Ҳакималӣ Ҷӯрақулов тақрибан 10 соли охир барои кор ба Русия мерафт ва ҳар сол фасли тирамоҳ ба зодгоҳаш бармегашт. Аммо имсол кори ин сокини 53-солаи деҳаи Шӯроби афғони ноҳияи Ҳисор дар Русия барор нагирифт. Даҳ рӯз пеш аз мӯҳлати бозгашташ, дар моҳи августи имсол, ӯро боздошт ва ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, то нимаи дувуми август иҷозаи кору иқомат дар Русияро дошт, вале намефаҳмад, чаро маъмурони пулис ӯро боздошт карда 35 рӯз нигоҳ доштанд ва дар ниҳоят ихроҷ намуданд? "То 13 август иҷоза доштам. Даҳ рӯз пеш аз тамом шудани мӯҳлати шиноснома гуфтам, ки ба хона меравам. Не гуфтанд, маро гирифтанд, ронданд, аз ҳаққи вуруд ҳам маҳрум карданд", - нақл кард ӯ.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Ҳакималиро нозирони роҳ дастгир карданд ва ба шӯъбаи умури дохилӣ ва аз онҷо ба додгоҳ бурданд. Ҳакималӣ 35 рӯзро дар боздошгоҳи махсуси муҳоҷирон сипарӣ кард ва дар ҳамин муддат ҳам дуруст шарҳ надодаанд, ки чаро ӯро аз Русия ихроҷ мекунанд.
Вай пас аз пардохти ҷарима ва пайдо кардани пули билети ҳавопаймо, ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ҳакималӣ мегӯяд, тоҷикҳое буданд, ки 5-6 моҳ дар боздоштгоҳи махсус хобанд ва аз он сабаб, ки маблағ барои хариди билети ҳавопайморо надоранд, аз онҷо берун баромада наметавонанд. Дар ҳоли ҳозир қимати билети ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 14 -15 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Ҳакималӣ мегӯяд, то ба ҳол намедонад, ки чаро маъмурони пулис дар Русия ӯро боздошт карданд ва 35 рӯз нигоҳаш доштанд ва дар ниҳоят аз он кишвар ихроҷаш карданд.
Ҳакималӣ мегӯяд, моҳҳои ахир гаштугузори муҳоҷирони корӣ дар кӯчаҳо мушкил шудааст ва ӯ сабаби фишори зиёд ва бадрафтории маъмурони интизомии Русия нисбат ба муҳоҷиронро ба ҳайати вазорати умури дохилии он кишвар даромадани Хадамоти федеролии муҳоҷират тахмин мезанад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҳамин далел дар роҳ БДА ё ГАИ ҳам одамони пиёдагардро манъ мекунад ва ҳуҷҷат мепурсад.
Як сабаби дигар ба қавли Ҳакималӣ, омодагии Русия ба мизбонии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол аст, ки соли 2018 баргузор мешавад ва пеш аз ин мусобиқа Русия аллакай ба "поккорӣ" оғоз кардааст.
Ҳакималӣ мисли ҳазорон муҳоҷири ихроҷшуда акнун дар ҷустуҷӯи кор аст. Мисли Ҳакималӣ аз Русия то кунун бештар аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ихроҷ шудаанд ва ҳаққи бозгашт ба онҷоро надоранд. Ба ғайр аз онҳо тақрибан як миллион нафари дигар дар Русия кору иқомат мекунанд.