Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзалшоҳ Ҷабборов: 45 пешниҳод ба Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон


Афзалшоҳ Ҷабборов ҳангоми роҳбаладии ду ҷаҳонгарди Олмонӣ
Афзалшоҳ Ҷабборов ҳангоми роҳбаладии ду ҷаҳонгарди Олмонӣ

Афзалшоҳ Ҷабборов, устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддини Айнист. Аммо пешави дувум ҳам дорад. Дар таътили тобистона ӯ гардишгарони олмонизабонро дар минтақаҳи гуногуни кишвар роҳбаладӣ мекунад.

Таҷрибаҳои тобистонӣ барояш имкон додаанд, ки дар сари роҳҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон биандешад ва бархе аз пешниҳодҳои худро ба миён гузорад. Вай бовар дорад, ки агар мақомот талош кунанд, риштаи сайёҳиро дар кишвар ба беҳтарин шакл рушд дода метавонанд.

45 пешниҳод ба Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон

Афзалшоҳ Ҷабборов

Ҳар саввумин ҷаҳонгарде, ки вориди Тоҷикистон мешавад, аз муносибати бади кормандони Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ва Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ё худ пулиси роҳ шикоят мекунад.

Барои намуна, дирӯз ду шаҳрванди Ҳоланд, ки бо мошини худ аз Амстердом роҳи Муғулистонро пеш гирифта, ҳоло аз Тоҷикистон мегузаранд, меҳмоннавозии тоҷикон, табиати дилфиреби Тоҷикистон, тозагиидавру бар, ғизои лазиз ситоиш карданд. Онҳо ҳамчунин роҳҳои Тоҷикистонро сутуданд ва гуфтанд, чунин роҳҳо дар кишвари ҳамсояи Ӯзбакистон дида нашудаанд.

Аммо ба суол аз норасоиҳо,гардишгарон дареғ хӯрданд, ки шеваи убури марз ва таваҷҷуҳи зиёдаи пулиси роҳ пасандашон наомадааст. Яке мисол меорад, ки "баъди даромадан аз самти Ӯзбакистон ба хоки Тоҷикистон 5 бор (!!!) гузарномаамонро тафтиш карданд, ки дар ягон ҷои дунё ҳатто дар Курёи Шимолӣ (ҳама механданд) надида будем".

Дуввумӣ мегӯяд, ки 7 давлати Урупоро убур карда, аммо як бор ҳам полиси роҳ (ГАИ) онҳоро нигоҳ надоштааст. Аммо дар Тоҷикистон фақат аз Панҷакент то Душанбе ки ҳудуди як кишвар аст ва фақат 250 км масофа дорад, зиёда аз 7 бор пулиси роҳ онҳро манъ кардааст. "Ҷолибаш ин буд, ки онҳо худашон ҳам намедонистанд, кадом ҳуҷҷати моро бубинанд. Аслан намедонистанд, ки чӣ мехостанд." Сайёҳон бо афсӯс мегӯянд, ки чунин чизеро дар ягон давлати дунё надидаанд.

Ёдам омад, гардишгари дигаре аз Олмон шикоят аз он бурд, ки кормандони Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ба баҳонаи саҳве дар раводидаш ва ин ҳам ба ҷои ҳарфи О навиштани адад 0 (сифр) аввал 50 ва пас аз пофишориҳояш 15 €-ашро гирифта раводиди наваш сохтаанд. Ӯ мегӯяд, аслан ки ин хатогӣ нест ва агар ҳам бошад, аз ман нест, чун вақти гирифтани раводид ман нусхаи гузарномаамро низ равон карда будам. Чаро вақте дигаре номи маро хато нависад товон пардозам?!"

Ин танҳо ду мисоле буд, ки дар як рӯз аз 3 сайёҳ шунидем. Албатта, сафар на ҳамеша осону ҳамвор аст, аммо чунин чизҳо ба ҷараёни омадани сайёҳон ба Тоҷикистон таъсири муайян мерасонанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 2019-2021-ро “Соли рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуд. Ин иқдом хеле саривақти ва зарурӣ буд. Бояд гуфт, ки аз соли 2005-ум ба ин сӯ сафари ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ин ба навбати худ зарурат ва шароити рушди зербинои сайёҳӣ дар кишварро фароҳам овард.

