳад шуд.”

Танҳо дар ним соли гузашта дар додгоҳҳои Тоҷикистон панҷ парвандаи қочоқи инсон баррасӣ ва омилонаш бо моддаи 130-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне, “харидуфурӯши одамон” ба муддатҳои аз 5 то 8 сол равонаи зиндон шуданд.

Аз ҷумла, Нисо Мирзоеваи 28-сола, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барои фиристодани чанд зани тоҷик ба шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб барои “танфурӯшӣ” ба муддати 8 сол маҳкум гардид.

Марям Давлатова, ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, таъсиси кумисюни вижаи байниидоравӣ барои муқобила бо қочоқи инсон як тарафи масъала буда, ҷониби дигар боло бурдани саводи ҳуқуқии сокинони кишвар, бахусус, занону духтарон ҳисоб меёбад.

“Як маъракаи иттилоотӣ зарур аст, то мардум ба ваъдаҳои пучу хоми ҳар кас бовар накунанд. Зеро қочоқбарон одамонро ба зӯр ё баста намебаранд. Мисли ифротгароҳо аз таблиғ истифода мекунанд. Вақте аз як нафар барои кор дар кишвари хориҷӣ ихтисос, диплом талаб намекунанд ва донистони забон ҳам зарур нест, магар ин нишонаи фиреб нест?” – афзуд ӯ.

Марям Давлатова
Марям Давлатова

Марям Давлатова гуфт, чанд сол қабл ӯ дар ҳайати гурӯҳҳои вижаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мардум мулоқот карда ва онҳоро аз хатару таҳдидҳои хариду фурӯши инсон огоҳ месохт. Ӯ гуфт, барои муассир шудани фаъолияти Кумисюни байниидоравӣ оид ба муқовимат ба қочоқи одамон ниҳодҳои давлатиро лозим аст, аз нерӯи намояндагони ҷомеаи маданӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва рӯзноманигорон истифода кунанд.

Дар Тоҷикистон соли 2004 қонун “Дар бораи хариду фурӯши одамон” қабул гардид ва барои омилони қочоқи инсон ҷазо таъин гардид. Департаменти давлатии Амрико дар гузориши ахири худ навишт, ки соли 2016 дар Тоҷикистон 18 парвандаи марбут ба қочоқи инсон баррасӣ шуда ва дар ниҳоят 17 нафар ҷазо гирифтанд.

Департаменти давлатӣ дар ин гузориш мегӯяд, Тоҷикистон ҳамоно бештар кишвари содиркунанда, на қабулкунандаи қурбониёни қочоқи инсон аст. Бино ба ин гузориш, занону мардон ва гоҳо кӯдакони тоҷик дар Русия, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон, Туркия ва Афғонистон мавриди истисмор қарор мегиранд.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират низ мегӯяд, дар 11 соли охир тақрибан 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди қочоқ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG