Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешбинии муҷозоти сангин барои ҷодугарон


Президенти Тоҷикистон иловаеро барои ворид кардан ба Кодекси ҷиноятии кишвар ба баррасӣ парлумон ирсол кард, ки тибқи он барои сеҳру ҷодугарӣ то ҳафт соли зиндон пешбинӣ шудааст.

То ҳол амалҳои сеҳру ҷодугарӣ дар Тоҷикистон “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” маҳсуб шуда ва барои ин амал танҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон бо нашри хабар аз ҷаласаи ҳукумати ин кишвар дар рӯзи 23-уми сентябр навиштааст, “тибқи иловае, ки ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ҷавобгарии ҷиноӣ барои машғул шудан бо сеҳру ҷодугарӣ хеле шадид карда мешавад, аз ҷумла ба мӯҳлати то 7 сол маҳрум намудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст”.

То соли 2007 дар қонунгузории Тоҷикистон ҳеҷ навъи муҷозот барои сеҳру ҷоду пешбинӣ нашуда буд. Танҳо дар ин сол Маҷлиси намояндагон моддаеро дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова кард, ки бар асоси он афроде, ки ба сеҳру ҷодугарӣ машғуланд, ҷарима хоҳанд шуд. Ҳоло чунин парвандаҳо дар додгоҳҳои Тоҷикистон тибқи моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва афроди муттаҳам ба миқдори аз 600 то 1200 сомонӣ ҷарима мешаванд.

Бори аввал аст, ки аз ҷониби президент чунин як пешниҳоде шуда ва дар сурати тасвиби ин пешниҳод сеҳру ҷодугарӣ ҷиноят ҳисоб мешавад.

Дар давоми чанд соли ахир даҳҳо парвандаи марбут ба “сеҳру ҷоду” дар Тоҷикистон расонаӣ шудааст. Дар ду соли ахир даҳҳо видеое бо номи “Муллои ҷодугар” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои давлатӣ нашр шуд, ки дар он иштироки муллое бо муштариаш дар амали шавҳонӣ намоиш дода мешуд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ду соли ахир беш аз ҳазор сокини Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷодугарӣ ҷарима шудаанд.

Дар хабари Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешниҳоди чанд лоиҳаи тағийру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, “Дар бораи боҷи гумрукӣ”, “Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ”, “Дар бораи монополияҳои давлатӣ”, инчунин як банде барои баррасӣ ва ворид кардан ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро низ ба парлумон ирсол кардааст.

XS
SM
MD
LG