Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозтоби пирӯзии Ёсину Абдуллоҳ дар Facebook ва ифтихори падар


Хабари пирӯзии бародарон - Ёсину Абдуллоҳ Неъматовҳо дар мусобиқоти ҷаҳонии "ILIOUPOLIS JUDO CUP" дар Юнон дар як муддати кӯтоҳ дар торнамои Озодӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳи ҳаводорони зиёдро ҷалб кард.

Ҳаводорони варзиш дар зери ин хабар дар Facebook тақрибан 40 тафсир ва табрикот ба Ёсину Абдулло Неъматовҳо ва падарашон Муҳаммадрозиқ навиштанд. Бародарон Ёсину Абдуллоҳ дар вазнҳои 60 ва 66 кило бар ҳамаи рақибони худ дар Афинаи Юнон пирӯз шуданд ва медалҳои тило ба даст оварданд.

Аксари хонандагони ин хабар аз ин пирӯзӣ изҳори ифтихор кардаанд ва Муҳаммадрозиқ Неъматов - падари Ёсину Абдуллоҳро табрик гуфтаанд. Абдуманнон Шералиев, як корбари Facebook дар баробари табрикот навиштааст, "падарашон пештар гуфта буд, ки мусобиқоти Юнон мушкил аст, мумкин медал нагиранд. Вале комёбӣ ёрашон шуд".

Корбари дигар Хилватшоҳ Хоҷаев навиштааст, "Юнон ҳам тасхир шуд, умедворем 31 май дар мусобиқоти байналмилалии Ҳолланд низ комёб шаванд." Чунин шарҳу тафсирҳо дар Facebook зиёданд, ки ба хонаводаи Муҳаммадрозиқ ин ифтихоротро шодбош гуфтаанд. Мо низ телефонӣ Муҳаммадрозиқ, падари Ёсин ва Абдуллоҳро дар Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб пайдо кардем.

Озодӣ: Муҳаммадрозиқ, мо табрикоти хонандагони торнамои Радиои Озодӣ ва шунавандагонро ба шумо мерасонем. Пирӯзии фарзандон муборак бошад.

Муҳаммадрозиқ: "Хеле сипосгузорам аз шунавандагони Радиои Озодӣ, ки ба мо бисёр мухлисӣ мекунанд. Фарзандони ман Ёсину Абдуллоҳ дар Имороти Муттаҳидаи Араб таваллуд шудаанд, дар ҳамин ҷо мактаб мехонанд. Рӯзҳои 23-24 май дар мусобиқоти байналмилалии дзюдо дар Афина иштирок доштанд. Албатта, чандин сол аст, ки онҳо аз бошгоҳи варзишии "Аҷмон Ҷудок" дар мусобиқаҳо таҳти парчами Иморот ширкат меҷӯянд. Паҳлавонон аз 19 давлат иштирок карданд. Дастаҳои пурқувват мисли Гурҷистону Украинаву Исроил, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ дар дзюдо хеле пешрафта ҳастанд, дар Афина ширкат доштанд ва Ёсину Абдуллоҳ ҳамаи рақибонро шикаст доданд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд ва дар даври ниҳоӣ низ пирузӣ насибашон шуд. Ҳардуяшон ҳам медали тило гирифтанд."

Озодӣ: Ин ҷо ёдоварӣ кардед, ки онҳо зери парчами Иморот дар мусобиқа ширкат карданд. Магар онҳо шаҳрвандии Иморотро доранд?

Муҳаммадрозиқ: "Онҳо дар ҳамин Иморот таваллуд шудаанд, вале шаҳрвандии ин кишварро надоранд. Гуфтугӯҳое ҳаст, ки шиносномаи риёзӣ медиҳанд, яъне шиносномаи варзишӣ. Онро бояд бигиранд, зеро чанд мусобиқа аст, ки Иморот маблағгузорӣ мекунад ва ба мусобиқаҳо мефиристад. Барои ҳамин, ҳангоми пирӯзӣ парчами Имороти Муттаҳидаи Арабро дар мусобиқот мебардоранд."

Озодӣ: Шумо шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳифз кардаед ва фарзандонатон ҳам шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд?

Муҳаммадрозиқ: "Бале мо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем ва тақрибан 20 сол аст, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Ин ҷо шаҳрвандӣ гирифтан хеле мушкил аст. Вале мо ифтихор мекунем, ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳастем. Барои он ки дар Тоҷикистон маблағгузорӣ барои варзишгарони мо каме заиф аст, аз тарафи давлатҳои маблағгузор дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд. Чорае надоранд. Масалан, варзишгарони тоҷик дар Маскав ҳастанд, дар Амрико ҳастанд ва дар ин ҷо - дар Иморот ҳам аз номи клубҳои ҳамин давлатҳо ба мусобиқаҳо мераванд ва зери парчами ҳамин давлатҳо дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд ва оҳиста-оҳиста шаҳрвандии ҳамин давлатҳоро ҳам мегиранд, барои он ки маблағгузории онҳо хубтар аст."

Озодӣ: Фарзандонатон - ё Ёсин ё Абдулло агар дар наздатон бошанд, мумкин аст бо онҳо сӯҳбат кунем, пирӯзиашонро табрик гӯем?

Муҳаммадрозиқ: "Муттаассифона, дар наздам нестанд ва баъд аз мусобиқа имрӯз ва фардо дар Афина тамрин доранд ва аз он ҷо 27 май рост ба мусобиқаҳои Ҳолланд мераванд. 31 май дар он ҷо мусобиқаи байналмилалӣ аст ва умедворам, ки дар он ҷо ҳам пирӯз шаванд ва моро сарбаланд гардонанд. Ин танҳо мусобиқае нест, ки дар Аврупо иштирок мекунанд. Як моҳ пеш ҳам дар шаҳри Копенгагени Дания ҳардуи ин писаронам дар мусобиқаи "JUDO OPEN" ширкат доштанд. Дар ин мусобиқа Абдуллоҳ ду медали нуқра ва Ёсин як медали бинирҷӣ гирифтанд."

XS
SM
MD
LG