Амонуддин Қурайшӣ, вулусволи Имом Соҳиби вилояти Қундуз дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мухолифони мусаллаҳ дар ивази раҳоии чаҳор марзбони тоҷик, ки панҷ рӯз пеш дар ин минтақа рабуда шуданд, хостори раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон шудаанд, ки барои Толибон аз афроди муҳим шинохта мешаванд ва дар сохтани минаҳо маҳорат доранд.
"Ин чаҳор нафар марзбони кишвари Тоҷикистон дар дохили хоки Афғонистон дар ҷангал аз сӯи мухолифони мусаллаҳ асир гирифта шудаанд. Мо саъй ва талоши худро намудем ва мӯйсафедонро фиристодем, вале ҳеҷ натиҷа надод. Қарори иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷикистонӣ, аз кишвари Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд."
Бо гузашти панҷ рӯз аз рабуда шудани чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон аз сӯи Толибон дар шимоли Афғонистон, аз онҳо хабаре нест. Гурӯҳи мусаллаҳ шомгоҳи ҷумъа ин афродро дар марзи вулусволии Имом Соҳиб бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ба асорат бурданд. Мақомоти тоҷик рӯзи 22 декабр гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир музокирот барои раҳоии ин афрод идома дорад.
Вулусволи Имом соҳиб ҳамзамон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа шумори зиёде аз мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон ҳузур доранд, ки бо силоҳҳои сабук ва вазнин муҷаҳҳаз мебошанд.
Аз сӯи дигар, Амонуллоҳ Иброҳимӣ, фармондеҳи амнияти вулусволии Имом Соҳиб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун беш аз чаҳор сад нафар мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар вулусволии номбурда фаъолиятҳои зидди давлатӣ доранд, ки дар канорашон шуморе аз ҷангҷӯёни тоҷикистон ва узбакистонӣ низ ҳастанд.
"Ҳузури мухолифони мусаллаҳи давлат дар ин вулусволӣ ба беш аз 400 нафар мерасад, ки дар паҳлӯи онҳо шуморе аз ҷангҷӯёни узбакистонӣ ва тоҷикистонӣ фаъолият доранд. Қаблан дар ин минтақаҳо постгоҳҳои нерӯҳои сарҳадии афғон вуҷуд дошт, аммо ҳоло дар ин минтақа постгоҳҳои сарҳадӣ вуҷуд надоранд ва дар контроли душман аст."
Вулусволии Имом Соҳиби дар қисмати шимолии вилояти Қундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарё Ому аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунон ҷангалзори паҳноваре дар миёни марзи ҳар ду кишвар вуҷуд дорад.