Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андози баробар аз қасру кӯшк ва аз кулбаҳои оддӣ


Бархе аз сокинони Варзоб мегӯянд, тавони супурдани андози дукаратаро надоранд. Аммо мақомот мегӯянд, ин минтақаи сайёҳист ва андози манзили сокинони Варзоб аз минтақаҳои дигар бояд фарқ кунад.

Ноҳияи Варзоб яке аз се ноҳияи Тоҷикистон аст, ки бо қарори ҳукумат мавзеи туристӣ ё сайёҳӣ эълон шудааст. Ин аст, ки тайи чанд соли охир қад-қади рӯди Варзоб даҳҳо бӯстонсаро, меҳмонхона ва истироҳатгоҳҳои пурҳашамат сохта шудаанд.

Бо назардошти сайёҳӣ эълон шудани ин мавзеъ мизони андозбандии бинову иншоот дар ин минтақа низ дукарата таъин шудааст. Пардохти андози дукарата барои моликони кӯшку бӯстонсаро ва истироҳатгоҳҳо мушкил нест, аммо барои сокинони бумии ин мавзеъ, ки солҳо боз дар онҷо зиндагӣ мекунанд, пардохти ин андоз гаронӣ мекунад.

Хоҷӣ Розиқови 64-сола аз сокинони маҳаллии ноҳияи Варзоб аст. Гузаштагони ӯ низ дар ин дара зиндагӣ кардаанд ва қасру кӯшкҳо ва истироҳатгоҳҳои боҳашамат ҳамагӣ дар пеши назари ӯ бунёд шудаанд.

Розиқов аз он нигарон аст, ки ҳарчанд тайи 30 соли охир намуди хонаи хоксоронааш тағйир наёфта, тирезаи хонааш солҳо боз рӯи рангро надиданд, аммо ӯ ҳамакнун маҷбур аст дар баробари моликони қасру кӯшкҳо ба давлат дукарат андоз супорад.

"Пештар барои хона 14 сомонӣ андоз месупоридам. Ҳоло якуним баробар қимат шуда, ба 34 сомонӣ расидааст. Барои сарватмандон шояд ин пули калон нест, аммо барои мани нафақахӯр ин маблағ гаронӣ мекунад. Ман 37 сол ҳамчун прораб дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор кардам. Ҳоло ҳамагӣ 200 сомонӣ нафақа мегирам. Барои зиндагӣ намерасад,"-- афзуд ӯ.

Бо назардошти мавзеи туристӣ эълон шудани ноҳияи Варзоб андоз аз амвол ва хонаву иншоот низ дукарат таъин карда шудааст. Яъне, андози амволи ғайриманқул дар ин минтақа аз манотиқи дигар дида як баробар бештар аст.

Андози баробар аз қасру кӯшк ва аз кулбаҳои оддӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Коршиносон мегӯянд, ки нисбат ба моликони бӯстонсарову истроҳатгоҳҳои боҳашамат ҷорӣ кардани андози дукарата мантиқист. Аммо пардохти ин андоз барои афроди нодор, ки аксаран аз мардумони бумии ин мавзеъ ҳастанд, мушкилзо аст. Масъулони Кумитаи андози Тоҷикистон низ вуҷуд доштани ин мушкилро эътироф мекунанд, аммо ислоҳи онро ба чанд далел душвор мешуморанд.

Нусратулло Давлатзода
Нусратулло Давлатзода

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози андози Тоҷикистон, рӯзи 25 январ дар нишасти хабарияш дар ин бора гуфт, "мо мегӯем, ки бигзор соҳибони бустонсаро андози дукарата супоранду боқимондаҳо - не. Лекин инро дар амал ҷорӣ кардан мушкил мешавад. Ман медонам, ки сокинони деҳот мушкилоти зиёд доранд, аммо барои соҳибони бӯстонсароҳо пардохти ин андоз набояд мушкил эҷод кунад."

Дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат бо шумули Варзоб боз ноҳияи Балҷувон ва дараи Ромит дар қаламрави ноҳия Ваҳдат низ минтақаҳои туристӣ ва ё сайёҳӣ эълон шудаанд.

Ҳарчанд туристӣ эълон шудани ин мавзеъҳо ба коми моликони даҳҳо бӯстонсарову меҳмонхонаҳост, аммо барои бобои Ҳоҷӣ Розиқов пардохти андози кулбааш, ки дар шафати қасру кӯшкҳо қарор гирифтааст миёншикан аст.

XS
SM
MD
LG