Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси 300 миллион доллари Гулнора Каримова


Додгоҳе дар Иёлоти Муттаҳида ба дархости Вазорати адлияи ин кишвар барои ҳабси 300 миллион доллар пули Гулнора Каримова дар бонкҳои Ирландия, Люксембург ва Белгия ҷавоби мусбат додааст.

Додгоҳе дар Амрико ба ҳабси 300 миллион доллар пули Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки дар суратҳисобҳои бонкии Bank of New York Mellon дар Ирландия, Люксембург ва Белгия нигаҳдорӣ мешаванд, иҷоза додааст. Торнамои Блумберг навишт, ин қарори додгоҳ рӯзи 9 июл содир шуда ва он ҷавоб ба дархости Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида аст.

Вазорати адлияи Амрико як ҳафта қабл аз додгоҳ хоста буд, ки суратҳисобҳои бонкии духтари президенти Узбакистон дар Аврупо ҳабс шаванд. Манзур ҳамон 300 миллион доллар маблағест, ки дар натиҷаи ришваситониҳои Гулнора Каримова аз ширкатҳои русии МТС ва "Вымпелком" барои ворид шуданашон ба бозори Узбакистон гирифта шудааст.

Вазорати адлияи Амрико фаъолияти ин ширкатҳои русиро бо он сабаб таҳқиқ мекунад, ки онҳо дар биржаҳои ИМА (МТС дар биржаи NYSE ва "Вымпелком" – дар NASDAQ) вориди тиҷорат шудаанд.

Таҳқиқи парвандаи марбут ба хонаводаи президенти Узбакистонро, инчунин, пулиси Ҳолланд идома медиҳад. Дар шаҳри Амстердам қароргоҳи ширкати "Вымпелком" ҷойгир аст. Чунин тафтишҳо чанд соли пеш инчунин дар Швейтсария, Шветсия ва Комиссиюни авроқи гаронбаҳо ва биржаҳои ИМА (SEC) шурӯъ шуда буд. Ин тафтишҳо боиси аз вазифаҳои раҳбарикунанда рафтани директори генералии ширкати мухобиротии TeliaSonera Ларс Нюберг ва чанд мудири калони дигари ин ширкат шудааст.

Дар аризаи Вазорати адлияи ИМА таъкид мешавад, ки МТС ва "Вымпелком" аз хизмати созишномаҳои машваратии тақаллубӣ ва ҳам ширкатҳои маснӯие, ки барои гирифтани ришва аз ҷониби хонаводаи президенти Узбакистон таъсис шудаанд, истифода кардаанд.

Дар гузашта собит шудааст, ки Гулнора Каримова барои ба бозори мухобироти Узбакистон роҳ ёфтани ширкатҳои хориҷӣ ва ҳам пуштибонии фаъолияти онҳо 1 миллиард доллар ришва гирифтааст. Гузориши Маркази таҳқиқоти ҷиноятҳои созмонёфта ҳокист, ки "Вымпелком", Alfa Telecom, МТС ва чанд ширкати дигар дар маҷмӯъ ба ҳисобҳои духтари Каримов 980 миллион доллар пулро интиқол додаанд.

Муаллифони ин гузориш мегӯянд, TeliaSonera ба Гулнора Каримова 381 миллионр доллар, "Вымпелком" ва ширкати зери назари он "Альфа-Телеком" – 176 миллион доллар ва МТС 350 миллион долларро ҳадя кардаанд. Илова ба ин, тахминан 90 миллион доллари дигарро духтари президент аз ду ширкати дигар ҳам дастрас кардааст, ки дар Узбакистон бо насби ноқилҳои фибронурӣ машғул будаанд. Намояндаи ширкати "Вымпелком" Артем Минаев ба "Интерфакс" гуфтааст, ки дар бораи тафтиши ҳукумати ИМА хабар дорад ва ин ширкат бо муфаттишон ҳамкориро ба роҳ мондааст. Минаев гуфтааст, ки аз ин беш чизе гуфта наметавонад.

Аз рӯи иттилои қаблӣ, додситонии кулли Узбакистон ҳам Гулнора Каримоваро барои азхудкунии 53 миллион доллар пул муттаҳам мекунад. Баъд аз моҷарои калони хонаводагӣ дар оилаи президент Ислом Каримов, пахши асрори тиҷоратии ҳамдигар аз ҷониби Лола ва Гулнора Каримоваҳо зидди ҳамдигар дар матбуот ва интернет, иттиҳоми ҳамдигар дар азхудкунии маблағҳову назорати бахши азими бизнеси хусусӣ дар Узбакистон, бунёди хайрияти Гулнора Каримова дар Тошканд баста, баъзе кормандонаш ба зиндон андохта шуданд, худи Гулнора ба ҳабси хонагӣ гирифта шуд. Президент Ислом Каримов ҳеч гоҳ ин қазияро дар мазҳари ом шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG