Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд 10 млн сомонӣ маоши коргарон пардохт нашудааст


Раҳбарони 10 корхонаву муассисаҳои Суғд барои пардохт накардани маоши коргарони худ, ҳар яке ба маблағи 800 сомонӣ, ҷарима шудаанд.

Бино ба иттилои раёсати хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи аҳолии Суғд, дар ҳоли ҳозир корхонаву муасиссаҳои минтақа беш аз 10 миллион сомонӣ қарзи маош доранд. Бар пояи омори расмӣ, дар 1 декабри соли гузашта қарзи маош дар вилояти Суғд ҳудуди 9 миллиону 700 ҳазор буд ва то кунун беш аз 300 ҳазор сомонии дигар афзудааст. Қисме аз ин қарзҳо кӯҳна ва аз солҳои қаблӣ мебошанд.

Абдулатиф Қодирӣ, сардори раёсати хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи аҳолии Суғд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти масъул барои аз байн бурдани қарзҳои маош талош доранд. Ба гуфтаи вай, дар пайи ошкор кардани “камбудиҳои ҷиддӣ барои саривақт пардохт накардани маоши кормандон дар 10 корхонаву муассисаҳо”, алайҳи раҳбарони ин корхонаҳо маводҳо тартиб дода, ба додситонӣ ироа кардаанд, то алайҳи онҳо ва ислоҳи вазъ, чораҷӯӣ кунад. Вай корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”, “Хуҷанд – Зил”, хоҷагиҳои оби ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Бобоҷон Ғафуровро аз ҷумлаи чунин корхонаву муассисаҳо, ном бурд.

Бино ба омори расмӣ, 12 шаҳру навоҳии Суғд дар ҳоли ҳозир беш аз 10 миллион сомонӣ қарзи маош доранд. Қарзи маоши аз ҳама зиёд бар дӯши бахшҳои саноат – беш аз 6 миллион ва кишоварзӣ – беш аз 3 миллион сомонӣ рост меояд. Ҳамчунин, бахши маориф 140 ҳазор сомонӣ маоши муаллимон ва коргарони худро пардохт накарда, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ дар назди коргарони худ беш аз 560 ҳазор қарздор мебошанд. Қисме аз ин қарзҳо аз солҳои гузашта то кунун нопардохта боқӣ мондааст.

Хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба маблағи 160 ҳазор сомонӣ маоши коргарони худро напардохтааст. Абдумуъмин Лакимзода, сарвари ин хоҷагӣ сабаби аслии саривақт пардохта натавонистани музди коргарони худро чунин шарҳ дод: “Мо 1 метри мукааб обро ба хоҷагиҳо ба нархи 1.5 дирам медиҳем. Дар ҳоле, ки барои то истифодабаранда расонидани ин миқдор об, 4.5 дирам сарф мекунем. Чунки музди маош, нархҳои барқ, таҷҳизот, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ, нақлиёт ва маблағи андозҳо низ аз ҳамон пардохта мешавад. Вале хадамоти зиддиинҳисорӣ намегузорад нархи обро баландтар кунем ва аз ин ҳолати мушкил раҳо шавем.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, паст будани арзиши об ва ҳам саривақт пардохт нашудани маблағи он аз ҷониби истифодабарандагон, хоҷагиҳои обрасони кишварро “зиёновар” кардааст.

Абдулатиф Қодирӣ, сардори раёсати хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи аҳолии Суғд мегӯяд, бо мушкили хоҷагиҳои об хуб ошност, вале ҳаллу фасли он ба дасти ҳукумати кишвар аст. Вай афзуд, имсол, ки дарахтони мева баръакси соли гузашта ҳосили хуб доранд, хоҷагиҳои боғпарвар ба соф кардани қарзҳои худ дар назди хоҷагиҳои об, имкони бештар хоҳанд дошт. Аммо ба таъкиди вай, мутобиқи қонун ҳар корхонаву муассиса аз даромадҳои худ бояд “ба навбати аввал маоши коргарони худро пардохт кунад.”

Ба гуфтаи ҷаноби Қодирӣ, ҳукумати Суғд дар шаҳру ноҳияҳои қарздор ситодҳои доимӣ ҷиҳати “марҳила ба марҳила “кандан” - и қарзи маош” таъсис додааст, ки ба он аз 9 то 13 нафар шахсони масъули идораву ниҳодҳо шомиланд. Ба корхонаву муассисаҳои қарздор пешниҳод шудааст, ки то моҳи августи соли равон ҳади ақал 30-50 дар сади қарзҳои худ ба коргаронро пардохт намуда, то моҳи декабр аз зери бори қарзи маош пурра озод шаванд.

XS
SM
MD
LG