Тоҷикистон соҳибкоронеро, ки дӯкон надошта ва дар сари роҳ аз ҷумла меваву гиёҳи кӯҳӣ, дуғоб ё офтобпарасту рӯзнома мефурӯшанд, аз гирифтани “патент” ва пардохти андоз озод кард. Аз ин имтиёз гӯрканҳову аробакашҳо низ баҳраманд шудаанд.
То замони судури ин қарор ҳар дафъа фоидаи чандвақтаи савдоямонро ҷаримапулӣ медодем. Акнун онро метавонем, ки ба рӯзгорамон сарф кунем.
- Дар Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар даҳҳо нафар бо гузоштани миз дар қади кӯча ба тиҷорати хурд ва, ба қавли мақомот, камдаромад машғуланд.Давоми панҷ соли ахир онҳо барои ин корашон ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ иҷозат гирифта ва молиёт мепардохтанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар як қарори худ, ки нусхаи он рӯзи 1-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, фаъолияти ин гурӯҳи тоҷиронро “камарзиш” ва лағви пардохти андози онҳоро имтиёз ба сокинон номидааст. Бино ба ин қарор, косибон низ аз пардохти андоз озоданд. Аммо тоҷироне, ки соҳиби дӯконанд ва тиҷораташон нисбатан бузургтар аст, мисли қабл барои фаъолияташон иҷозат гирифта ва ҳар моҳ андоз хоҳанд супурд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Собир Исоев, намояндаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, он гурӯҳи соҳибкороне, ки аз пардохти андоз озод шуданд, “дар ҳақиқат, ҳиссаи зиёди андозсупорӣ надоштанд”. Ба гуфтаи ӯ, қарори ахир дар пайи дархости соҳибкорон ва таҳлили онҳо содир шудааст.
Гузашта аз ин, мақомот мегӯянд, бисёре аз тоҷирони қади роҳ солҳо боз ба далели даромади кам аз пардохти андоз худдорӣ карда, сари чанд вақт маҳалли тиҷораташонро тағйир медоданд. Собир Исоев ҳам гуфт, тибқи таҳлилу баррасиҳои коршиносони Кумитаи андоз пеш омадани бӯҳрони иқтисодӣ ба камияш дар ду соли ахир вазъи чунин тоҷиронро тангтар кардааст.
Раҷабмоҳ Олимова, сокини шаҳри Душанбе, тақрибан бист сол боз ҳамроҳи фарзандаш дар гузаргоҳи назди бинои Иттифоқи нависандагон ба фурӯши офтобпарасту рӯзнома машғул аст. Ӯ мегӯяд, ки дар гузашта бинобар даромади кам боре ҳам иҷозатномаи фурӯш нагирифта буд, аммо ҳар гоҳе нозирони андоз меомаданду тафтиш мекарданд, ҷарима месупурд. Чандест, ба гуфтаи худаш, на бими андозсупорӣ дорад ва на – ҷаримапулӣ.
Раҷабмоҳ гуфт, “то баромадани ин қарор мо ҳар дафъа фоидаи чандвақтаи савдоямонро ба ҷаримапулӣ месупоридем. Акнун онро метавонем ба рӯзгорамон сарф кунем.”
Бархе аз коршиносон аз ин тасмим ҳимоят карда, аммо дар айни замон гуфтанд, ки дар сурати бепарвоӣ эҳтимол бисёриҳо аз ин қарор ба нафъи худ сӯистифода кунанд. Шамсиддин Ҷалолов, коршиноси соҳаи иқтисод, гуфт, бо истифода аз ин шароит баъзе соҳибкорон метавонанд дари фурӯшгоҳҳои худро баста ва ба савдои кӯчагӣ ё сари роҳ рӯй биоранд.
“Зеро медонанд, ки онҳо ба ин тарз имтиёз доранд. Албатта, ҳукумат бояд ин тарафи масъаларо ҳам ба назар бигирад, то сафи андозсупорандагону даромад аз соҳибкории хурду миёна низ коҳиш наёбад”, - афзуд ӯ.
Соҳибкорони Тоҷикистон борҳо аз гаронии молиёт ё андоз ва тафтишҳои барзиёд дар кишвар нигаронӣ карда, ба сабукӣ дар ин бахш таъкид намудаанд. Соли гузашта Анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ Тоҷикистонро дар миёни 25 кишвари ҷаҳон, ки андози баландтарин доранд, дар мақоми 3-юм ҷой дода буд. Гузоришгарони ин анҷуман гуфта буданд, сатҳи андоз дар Тоҷикистон 81,8 фоизро ташкил медиҳад, ки баъди Аргентина (137,4%) ва Боливия (83,7) пешсаф аст.
Барои маълумот. Аз патенту андоз озоданд:
- Фурӯши гиёҳҳо,
- Дуғоб,
- Ғулингоб,
- Чой,
- Донаи офтобпараст,
- Рӯзномаву маҷалла,
- Тақвиму китобҳо,
- Фурӯши молҳои дасти дувум,
- Чарондани чорво,
- Таъмиру тоза кардани пойафзол,
- Телефони кӯчагӣ,
- Нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон,
- Кашондани бор ба воситаи ароба дар кӯчаю бозор, Шустушӯи воситаи нақлиёт дар кӯча,
- Қабрканҳо
- Фурӯши маҳсулоти ҳунарњои бадеии халқ ва маҳсулоти бофташуда (пашмӣ, намадӣ, пахтагӣ, абрешимӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ),
- Дар деҳот ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои миллӣ (дӯзандагӣ, бофандагӣ, риштабофӣ, газворбофӣ, дуредгарӣ, кандакорӣ, рассомӣ, рангуборкунӣ, наққошӣ).