Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи нави патентҳо: Барои дӯғфурӯш - 100, барои носфурӯш - 267 сомонӣ


Ҳар носфурӯш бояд моҳона 267 сомонӣ пули патент супорад
Ҳар носфурӯш бояд моҳона 267 сомонӣ пули патент супорад

Кумитаи андоз ва вазорати молия бо нашри як феҳрист нархи патент ба даҳҳо навъи соҳибкорӣ, аз ҷумла барои фурӯши дӯғобу донаи офтобпараст ва ҳам нархи патенти сарояндаҳову барандаҳо ва раққосаҳои тӯйро мушаххас кардаанд.

Кумитаи андоз ва вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як замима ба фармоиши муштараки ин ду ниҳоди давлатӣ 49 номгӯи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ шурӯъ аз фурӯши дӯғобу ғулингобу ҳезум то фурӯши кадую донаи офтобпараст ва барандагӣ дар тӯйҳоро тасниф ва нархи патент барои ин навъҳои фаъолияти соҳибкориро мушаххас кардааанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 5 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, феҳрасти намудҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар Тоҷикистонро имрӯз дар сомонаи ин кумита низ ба нашр расониданд.

Тавре аз ин номгӯ бармеояд, нархи патент барои фурӯши ҳезум 100 сомонӣ ва барои фурӯши тарбуз, харбуза ва каду 117 сомонӣ муқарар карда шудааст. Онҳое, ки ба фурӯши квас, оби газнок, дӯғоб, чой ва ғулингоб машғул мешаванд, бояд дар ивази 100 сомонӣ патент гирифта, ҳар моҳ ба идораи андоз пардохт кунанд. Патенти онҳое, ки нон, кулча ё "патароқи ҷуворимакка ва биринҷ" мефурӯшанд, ҳамагӣ 67 сомонист. Аммо носфурӯш бояд ҳар моҳ дар ивази 267 сомонӣ барои ин пешааш патент бигирад.

Барои фаъолияти соҳибкорӣ ҷиҳати нигоҳубини пиронсолон, беморон ва кӯдакон нархи патент 50 сомонӣ муқарар шуда, онҳое ки навозандагӣ, раққосӣ ва барандагӣ дар ҷашну маъракаҳоро мекунанд, ҳар моҳ бояд ба 133 сомонӣ патент бигиранд.

Аммо патент барои сурудхонӣ дар тӯю маъракаҳо 601 сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Нархи патенти овозхонҳо то ҳол 540 сомонӣ буд. Нархи патент барои ба иҷора додани либоси тӯёна (ба истиснои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб) 490 сомонӣ арзиш доштааст. Наворбардорҳо низ, агар бихоҳанд аз тӯю сӯри мардум чизе барои худ кор кунанд, бояд ба 200 сомонӣ патент бигиранд.

Соҳибони ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ агар дар гузашта барои патент моҳона 180 сомонӣ пардохт мекарданд, дар феҳрасти ҷадид нархи моҳонаи патенти ҳоҷатхонаҳо 201 сомонӣ муайян шудааст. Патент барои шустушӯ ё таъмири мошинҳо 267 сомонӣ, яъне баробари патенти носфурӯшӣ, муқаррар шуда, саррофон(валютчикҳо) ҳар моҳ бояд ба 502 сомонӣ соҳиби иҷозати кумитаи андоз барои фаъолияташон шаванд.

Патент ҳуҷҷатест, ки барои пешбурди бархе аз намуди фаъолиятҳо аз сӯи Кумитаи ба соҳибкорони хурд андоз дода мешавад ва он ду навъи андозро дар бар мегирад - андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ. Аммо ҳаҷми андози он новобаста аз даромади соҳибкор пардохта мешавад ва тоҷирон мегӯянд, на ҳар моҳ тавони пардохти нархи патентро доранд.

Кумитаи андози Тоҷикистон ҳангоми нашри аввали номгӯи фаъолиятҳои инфиродӣ барои дарёфти патент дар моҳи августи соли 2013 шарҳ дод,ки барои он патентро дубора ба намояндагони бархе аз пешаҳо иҷоза дод, ки бисёре аз тоҷикрон дониши кофии андозсупорӣ надоранд ва талаби ҳисоботи бухгалтерӣ аз ҳар кадоми онҳо ҳам барои кумита ва ҳам барои соҳибкорон мушкилоти зиёд ба бор меоранд.

Номгӯи пурраи ҳамаи 49 навъи патент бо нархи онҳо инҷост

XS
SM
MD
LG