Он кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд, ҳоло дар пешорӯи як интихоби ҷиддӣ қарор гирифтаанд. Онҳо бояд аз ду якеро интихоб кунанд, ки аз шиносномаи кишвари дуюм, яъне Русия даст кашида ба кори худ дар Тоҷикистон идома диҳанд, ва ё бо интихоби шиносномаи кишвари дуюм корро дар сохтори давлатӣ тарк кунанд.
Мақомоти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2014 нахуст, дипломатҳо, баъдан кормандони амният, андоз, додситонӣ, вакилони дифоъ, хизматичёни давлатӣ ва инак, милисаҳоро аз доштани душаҳрвандӣ маҳрум кард.
Абдураҳмон Раҷабов, майори мустаъфии тоҷик нӯҳ сол аст нафақаи бознишастагиашро аз Русия мегирад. Бисту ду соли собиқаи кор дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро дорад. Ӯ ҳанӯз дар солҳои 1990-ум пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дар баробари шаҳрвандии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандии Русияро пазируфт. Замони бознишаста шудан нафақаи Русияро интихоб кард, чун 3 баробар бештар аз ҳақи бознишастагие буд, ки дар Тоҷикистон бояд барояш медоданд.
Абдураҳмон Раҷабов мегӯяд, шаҳрвандии Русия ҳеҷ гоҳ ба андешаи ватандустии ӯ таъсир нарасонидааст ва нафақаи ин кишварро ба хотири зиндагии беҳтар дар даврони бознишастагӣ интихоб кардааст.
Ӯ мегӯяд, агар он замон дар ростои интихоби кор ва ё доштани шаҳрвандии Русия қарор мегирифт, бидуни шубҳа дуввумиро мепазируфт. “Худи ман танҳо ба хотири манфиати иқтисодӣ шаҳрванди Русия шудам. Теъдоде аз ҳамсафони ман низ нафақаи ҳамин кишварро мегиранд. Аз нигоҳи ман чунин тасмими Тоҷикистон ба он хотир аст, ки дар Русия низ ба афроди соҳиби душаҳрвандӣ дар мақомҳои интизомиаш иҷозати кор намедиҳанд”, гуфт Раҷабов.
Ин мусоҳиби мо мегӯяд, манъи фаъолияти афроди соҳиби душаҳрвандӣ дар ниҳодҳои интизомию ҳукуматӣ ба кори фарзандони ӯ низ метавонад таъсир расонад, зеро онҳо низ шаҳрвандии Русияро доранд ва дар сохторҳои бонкӣ кор мекунанд. Нигаронии Абдураҳмон Раҷабов дар он аст, ки оянда фарзандонаш маҷбур мешаванд, тарки Тоҷикистон кунанд. Чун ба эҳтимоли зиёд онҳо нисбат ба кор дар ватан ба доштани шаҳрвандии Русия бартарӣ медиҳанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло талошҳои поксозии сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз афроди дорои душаҳрвандӣ ҷараён дорад. Падари яке аз кормандони собиқи Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пасманзари поксозӣ фарзандаш кор дар ин муассисаро аз даст дод. Ӯ гуфт: “Писарам интихоби худро кард. Ӯ ба Русия рафт ва гуфт, ки фаъолияташро дар он ҷо идома медиҳад”.
Манъи фаъолияти афроди душаҳрвандӣ дар ниҳодҳои интизомӣ ва ҳукуматиро коршинсон як таҷрибаи ҷаҳонӣ медонанд, ки Тоҷикистон тоза онро мехоҳад амалӣ кунад.
Абдулло Ҳабибов, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Русия мегӯяд, тибқи ҳисобҳо то кунун беш аз ним миллион тоҷикон шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Ба гуфтаи ӯ, то ҳоло намунаи хиёнат ба ватан ва ошкор кардани сирри давлатӣ аз сӯи онҳо сабт нашудааст. Аммо ҷаноби Ҳабибов гуфт, ин иқдоми Тоҷикистон дар замони мусоир мантиқӣ ва ҷавобгӯи манофеи миллӣ аст. Вай ба ин бовар аст, ки “агар шахс шаҳрванди дигар давлат бошад, чӣ гуна метавон ба ӯ бовар кард, ки сирри давлатро нигоҳ медорад? Тоҷикистон бояд барвақттар чунин иқдомро пеш мегирифт”.
Генерал Оразшо Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон даҳ сол инҷониб шаҳрванди Русия аст. Ӯ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, танҳо ба он хотир табеияти ин кишварро ба даст овард, ки дар давраи бознишастагӣ зиндагии беҳтар дошта бошад. Ӯ гуфт, масъалаи садоқат ба ватан ва хиёнат ба арзишҳои он бештар масъалаи ахлоқӣ аст: “Хиёнат ба ватан ва ё ошкор кардани сирри давлатӣ бештар ба виҷдони ҳар нафар вобаста аст, то ба доштани душаҳрвандӣ. Ҳоло дар сафорату мақомҳои баландпояи кишвар афроди зиёде мақоми душаҳрвандиро соҳибанд”.
Тоҷикистон бо Русия соли 1995 созишномаи душаҳрвандиро имзо кардааст, ки бар асоси он тоҷикистониҳо метавонанд ҳамзамон шаҳрванди ду кишвар бошанд. Бархе тоҷикистониҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷират қарор доранд, шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Барои ин бахши мардум доштани шиносномаи русӣ дар қаламрави Русия– аз шароити қонунии будубош дар ин кишвар сар карда то ҳақи кору иқомат – як амри зарурӣ будааст.
Ҳамчунин тариқи барномаи “Переселение” ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон табааи Русия шуда ба ин кишвар кӯч бастаанд. Чанде пеш ҳукумати Русия эълон кард, ки муқаррароти гирифтани шаҳрвандии ин кишварро барои онҳое, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ба дунё омадаанд, соддатар мекунад.
Шокирҷон Ҳакимов, як сиёсатмадор ва ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд: ”Кормандони собиқи амниятӣ, вазорати корҳои дохила, то сатҳи генералҳо шаҳрвандии Русияро қабул карданд. Гумон вуҷуд дорад, ки дар заминаи анҷоми корҳои муайян, эҳтимолияти дар ягон шакл ҷалб кардани онҳо ҷиҳати ҳамкорӣ бо идораҳои ҷосусии кишвари дигар низ вуҷуд дошт”.
Шокирҷон Ҳакимов ба ин назар аст, ки мақомоти тоҷик тамоми паҳлӯҳои масъаларо хуб омӯхтаанд, “вале бо риояи усулҳои дипломатӣ ва шарқӣ аз тафсири он худдорӣ мекунад, то омилҳои манфӣ ба равобити дуҷониба таъсир нарасонанд, зеро Тоҷикиcтон аз Русии вобастагии зиёд дорад”. Ҳакимов гуфт, ки ба маълумоти ӯ, баъд аз ҷорӣ шудани талаботи нав ҳудуди 100 корманди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот аз шаҳрвандии Русия даст кашидаанд.
Аз сӯи дигар, он чи Русия дар ду минтақаи ҷудоиталаби Қафқоз – Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ анҷом дод, боиси нигаронии кишварҳои шарикаш дар қаламрави собиқи Шӯравӣ шуд. Маскав ба таври сареъ ҳамаи онҳоро бо шиносномаҳои Русия таъмин кард ва баъдан ҳангоми сар задани низоъҳои мусаллаҳона бо баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш ба қаламрави ин ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Гурҷистон нирӯ даровард.