Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҳамкорони созмони "Ансоруллоҳ" дар Исфара


Додгоҳи шаҳри Исфара 10 сокини ин ноҳияро барои ҳамкорӣ бо созмони мамнуи “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба 8 солу 6 моҳӣ, аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳе дар вилояти Суғд даҳ тан аз сокинони Исфараро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо созмони "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ба зиндон маҳкум кард. Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои бархе аз маҳкумшудаҳо рӯзи 30 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи чаҳоршанбе 10 сокини ноҳияи Исфара бо иттиҳоми шомил шудан ба иттиҳодияҳои ҷиноӣ ва ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ” ба 8 солу 6 моҳӣ, маҳкум шуданд. Мурофиаи додгоҳӣ таҳти раёсати додраси додгоҳи Исфара Комилҷон Ғаниев дар Боздоштгоҳи муваққати рақами 2-и шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст.

Хонум Воҳидова афзуд, маҳкумшудагон Фурқат Охунов, Исроил Қаландаров, Абдулҳомид Қаюмов, Ҳадятулло Мадёров, Шӯҳрат Мусоев, Абдуалӣ Ваҳҳобов, Мансур Ҷӯраев, Умедҷон Каримов, Сайфиддин Шарофов ва Абдулло Ансоров ҳама сокинони ноҳияи Исфара мебошанд, ки бо моддаҳои 187 қисми 2 “шомил шудан ба иттиҳодияи ҷиноӣ”, моддаи 307 нишони 2 ва 307 нишони 3-и кодекси ҷиноӣ, яъне ”шомил шудан ва фаъолият бурдан дар созмонҳое, ки бо қарори суд дар Тоҷикистон мамнӯъ ҳастанд”, маҳкум ба зиндон шуданд.

Ин афрод аз 30 то 38-сол дошта, аввалҳои моҳи январи соли ҷорӣ аз сӯи мақомоти пулис дастгир ва ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ба шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуда буданд. Тафтишоти аввалияи парвандаи онҳоро додситонии Суғд анҷом дод ва бар асоси он ин 10 нафар дар замони муҳоҷирати корӣ дар Русия ба созмони "Ҷамоати Ансоруллоҳ" шомил шудаанд.

Ба гуфтаи Файзинисо Воҳидова, дар парвандаҳои айбдоршавандаҳо санади собиткунандае, ки ҳамкорӣ бо “Ансоруллоҳ” ва ё шомил будани онҳо ба ин созмонро нишон диҳад, ҷой надорад ва аз ин рӯ додгоҳ дар нисбати онҳо ҷазои камтарин таъин кард. Вакили мудофеъ мегӯяд, иқрори афроди зери ҳимояти ӯ бо истифода аз шиканҷа гирифта шуда, боиси шикоят ба зинаҳои болоии додгоҳ аст. Вале намояндаи додгоҳ ин иттиҳомро рад мекунад.

Ҳукми додгоҳ алайҳи ин даҳ сокини Исфара ҳолест, ки додгоҳи шаҳри Хуҷанд дар аввали моҳи март як сокини 45-солаи шаҳри Истаравшанро бо ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамин додгоҳ рӯзи 17 феврал 13 нафари дигарро бо айни ҷурми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” маҳкум ба зиндон карда буд. 12 тан аз ин маҳкумин сокинони Конибодом ва якеи дигар, ки раҳбари гурӯҳ номида мешуд, аз Истаравшан буданд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундравест, ки бовар меравад, ҷангиёни тоҷик соли 2006 баъди ҷудо шудан аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон таъсис додаанд. Раҳбари ин созмон Амриддин Табаров ном нафаре ном бурда мешавад, ки дарпоёни солҳои 90 сулҳи мухолифин бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва сипас ба Покистон фирор кардааст.

Бори аввал номи “Ансоруллоҳ” дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ин гурӯҳ бо пахши як баёния дар сомонаи ҷудоиталабони чечен эълон кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи вижаи пулис дар шаҳри Хуҷандро нафари фиристодаи “Ансоруллоҳ” анҷом додааст.

Дар он ҳамла 3 тан кушта ва зери 30 кас, аксар афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд. Баъди хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт ҳам мақомот гуфта буданд, ки аз паноҳгоҳи ӯ гӯё парчами “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG