Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират тавассути мақомотҳои дахлдори Русия ва Тоҷикистон махзани маълумоти мамнӯъшудагонро дорад, ки он зиёда аз 72 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Ба гуфтаи масъулони хадамоти муҳоҷират, ҳарчанд бархе аз шаҳрвандони кишвар пеш аз сафар ба Русия дар бораи манъ будан ё набудани худ дар шӯъбаҳои ин хадамот муроҷиат кунанд, вале боз нафарони зиёд ҳастанд, ки нофаҳмида ба он кишвар мераванд ва бозпас гардонида мешаванд.
Акбар Холов, як ҷавони тоҷик, ки бори сеюм аст ба Русия меравад, аз ихроҷи ҳамдеҳагонаш аз Русия дар ташвиш шуда, пеш аз сафар ба шӯъбаи хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардааст, то мабодо номи вай ҳам дар рӯихати «гунаҳкорон» ворид шуда бошад. Акбар Холов гуфт, ки ҳафтаи равон ду нафар аз ҳамдеҳагонаш баробари ба фурудгоҳи Маскав расидан аз тарафи маъмурони пулис бозпас ба ватан баргардонида шуданд. Ба гуфтаи вай, дар чунин ҳолат маблағие, ки чипта харидааст зарар мебинад ва ҳамчунин чанд сол боз аз ҳаққи рафтан ба Русия маҳрум мешаванд.
Тибқи маълумоти хадамоти муҳоҷират, соли гузашта ба бахши маслиҳатдиҳиаш 15 480 нафар муроҷиат намуданд. Масъулони хадамоти муҳоҷират мегӯянд, бештари шаҳрвандон оид ба санҷиши маҷбуран берункардан (депортатсия), иҷозаи кор ва патент дар Русия, ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Русия, оид ба пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандони наздикашон ва овардани онҳо ба ватан муроҷиат кардаанд.
Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи фурудгоҳи байналмиллаи Душанбе мегӯяд, дар соли 2013 77 000 шаҳрвандон ба фурудгоҳи Душанбе барои гирифтани маълумот муроҷиат кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин сол ба 9 500 нафар шаҳрвандон ҷавоби манъи рафтан ба Русия дода шудааст.
Муҳаммадюсуф Шодиев гуфт, онҳое ки номашон дар рӯихати ихроҷшудаҳо буданд ва қаблан огоҳ шуда ба Русия нарафтаанд, аз онҳо маблағи беш аз 6 миллион доллар сарфа шудааст.
Қаблан масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон гуфтанд, ки мувофиқи тағйироти нав дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират, ки аз 1-уми январи соли 2014 мавриди амал қарор гирифтааст, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бетабаа дар давоми будубоши қаблиаш дар Русия мӯҳлати 90 рӯзро дар давоми ҳар як давра ба мўҳлати 180 рӯз гузаронидааст, воридоти навбатии ӯ ба мӯҳлати се сол баста мешавад. Яъне, шаҳрванди хориҷие, ки ба Русия бе раводид дохил мешавад, дар давоми се моҳ фаъолияти меҳнатиашро бояд қонунӣ кунад, вагарна баъди ҳар се моҳ сарҳади Русияро убур карда боз аз нав будубошро қонунӣ намудан, дигар муяссар намешавад.
Ба гуфтаи масъулони Хадамоти муҳоҷират, маъмулан қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон баъди ворид шудан ба қаламрави Русия дар давоми се моҳи аввали будубош ва то пайдо кардани ҷойи кори муносиб агар патент ё иҷозатномаи корӣ ба расмият дароварда наметавонистанд, дубора бо роҳи убур кардани сарҳади давлатии Русия бо Украина, Абхазистон, Қазоқистон ва ғайра фаъолияташонро қонунӣ мекарданд. Аммо баъди 1 январи соли 2014 чунин амалиёт имконнопазир мегардид.