Бубинед, омадани ҳатто як сайёхи хориҷӣ ба иқтисоди кишварҳиссаи худро мегузорад, аз ҷумла чунин ҷойҳои кор ба миён меорад:

  • (кормандони) ширкати саёҳӣ
  • шуъбаи раводиддихии ВКХ
  • ширкати саёҳии дохилӣ
  • ширкати хавопаймоӣ (маҳаллӣ-хориҷӣ)
  • меҳмонхона
  • ронанда
  • мутарҷим
  • рохбалад
  • осорхонаҳо (роҳбалади осорхона)
  • ошхонаву тарабхонаҳо
  • маҷмаъахои варзишиву фарҳангӣ
  • бозору мағозаҳо
  • армуғонхо (сувенир)
  • боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
  • театру кино
  • ошхонаҳои маҳаллӣ (сарироҳӣ)
  • ҳомстей (меҳмонхонаҳои маҳаллӣ)
  • роҳбадади куҳгард
  • куҳнавард
  • ошпази кӯҳистон
  • таъминкунандагони маркуаб
  • ҷангалбонон…

Тавре мебинед, аз омадани як сайёҳ қишрҳои зиёди ҷомеа соҳиби нон мегарданд. Пас хуб аст, агар ҷаҳонгардони бештаре аз Тоҷикистон дидан кунанд! Вале барои ин бояд на танҳо мушкилоти хурд, балки монеаҳои бузургтареро аз сари роҳ бардоранд. Барои ин бояд миёни ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкории наздик ва ҳамарӯза ҷорӣ бошад.

Мо ин ҷо мушкилотеро номбар хоҳем кард, ки ҳамчун роҳбалад шоҳид гаштаем ва ҳам аз забони сайёҳони хориҷӣ шунидаем.

