Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Патент" барои таъмири хона. Ҳар моҳ – 120 сомонӣ. ВИДЕО


Нозирони андоз дар Душанбе маъракаи тафтиши санади устоҳои таъмири хонаро ба роҳ мондаанд. Нозирон асосан ба биноҳои навбунёд сар мезананд, ки аксари устоҳо маъмулан дар онҷо машғули таъмиранд.

Чаҳор моҳ шуд, ки бекорам. Фармоише нест. Аз куҷо ин пулро ёфта месупорам?

Талаби нозирон ҳам аз устоҳо доштани “патент” аст. Дар ғайри сурат, нозирони андоз метавонанд ҳам усто ва ҳам соҳиби хонаро ҷарима банданд.

Кумитаи андоз: “Усто ҳам соҳибкор аст”

Саидаҳтам Абдуллоев, як масъули Кумитаи андози Тоҷикистон, рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, нафароне, ки бо фармоиши соҳибмулкони алоҳида ба корҳои сотмонӣ ё таъмир машғуланд ва аз ин роҳ даромад мегиранд, бояд патент дошта бошанд. Абдуллоев гуфт, анҷоми "корҳои сохтмонию таъмирӣ дар объектҳои шахсони воқеӣ" фаъолияти соҳибкорӣ эътироф шудааст, ки тавассути "патент" амалӣ карда мешавад.

"Устоҳои таъмиргар бояд патент гиранд. Ҳамчунон мувофиқи қоида соҳиби хона ҳангоми киро кардан бо сохтмончӣ шартнома бандад ва дар қарордод ҳаҷми кору маблағи он зикр карда шавад", - шарҳ дод ӯ.

Саидаҳтам Абдуллоев гуфт, дар сурате ки фаъолияти бидуни патенти устоҳо ошкор мешавад, нозирони андоз ҳақ доранд ҳам худи усто ва ҳам соҳибхонаро ҷарима кунанд. Ӯ гуфт, "соҳибхона ҳам масъул аст, ки бояд донад усто соҳиби патент аст, ё не. Вагарна худаш бояд устоҳоро бо патент таъмин кунад."

Патенти усто: 120 сомонӣ ҳар моҳ

Андози “патент”-и устои таъмири хона айни ҳол 120 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳарчанд ин маблағ чандон зиёд нест, аммо устоҳо бо гирифтани патент муваззаф мешаванд, ки ҳар моҳ ин маблағро ба идораи андоз супоранд, вагарна ҷарима хоҳанд шуд.

Руслан Шодибеков, як сокини шаҳри Душанбе, аз соли 2005 ба ин сӯ бо таъмири манзили сокинон дар хонаҳои баландошиёна ризқашро пайдо мекунад. Шодибеков мегӯяд, кораш доимӣ нест ва як моҳ агар ба таъмири хонае машғул шаванд, чанд моҳи дигар бекор мемонад.

Ӯ мегӯяд, “чандон пули бисёре аз ин кор ба даст намеорем. Агар боз як қисмати онро ба андоз супорем, ба худамон чӣ мемонад? Патентро гирифтӣ, даромад дорӣ ё надорӣ, ҳар моҳ бояд андоз супорӣ. Масалан, чаҳор моҳ шуд, ки бекорам. Фармоише нест. Аз куҷо ин пулро ёфта месупорам? Беҳтар мебуд давлат моро ҳамчун қишри камдаромад, ки худро бо ҷойи кор таъмин мекунад, аз андоз озод намояд.”

Имтиёз ба гӯрканҳову аробкашҳо

Моҳи июни соли гузашта Тоҷикистон як зумра соҳибкоронеро, ки дӯкон надошта ва дар сари роҳ аз ҷумла меваву гиёҳи кӯҳӣ, дуғоб ё офтобпарасту рӯзнома мефурӯшанд, аз гирифтани “патент” ва пардохти андоз озод кард. Аз ин имтиёз гӯрканҳову аробакашҳо ва чӯпонҳо ва косибон низ баҳраманд шудаанд.

Аммо устоҳои таъмиргари хона ва сохтмончиён аз феҳристи соҳибкорон берун нашудаанд ва онҳо муваззафанд барои ин фаъолият “патент” бигиранд.

Дар Тоҷикистон манзилҳои зист дар хонаҳои баландошиёна маъмулан дар шакли нимтайёр ва бидуни таъмири дохилӣ фурӯхта мешавад. Яъне, дохили хона ба ҷуз аз дари даромад ва тирезаҳои берунӣ чизе надорад. Аз ин рӯ, соҳибмулкон пас аз харидани хона ба таъмири он мепардозанд. Шуруъ аз сақфу фарш то таъмири ҳаммому ҷиҳози ошхона. Таъмири хона, албатта, кори пурхарҷе аст. Ин кор вобаста ба завқи соҳибхона аз ҳазор то даҳ ҳазор доллар харҷ дорад.

XS
SM
MD
LG