Саидмуҳаммад Саидов, донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи политехникии шаҳри Киев рӯзи 20 феврал дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пойтахти Украина тақрибан 10-14 муҳоҷири корӣ ва 5 донишҷӯи тоҷики Донишкадаи политехникии Киев ба сар мебаранд. Ба гуфтаи Саидмуҳаммад, онҳо дар ин рӯзҳои буҳронӣ аз аҳволи ҳамдигар ҳамеша хабар мегиранд. Ӯ меафзояд, дар ин шабу рӯз на муҳоҷирон ба кор мераванду на донишҷӯён – ба дарс, чунки “нақлиёт дар Киев хуб кор намекунад. Автобусҳо мегарданд, вале хеле кам. Мегӯянд, ки метро ҳам як ҳафта кор нахоҳад кард.”
Саидмуҳаммад Саидов мегӯяд, ки онҳо ҳамагӣ 4 истгоҳи метро дуртар аз маҳалли эътирозҳо зиндагӣ мекунанд. Ӯ гуфт, ҳаракати метрову нақлиёти дигари ҷамъиятӣ ба самти марказ, ба маҳалли эътирозҳо баста шуда, нирӯҳои пулис низ атрофи майдони Истиқлолро печондаанд ва касеро намегузоранд, ки вориди он шавад.
Саидмуҳаммад Саидов мегӯяд, ба маҳзи идомаи хушунатҳо онҳо ба дарс намераванд ва асосан дар хобгоҳ қарор доранд. Ӯ мегӯяд, хориҷ аз майдони Истиқлол ва кӯчаҳои атрофаш тақрибан эҳсос намешавад, ки оё дар Киев чӣ эътирозҳо мегузаранд. Вале ин буҳрон боиси аз 8 то 9 гривен барои як доллар парвоз кардани қурби пули миллии Украина ва хеле боло рафтани нархи маҳсулот дар бозору мағозаҳои Киев шудааст.
“Аз 800 то 900 хест доллар. Ҳам қиматӣ шуд, ҳам номуайянӣ, ҳам инки аз дарс ақиб монда истодаем. Ман барои мисол, дар соли чорум таҳсил мекунам ва бояд машғули навиштани кори дипломоӣ бошам. Вале дар ин шароит намедонам, чӣ кунам. Ҳарчанд берун аз маркази шаҳр чунон оромист, ки фикр мекунӣ, чизе нест,” – мегӯяд ин донишҷӯи тоҷик.
Ҳушдори сафорат ба шаҳрвандони тоҷик
Рӯзи 19 феврал сафорати Тоҷикистон дар Украина бори дигар аз ҳамаи тоҷикистониҳои муқими ин кишвар хост, то дар ин рӯзҳои нооромӣ аз рафтан ба маркази Киев худдорӣ кунанд.
Дар ҳаводиси Киев ба нафаре аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб нарасидааст. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Парвиз Назарзода, як тан аз кормандони масъули сафорати Тоҷикистон дар Украина, хабар дод ва гуфт, ки сафорат дар ин мавзӯъ бо ниҳодҳои марбутаи Украина пайваста дар тамос аст.
Ба гуфтаи дипломати тоҷик, сафорат рӯзи 19 феврал, бо ирсоли нома бори дигар аз тоҷикони муқими кишвар хост, ки бар асари амиқтар шудани бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар аз рафтан ба маркази Киев худдорӣ кунанд. Ӯ мегӯяд, “мо аз ин пеш ҳам аз ҳамватанҳои худ хоҳиш карда будем, ки ба хотири амнияташон бидуни зарурати ногузир аз рафтан ба ҷойҳои тазоҳурот худдорӣ кунанд. Номаву паёмак ё СМС ҳам ба донишҷӯён ва ҳам ба диаспораи тоҷикон дар Украина фиристода шудааст.” Ба гуфтаи дипломат, ҳоло дар Киев чанд истгоҳи метро ва бисёр муассисаҳо кор намекунад.
Эътирозҳо дар Украина бо талаби истеъфои раиси он ҷумҳурӣ Виктор Янукович 3 моҳ боз идома доранд, вале аз 18 феврал ба ин сӯ даргириҳо байни эътирозгарон ва нирӯҳои пулис дар маркази Киев шиддати бесобиқае гирифт, бино ба гузоришҳо, мунҷар ба ҳалокати дастикам 25 нафар шудааст.
Парвиз Назарзода афзуд, ки ба иттилои ӯ, рӯзҳои ахир ҳисси кунҷковӣ як теъдод аз шаҳрвандони Тоҷикистонро маркази Киев бурд, аммо онҳо на тоҷикони муқими Украина, балки бештар муҳоҷирони корианд, ки баъд аз хатми се моҳи буду бош дар Русия ба Украина омадаанд ва бояд дубора ба Русия баргарданд.
Ба иттилои сафорати Тоҷикистон, дар Украина дар маҷмӯъ тақрибан 5 000 шаҳрвандони собиқ ва феълии Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар ин кишвар 490 донишҷӯи тоҷик низ таҳсил доранд ва 43 нафари онҳо муҳассили донишгоҳҳои шаҳри Киев будаанд. Бахши аъзами донишҷӯёни тоҷик – 150 нафар - дар се донишгоҳи шаҳри Харков - Донишгоҳи тиббӣ, Академияи нақлиёти роҳи оҳан ва Донишкадаи политехникӣ таҳсил мекунанд. Дар макотиби олии шаҳрҳои Днепропетровск, Одесса, Донетск, Тернопол ва Кировоград ҳам донишҷӯёни тоҷик зиёд будаанд.