Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раводиди сафар ба Тоҷикистонро арзон карданд, то "меҳмон" бештар биёяд


Бисёре аз сайёҳони хориҷӣ барои дидани кӯҳсор ба Тоҷикистон мераванд.
Бисёре аз сайёҳони хориҷӣ барои дидани кӯҳсор ба Тоҷикистон мераванд.

Дар талоши дигаре барои ҷалби ҳарчӣ бештари саёҳон, ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати раводид, ё виза барои шаҳрвандони хориҷиро дароз кард. Аз ин баъд ҳар хориҷие, ки бо ҳадафи саёҳат, дидор бо аҳли хонавода ва ё хешованд ба Тоҷикистон меравад, метавонад, бо раводиди як дафъаина ду моҳ дар кишвар бимонад.

Дар ин бора Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе суҳбат кард. У гуфт: «Бар асоси раводиди якдафъагӣ, ки арзишаш 30 доллар аст, шаҳрванди хориҷӣ метавонад, 60 рӯз дар Тоҷикистон бимонад. Раводиди чанддафъагӣ, ки 50 доллар нарх дорад, ба хориҷиёне, ки меоянд, имкон медиҳад, давоми ду моҳ чанд маротиба аз кишвар берун рафта, боз ворид шаванд».

Ба гуфтаи вазир, қарор дар бораи дарозтар кардани муҳлати иқомати хориҷиён дар Тоҷикистон аввали моҳи феврал қабул шудааст. Қаблан хориҷиён ҳақ доштанд, бар асоси раводиди якдафъаӣ фақат 45 рӯз дар Тоҷикистон бимонанд.

Ҳадаф аз қарори нави ҳукуматро як саъйи дигар барои ҳавасманд кардани хориҷиён барои сафар ба Тоҷикистон медонанд. Мақомот гуфтаанд, сайёҳӣ барои кишвари бенасиб аз сарватҳои бозоргири табиӣ ба мисли нафту газ, як роҳи хуби пешрафти иқтисодӣ ва боло бурдани некӯаҳволии мардум аст. Ба қавли онҳо, ҷалби бештари сайёҳон ба таъсиси ҷойҳои кории нав ва коҳиши бекорӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Хориҷиён хурсанд шудаанд

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе назари чанд хориҷиро дар бораи тамдиди муҳлати иқомату саёҳат дар Тоҷикистон пурсид. Яке аз онҳо Мартин Урпан, ки аз Индонезия ба Тоҷикистон омадааст гуфт: «Мӯҳлат 45 рӯз буд, аммо дар ин фурсат одам саросема сафар мекунад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст. Махсусан барои тамошои кӯҳҳои Помир вақти бештар лозим аст, то тавонем аз ҷойҳои гуногуни Тоҷикистон ҳам дидан намоем. Хуб аст, ки мӯҳлати раводид зиёдтар шуд».

Сайёҳи австралиягӣ, ки худро Ҷэром муаррифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар дароз кардани муҳлати виза барои хориҷиён хуб бошад, аз сӯи дигар ба нафъи иқтисоди Тоҷикистон аст.

Ҳукумат аз соли 2019 аз замони эълони се соли сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба иҷрои барномаҳое дар ин самт шуруъ кард, аммо мутахассисон ба мушкилоти зиёде ишора мекунанд. Набуди зербунёдҳои муносиб, аз ҷумла меҳмонхонаҳо дар манотиқ, кам будани хати сайри мустақими ҳавоӣ бо кишварҳои дигар, интернети суст, хидматгузории номуносиб дар меҳмонхонаву тарабхонаҳо чанд мушкили на чандон “ҷиддӣ” ба ҳисоб мераванд.

"Пазироии сард аз назди дарвоза"

Афзалшоҳ Ҷабборов, устоди Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки бо саёҳон низ кор мекунад, дар як матлабе гуфтааст, ки ҳар саввумин ҷаҳонгарде, ки вориди Тоҷикистон мешавад, аз муносибати бади кормандони фурудгоҳи Душанбе ва нозирони роҳ шикоят мекунад. Баъзе аз саёҳони хориҷӣ пас аз бозгашт аз Тоҷикистон дар Ютуб ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ришвахории нозирони роҳ ва ё муносибати бад бо онҳо шикоят кардаанд.

Андреа ДаллОлио, раҳбари барномаи “Рушди иқтисоди деҳот” дар Бонки Ҷаҳонӣ дар мусоҳибае бо “Азия Плюс” дар охири соли гузашта гуфтааст, барои пешрафти сайёҳӣ Тоҷикистон бояд корҳои зиёди дигаре анҷом бидиҳад. Ба гуфтаи ӯ: “Сатҳи меҳмондорӣ, дастрасӣ ба обу васоили беҳдоштӣ дар меҳмонхонаҳои деҳот ва иншооти саёҳӣ бояд ба такмилу беҳбуди зиёд эҳтиёҷ дорад. “

Ба гуфтаи Андреа ДаллОлио, як чизи муҳиме, ки ҳоло ҳар саёҳи хориҷӣ ба он эҳтиёҷ дорад, интернети хуб аст, то ӯ пули ҳар гуна хидматгузорӣ аз ҷумла, пули меҳмонхона, иҷораи утоқро бипардозад. Аммо ҳоло шикояти бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз суръати сусти Интренет аст, ки зери назорати ниҳодҳои давлатӣ қарор дорад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳамасола бештар аз як миллион хориҷӣ барои саёҳат ба Тоҷикистон меояд. Ҳисобҳо нишон додааст, ки ҳар хориҷӣ дар давоми камтар аз як ё ду ҳафта дар Тоҷикистон аз 800 то 1400 доллар харҷ мекунад.

XS
SM
MD
LG