Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи душанбеи 22-юми апрел ба "Озодӣ" гуфт, дар нишасти Ашқобод пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон ба манзури сохтмони масири кӯтоҳтари роҳи қатори Тоҷикистон Афғонистон ва Туркманистон матраҳ гардид.
Охири ҳафтаи гузашта дар пойтахти Туркманистон нахустин нишасти гурӯҳи кории иҷрои лоиҳаи сохтмони Роҳи оҳани Туркманистон - Афғонистон -Тоҷикистон баргузор гардид, ки Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон низ дар ин музокирот ширкат кард. Ба таъкиди ҷаноби Зуҳуров, бар иловаи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён, Тоҷикистон аз тариқи Фархор, Бешкент ва Айваҷ низ метавонад роҳи қаторашро ба Афғонистон пайваст созад.
Ҳарчанд муовини аввалин вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки кутоҳтарин масир ба ҷониби Афғонистон пешниҳод шудааст, аммо бо таваҷҷӯҳ ба он, ки ин пешниҳод, ҳанӯз мавриди таъйиди трафҳои дигар қарор нагирифтааст, аз изҳори назари дар ин бора худдорӣ кард. Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан ҷониби Тоҷикистон эълом карда буд, ки роҳи қатор миёни Тоҷикистон ва Афғонистон метавонад аз тариқи гузаргоҳи марзии Панҷи Поён гузарад.
Аммо Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, бо он, ки ин масир ҳанӯз ҳам дар тарҳи Роҳи оҳан миёни Тоҷикистон бо Туркманистон тариқи Афғонистон матраҳ аст, вале ба сабаби дароз шудани тули роҳ, вариантҳои дигаре ба гурӯҳи корӣ, ба хусус ҷониби Афғонистон пешниҳод гардидааст.
Ҳамон гуна, ки ҷаноби Зуҳуров гуфт, гурӯҳи корӣ, ба хусус намояндагони Афғонистон гуфтаанд, ки ин пешниҳодотро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва пас аз он тасмими ниҳоӣ дар бораи масири роҳи қатор миёни се кишвари минтақаро барномарезӣ хоҳанд кард. Аммо ҳамакнун мушаххас аст, ки тули роҳи қатор дар қаламрави Афғонистон масофаи 500 км -ро ташкил хоҳад дод.
Тавофуқот барои сохтмони роҳи қатор миёни Тоҷикистон ва Туркманистон тариқи Афғонистон дар ҳошияи баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Ашқобод, пас аз музокироти раҳбарони ҳар се кишвар ва имзои ёддошти тафоҳум ба даст омад буд. Қарор аст, ки сохтмони ин роҳ дар соли 2015 оғоз шавад.
Сохтмони ин роҳ, барои Тоҷикистон ҷуброни роҳи қатори Чин-Қирғитзистон-Узбакистон ба Афғонистон аст, ки дар аввал Тоҷикистон шомили ин тарҳ буд, аммо баъдан сарфи назар шуд.