Азиз Абдуҳакимов, раиси ширкати давлатии сайёҳии Узбекистон гуфтааст, ки дар моҳҳои наздик кишвараш ва Тоҷикистон қасд доранд маҳдудиятҳои раводидӣ дар омаду рафти сокинони ҳар ду кишварро бекор кунанд. Ҷаноби Абдуҳакимов дар мусоҳиба бо хабаргузории русии "Спутник" гуфтааст, ки ин қарордод дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имзо хоҳад шуд.
Ин масъули ширкати давлатии сайёҳии Узбекистон гуфтааст, ки солона то 200 ҳазор нафар аз Тоҷикистон аз ин кишвар дидан мекунанд. Ҳамзамон ба иттилои раҳбари ширкати давлатии сайёҳии Узбекистон, мақомоти ин кишвар ба манзури рушди ҷаҳонгардӣ зарурати гирифтани виза барои сокинони 15 кишвари ҷаҳонро аз баҳори соли ҷорӣ бекор мекунад.
Иттилоъ дар бораи нияти имзои созишномаи сафарҳои якмоҳаи бидуни раводид ба Тоҷикистону Узбекистон ҳафтаи гузашта пахш шуд. Ин тавофуқ дар пайи сафари Абдулло Орипов, нахуствазири Узбекистон ба Душанбе мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ҳосил шудааст. Як манбаи хабаргузории "Азия-Плюс" дар ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ гуфт, ба зудӣ санад "Дар бораи равуои шаҳрвандон" имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он сокинони ду кишвар ҳақ доранд бе виза як моҳ дар қаламрави якдигар бигарданд. Тибқи муқаррароти феълӣ, шаҳрвандони Тоҷикистону Узбекистон барои сафар ба кишварҳои якдигар бояд танҳо бо раводид сафар кунанд. Гирифтани раводид ҳам шартҳои худро дорад, ки таҳияи он на ба ҳар як шаҳрванд осону роҳат даст медиҳад
Тоҷикистону Узбекистон тӯли беш аз бист соли гузашта муносибати чандон хуби сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ надоштанд. Яхи муносибатҳо баъд аз даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон, дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, каме об шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.