Дар ҳамлаҳои пурхушунати ахир дар аёлати шимолу ғарби Рохини давлати Мянмар дасти кам 400 намояндаи қавми Роҳинҷа кушта шуд. Дар шароити бурузи задухӯрдҳои миёни шӯришиёну нирӯҳои ҳукуматӣ, Роҳинҷаҳои мусалмон осемасарона ба самти Бангладеши ҳамсоя фирор мекунанд.
31 августи соли 2017 издиҳоми мардум дар атрофи ҷасадҳо ҷамъ шуд. Роҳинҷаҳои мусалмон талош доранд дар паи бурузи хушунатҳо дар Мянмар аз ин кишвар фирор кунанд. Фирори хурду бузург ба Бангладеш рӯзи 25 август шурӯъ шуд. Дар ин рӯз, тибқи гузоришҳо, шӯришиёни Роҳинҷа ба пойгоҳҳои полиси Мянмар ҳамла карда бо муқовимати шадиди нирӯҳои амниятии ин кишвар рӯбарӯ шуданд. Роҳинҷаҳоҳо - як аққалияти мазҳабӣ дар кишвари аксаран бутпарасти Мянмар мегӯянд, ки мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Зане аз қавли Роҳинҷа гуфт: “Бутпастҳо моро тирборон мекунанд, хонаҳои моро месӯзонанд ва худи моро ҳам нобуд карданианд. Онҳо шавҳари маро аз тири туфанг куштанд”.
Давоми чандин сол аст, ки шимолу ғарби Мянмар дар як ҳолати пурмушкил ва хушунатзо ба сар мебарад. СММ моҳи феврали имсол артиши Мянмарро дар қатлҳои ом ва таҷовузи Роҳинҷаҳо айбдор кард. Вале ҳаводиси ахир домани танишҳоро ба таври фоҷеабор тавсеа дод.
Бутпарастҳои мулкӣ, ки ҳамчунон аз ҷони худ хатар доранд, баъди тарки манзилашон дар як ибодатгоҳ паноҳ бурданд. Як зани бутпараст мегӯяд:
“Аз сарам тилло резанд, ки ман дигар дар он ҷо зиндагӣ намекунам. Ман ба шарте бармегардам, ки онҳо набошанд. Агар мусалмонҳо бошанд, намеравам. Дарди дил шудам. Соли гузашта шавҳарамро куштанд. Гарданашро буриданд”.
Телевизиони давлатии Мянмар мулоқоти раҳбари ин кишвар Аун Сан Су Ҷӣ бо собиқ дабири кулли СММ Кофӣ Аннонро намоиш дод, ки ҳамакнун масъули назорат аз ҳалли ин бӯҳрон таъин шудааст. Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Ҷӣ баъди мавқеи ғолибан бетарафонааш дар робита бо мушкилоти мардуми Роҳинҷа мавриди интиқод қарор гирифт ва ин ҳолат ба обрӯяш латма зад.
Кофӣ Аннон гуфт, ки омилони хушунатҳои ахир бояд ҳатман дар баробари додгоҳ посух диҳанд. Ин ҳодисаҳо боиси эътирозҳои сартосарӣ дар Мянмар шуд. Ҳукумати Аун Сан Сун Ҷӣ гуфт, ки бо терроризм мубориза мебарад.
Тан Тун, мушовири масоили амнияти миллии ҳукумати Мянмар аз тавсеаи хушунатҳо ҳушдор ва гуфт, ки омилони ин ҳодисаҳо ҳатман посух хоҳанд дод: “Ҳар нафаре, ки дар андеша маблағгузорӣ, нақшасозӣ ва ҳама гуна талоши анҷоми амали террористӣ мебошад, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”.
Дар ҳамин ҳол фирориҳои Роҳинҷа дар роҳ ба Бангладеш қарор доранд. Бархе гузоришҳо мегӯяд, ки даҳҳо ҳазор нафар аз хушунатҳо фирор карда дар ин кишвар паноҳ меҷӯянд.