Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коршиноси тоҷик: "Маъмурияти Орзу дар умум муваффақиятомез буд"


Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

Маъмурияти дипломатии Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба поён расид ва ӯ баъд аз ҳафт соли фаъолият дар Душанбе, ба кишвараш бармегардад. Абдулғафури Орзу дар тобистони соли 2010 аз сӯи раиси ҷумҳури вақти Афғонистон Ҳомиди Карзай ба мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон таъйин шуд ва то ин замон дар ин симмат ифои вазифа мекард. Ӯ аз ҷумлаи сафироне ба шумор меравад, ки дар як маъмурияти дипломатӣ, ба муддати зиёд фаъолият кардааст.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Абдулғафури Орзу барои саҳмаш дар таҳкими равобити ду кишвар, изҳори сипос кардааст. Дар мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Абдулғафури Орзу, ки рӯзи 2 ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар "қаноатмандӣ" кардаанд.

"Орзу аз сафирони пешин муваффақтар буд"

Ба бовари коршиносони тоҷик, Абдулғафури Орзу дар қиёс бо сафирони пешини Афғонистон дар Тоҷикистон, муфаффақтар амал кард ва тавонист ба тақвияти ҳамкориҳо миёни ду кишвар, мусоидат кунад.

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки "маъмулан сафирон вазифаву масъулиятҳои зиёде доранд. Яке аз онҳо барқарорӣ ва густариши иртиботу ҳамкорӣ натанҳо бо ниҳодҳои давлатии кишвари маҳали маъмурият, балки бо аҳзоби сиёсӣ, доираҳои тиҷорӣ, шахсиятҳои фарҳангӣ, илмӣ, динӣ ва расонаҳои ҳукумативу мустақил ва истифода аз он барои таъмини манофеи миллии кишвари худ мебошад. Ба бовари ман, дар ин замина Абдулғафури Орзу дар қиёс бо сафирони собиқи Афғонистон муваффақтар амал кард. Вай дар бештари барномаҳо ва ҳамоишҳое, ки дар Тоҷикистон баргузор мешуданд, ҳузур меёфт. Чун ҷаноби Орзу шоир ва нависанда ҳам ҳаст, бо доираҳои адабӣ, фарҳангӣ ва расонаии Тоҷикистон иртиботи хубе барқарор кард ва аз ин тариқ саъй намуд то ҷои имкон чеҳраи фарҳангии кишварашро ба намоиш бигзорад."

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик.

Ба бовари ин таҳлилгари тоҷик, Абдулғафури Орзу дар ин замина муваффақ ҳам буд ва дар замони масъулияти вай иртиботи фарҳангӣ ва коршиносии миёни ду кишвар рушд кард. Қосими Бекмуҳаммад аз ҷумла ишора кард, ки дар ҷашни байналмилалии Наврӯзи имсол ва барномаҳои адабиву фарҳангии марбут ба он бахши зиёде аз меҳмонони хориҷӣ шоирон, нависандагон ва донишмандони афғонии муқими кишварҳои гуногун буданд.

Ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, тайи шаш соли гузашта бо эҷоди чандин пули нав ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии байни Тоҷикистон ва Афғонистон беҳбуд ёфтанд ва дар замоне, ки Тоҷикистон бо мушкилоти интиқоли бору колои худ аз тариқи Узбакистон рӯбарӯ шуд, мавҷудияти даҳлези Афғонистон хеле кумак кард ва дар замони маъмурияти ҷаноби Орзу бо ҳузури Афғонистону Тоҷикистон баъзе аз тарҳҳои минтақавӣ низ оғоз шуданд.

То ба ҳол маълум нест, ки ҷойгузини Абдулғафури Орзу дар мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон кӣ хоҳад буд. Аммо расонаҳои афғонӣ қаблан навиштанд, ки Зулмай Юнусӣ, аз сӯи Афғонистон ба ин мақом пешниҳод шудааст. Аммо ҳоло рӯшан нест, ки ҷониби Тоҷикистон ба ин пешниҳод розигӣ додааст ё на.

Орзуи дипломат ва шоир

Абдулғафури Орзу ба ҷуз фаъолиятҳои дипломатӣ дар Тоҷикистон, миёни дӯстдорони шеъру адаб низ маъруф буд ва дар аксари маҳофили фарҳангӣ ширкат ва суханронӣ мекард. «Лабханди Худо» аз ҷумлаи осори ин шоири шинохта ва дипломати варзидаи Афғонистон аст, ки дар даврони фаъолияти дипломатиаш дар Душанбе, ба ду хатти ниёгон ва сириллик рӯи чоп омад.

Дӯстдорони шеъру адаб дар Тоҷикистон ба намунаҳои ҷудогонаи шеъри Абдулғафури Орзу, ки зодаи шаҳри бостонии Ҳирот аст, аз тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои дастаҷамъие монанди «Як сарзамини муҳаббат» ва «Баёзи меҳр», ки солҳои ахир дар Тоҷикистон нашр шуданд, ошноӣ доранд.

Абдулғафури Орзу кист?

Доктор Абдулғафури Орзу, моҳи марти соли 1962 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Ӯ дастпарвари риштаи адабиёти дарии Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон буда, ҳамчун раиси идорӣ дар вилояти Ҳирот ифои вазифа намудааст. Ба ҳайси муовини сафири Афғонистон дар Эрон ва мушовири вазири корҳои хориҷии Афғонистон фаъолият кардааст.

Доктор Абдулғафури Орзу ба ҳайси донишманд, муҳаққиқ ва шоиру нависанда шинохта шудааст. «Нақди Халилӣ», «Гузидаи ашъори абёти Бедил», «Бутиқои Бедил», «Хӯшаҳо аз ҷаҳонбинии Бедил», «Сиёҳи сафедандарун», «Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон», «Даранге дар адабиёти Фаранг», «Нигоҳе ба тафсири мафотеҳ –ул ғайб», «Инсони комил аз нигоҳи Бедил ва Ҳофиз», «Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ» «Ишқ аст хулосаи вуҷудам», «Агар Фарҳод шуд Ширин бимонад», «Ҷоритар аз ҳамеша», «Чашм дар чашми оина», «Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» ашъори насрию назмиии Орзуро ташкил медиҳанд.

Сафирони қаблӣ

Аз соли 1991 то кунун қабл аз Абдулғафури Орзу, Муҳандис Абдураҳим, Сайидиброҳими Ҳикмат, Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ ва Сайидмуҳаммад Хайрхоҳ ба ҳайси сафирони Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа намудаанд.

Муносиботи Тоҷикистон ва Афғонистон аз соли 2001 ба думболи суқути Толибон ба марҳилаи тозае ворид шуд ва танҳо дар ҳамон сол Тоҷикистон ба кушодани сафорати худ дар Кобул иқдом кард. Аввалин сафири Тоҷикистон дар Кобул Фарҳод Маҳкамов буд ва феълан Шарифиддин Имомов ин мансабро бар ӯҳда дорад. Тоҷикистон дар шаҳрҳои Файзобод ва Мазори Шариф консулгариҳои худро дорад ва дар пайи нооромиҳо дар шимоли Афғонистон, фаъолияти консулгарии худ дар шаҳри Кундузро ба таври муваққат, қатъ кард.

XS
SM
MD
LG