Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе аз Маскав даъват кард, ки нархи "патент"-ро кам кунад


Давлати Тоҷикистон аз Русия дархост карданист, ки арзиши патенти кор барои муҳоҷирони тоҷик камтар ва шароити қабули имтиҳони донистани забони русӣ, асосҳои таърих ва қонунгузориҳои Русия нармтар шавад. Ин шартҳо барои дарёфти иҷозаи қонунии кори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки солҳои охир маҳалли кори садҳо ҳазор нафари онҳо шудааст, ҳатмӣ арзёбӣ мешаванд.

Дар як соли ахир муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз гарон будани қимати патент ё муҷҷавизи кор дар манотиқи мухталифи ин кишвар ва душвориҳои супоридани имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории ин кишвар шикоят

Исми 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба феҳрасти поймолкунандаҳои кодекси маъмурӣ ворид шудааст ва як бахши муҳими онҳо барои нақзи муқаррароти кор ва надоштани патент ихроҷ шуданд

мекунанд. Масалан, тибқи маълумоти ҷониби Тоҷикистон, ҳамарӯза ба ҳисоби миёна дар маркази Сахаровои шаҳри Маскав 1200 нафар ҳуҷҷат месупоранд ва ҳар патент дар шаҳри Маскав 4 200 рубл нарх дорад. Ба иттилои расмии мақомоти Русия, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирон ба будҷаи шаҳри Маскав 6,8 миллиард рубл даромад доданд. Ин, ба қавли шаҳрдории Маскав, бештар аз даромадест, ки аз ширкатҳои сабтиномшудаи нафту газ дар ин шаҳр ворид мекунанд.

Вале бо ин вуҷуд, ба қавли коршиносон, шароити кору зиндагии муҳоҷирон тағйир намеёбад. Муҳоҷирон мегӯянд, ки дар як соли охири баъди ҷорӣ шудани патенти ҳармоҳаи кор шароити кор дар Русия душвор шудааст.

Мушкили дарёфти иҷозати расмии будубош ва кор дар Русия дар як соли охир ҳудуди 200 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум кардааст. Ба ин хотир ҳукумати Тоҷикистон бо як муроҷиати расмӣ мехоҳад аз Русия хостори арзонтар кардани нархи патент барои муҳоҷирони тоҷикро дархост кунад. Ҳамзамон Тоҷикистон мехоҳад дархост кунад, ки талаботи супоридани санҷиш аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои муҳоҷирони кории тоҷик соддатар шавад.

Моёншо Мамадбеков, як масъули Хадамоти муҳоҷирати вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 2 декабр дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Чунин дархост таҳия шудааст ва баъд аз тасвиби он дар ҷаласаи наздиктарини ҳукуматӣ ба ҷониби Русия фиристода мешавад. Воқеан ҳам мо эҳсос мекунем, ки арзиши патенти кор барои муҳоҷирони кории мо гаронӣ мекунад".

Иброҳим Аҳмадӣ, намояндаи вазорати шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон 2 декабр дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ки нархи патент вобаста ба минтақа арзиши мухталиф дорад. Вай афзуд, ки нархи супоридани санҷиш аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия барои муҳоҷирони корӣ дар Маскав 500 рубл аст, вале дар бархе аз вилоятҳои ин кишвар арзиши он то 5-7 ҳазор рублро ташкил медиҳад.

Вай гуфт: "Супоридани санҷиш чандон душвор ҳам нест. Агар шахс ҳудуди 700-800 калимаи русиро донад ва аз 20 савол ба 11-тои он посух диҳад, аз имтиҳон мегузарад".

Аммо соҳибназарон мегӯянд, дар тӯли 25 соли истиқлолият забони русӣ ҷойгоҳи худ дар ҷомеаи Тоҷикистонро аз даст медиҳад ва муҳоҷирони корӣ маъмулан ҳатто 700 калимаи русиро намедонанд. Тибқи иттилои расмӣ, дар 11 моҳи соли ҷорӣ беш аз 441 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия рафтаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 даҳ дарсад камтар аст. Русия мегӯяд, аз ин миқдор каме бештар аз 333 ҳазор нафарашон барои гирифтани патент муроҷиат кардаанд, ки нисбати нишондоди як соли пеш 12 дарсад камтар будааст.

Намунаи саволномаи имтиҳон барои муҳоҷирон
Намунаи саволномаи имтиҳон барои муҳоҷирон

Бо сабаби бекорӣ дар Тоҷикистон бозори кори Русия дар даҳсолаҳои охир маҳалли аслии машғулияту даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон шудааст. Муҳоҷирони тоҷик маъмулан дар соҳаҳое кор мекунанд, ки аҳолии маҳаллӣ бо сабаби кам будани даромадаш чандон моили кор дар онҳо нестанд, аз қабили сохтмон ё соҳаи коммуналӣ.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд аз роҳи музокираву гуфтугӯ бо ҳамкорони русашон онҳоеро, ки, ба қавле “гуноҳҳои сабук” содир кардаанд, аз феҳрасти “сиёҳ”-и қонуншиканҳо берун карда барояшон шароити бозгашт ва кор дар Русияро фароҳам оваранд. Моҳи июл баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Кодекси маъмурии Русия, сафорати Тоҷикистон гуфта буд, ки исми 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба феҳрасти поймолкунандаҳои кодекси маъмурӣ ворид шудааст ва як бахши муҳими онҳо барои нақзи муқаррароти кор ва надоштани патент ихроҷ шуданд.

XS
SM
MD
LG