  1. Бунёди ҳочатхонаҳои аз ҷиҳати санитарӣ тоза дар назди гузаргоҳҳои сарҳадӣ. Ба соҳибони ошхонаву тарабхонаҳо додани дастури бунёд ва хуб нигоҳ доштани хоҷатхонаҳои аз ҷихати санитарӣ тоза. Ҳалли ҳамин мушкил дар назди осорхонаву қалъахои таърихӣ ва боғҳои фархангию фароғатӣ.
  2. Корҳои фаҳмондадиҳии аҳолӣ бо ширкати имомхатибони масҷидхо барои дуруст ба роҳ мондани муносибат бо сайёҳон
  3. Ислоҳ намудани навиштаҳои ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои осорхонаҳое, ки фақат ба забони тоҷикӣ ё русӣ навишта шудаанд (англисӣ ҳатман бояд бошад)
  4. Корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба кормандони калъаҳои таърихӣ (мисол Қалъаи Муғи Истаравшан) ҷихати муносибати дуруст ва бо кушодаруйёна бо сайёҳон
  5. Муайян намудани нархи ягона ва дақиқи чиптаҳои даромад ба ҷойҳои таърихӣ
  6. Содагардонидани воридшавӣ ба ҷойҳои таърихии кишвар (зиёдии муҳофизоне, ки дар даромадгоҳ меистанд ва ин боиси нороҳатии сайёҳон мегардад)
  7. Аломатгузорӣ аз роҳи асосӣ ба самти «Қалъаи Бунҷикат» ва «Чилхуҷра» дар ҳудудии ноҳияи Шаҳристон
  8. Аломатгузорӣ аз роҳи асосии Айнӣ – Панҷакент ба самти «Қалъаи Муғ» дар ҳудуди деҳаи Хайрободи н.Айнӣ ва ба самти «Қалъаи Санҳаршоҳ» дар ҳудуди деҳаи Суҷинаи ш.Панҷакент
  9. Доштани роҳбаладони англисзабон дар мавзеъи таърихии «Панҷекати қадим» дар ш.Панҷакент ва осорхонаи ш.Хоруғи ВМКБ.
  10. Таъмир ва дуруст намудани роҳравҳои дохили мавзеъи таърихии «Панҷекати қадим» ва аломатгузории ҳар объекти он.
  11. Андешидани чораҳо ҷиҳати пешгири аз харобшавии девораҳоии лойии мавзеъи таърихии «Панҷекати қадим» аз барфу борон
  12. Таъмир ва дуруст намудани роҳравҳои дохилӣ ва аломатгузории ҳар объект дар ҳудуди мавзеъи таърихии бостонии «Саразм» дар ш.Панҷакент
  13. Таъмири роҳҳои мавзеи Ҳафткули ш.Панҷакент.
  14. Гузоштани ҳадди ақал як қубури обгузар дар байни кулхои шашум ва хафтуми мавзеи Ҳафткӯли ш.Панҷакент
  15. Гузоштани аломату тахтаҳои иттилоотӣ дар ҳар як кӯли мавзеи Ҳафткули ш.Панҷакент
  16. Бехтар кардани сифати хизматрасонӣ дар ҳоумстэйҳо дар мавзеи Ҳафткули ш.Панҷакент
  17. Ташкил намудани ҳочатхонаҳои сарироҳии аз чихати санитари тоза дар мавзеи Ҳафткули ш.Панҷакент
  18. Омӯзонидани муносибати дурусти корбарӣ ба кормандони лагери саёҳии Артучи ш.Панҷакент ва дуруст ба роҳ мондану истифода бурдани ин мавзеи сайёҳӣ
  19. Пешгирӣ кардани ҷангали атрофии “Кӯли Калон” д. Артучи ш. Панҷакент аз нобудшавӣ
  20. Гузоштани аломат ва лавхаи маълумотдихи барои «манораи Варз»-и ноҳияи Айнӣ
  21. Таъмири роҳи самти мавзеи сайёҳии Искандаркул дар худуди ноҳияи Айнӣ
  22. Аломатгузорӣ ба самти шаршараи Искандаркӯл, ки дар тарафи поёноби ин кӯл ҷорист
  23. Омузонидани муносибати дурусти корбарӣ ба кормандони лагерҳои сайёҳии Искндаркӯл ва дуруст ба роҳ мондану истифода бурдани ин мавзеъ
  24. Бехтар кардани сифати хизматрасонӣ, ҳолати гигиенӣ ва чораҷӯи нисбати иншоотҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта дар лагерҳои мавзеи сайёҳии Искандаркӯл
  25. Ташкил намудани хизматрасонихои фароғатӣ дар ҳудуди мавзеи сайёҳии Искандаркӯл
  26. Таъмири роҳи Искандаркул-Саратоқи н.Айнӣ
  27. Омӯзонидани муносибати корбарӣ ба кормандони ҳомстэйҳои д. Саратоқ н.Айнӣ
  28. Хуб намудани сифати ғизо дар ҳомстэйҳои д. Саратоқ н. Айнӣ
  29. Омузонидани муносибати корбарӣ ба кормандони ҳомстэйҳо, беҳтар кардани ҳолати гигиении онхо дар дараи Яғноб, н.Айнӣ
  30. Дар дохили ш.Душанбе: сохтан ва ё аломатгузорӣ кардани роҳҳои дучархаронӣ
  31. Корҳои фаҳмондадиҳи ба муҳофизони бозорҳои ш.Душанбе ҷиҳати муносибати дуруст бо сайёҳони хориҷӣ
  32. Корҳои фахмондадиҳии ба кормандони мақбараи Мир Саид Алии Хамадонии ш.Кӯлоб барои дуруст ба роҳ мондани муносибат бо сайёҳон
  33. Корҳои фаҳмондадиҳии ба кормандони гузаргоҳҳои наздисархадии ВМКБ барои дуруст ба роҳ мондани муносибат бо сайёҳон дар ҳудуди ноҳияи Ш. Шоҳин
  34. Ташкил кардани ошхонаҳои ба талаботи сайёҳон ҷавобгӯ дар ҳудуди шаҳраки Қалаи Хумби н. Дарвоз
  35. Ташкил намудани осорхонаи маҳаллӣ дар маркази ноҳияи Ишкошим
  36. Корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба кисми низомии кумитаи Қушунҳои Сарҳадӣ, ки дар худуди мавзеи таърихии Қалъаи «Қаҳ-Қаҳа» н.Ишкошим мустақаранд.
  37. Аломатгузорӣ ба ҳар объекти дар худуди мавзеи таърихии Қалъаи “Қаҳ-Қаҳа” буда, андешидани чораҳо чиҳати пешгирӣ аз харобшавии девораҳои лойии мавзеъи таърихии Қалъаи «Қаҳ-Қаҳа» аз барфу борон
  38. Аломатгузории ба хар объекти дар худуди мавзеи таърихии Калъаи Ямчуни н. Ишкошим буда
  39. Андешидани чораҳо ҷиҳати пешгири аз харобшавии девораҳоии лойии мавзеъи таърихии Қалъаи “Ямчун”-и н. Ишкошим аз барфу борон
  40. Сохтани пайроҳаи пиёдагард аз рохи мошингузар то ҳудуди Қалъаи “Ямчун”-и н. Ишкошим
  41. Сохтани пайроҳаи пиёдагард аз роҳи мошингузар то ҳудуди мавзеи таърихии Вранг ва катибаҳои сангӣ ё петроглифҳои Лангари н. Ишкошим, гузоштани аломат ва лавҳаи маълумотдиҳӣ дар бораи онҳо.
  42. Сохтани пайроҳаи пиёдагард аз роҳи мошингузар ва гузоштани лавхаи маълумотдихи дар нуктахои баландтарини ағбаҳои Харгушии н.Ишкошим, Найзатош, Қӯйтезак ва Ақ-Байтали ноҳияи Мурғоб
  43. Гузоштани аломат ва лавҳаи маълумотдиҳи дар сари роҳи асоси ба самти мавзеи таърихии «Шахта»-и н. Мурғоб
  44. Сохтани лавҳаи оҳанин дар деҳаи Қаракӯли н.Мурғоб ки бо гузоштани ҳалқа қуллаҳои атрофро нишон медиҳад
  45. Бо шароит ва таҷхизоти замонавӣ таъмин кардани гузаргоҳи сарҳадии Қизил-Арт

Инҳо танҳо мушкилҳои чашмрасеанд, ки мо номбар кардем. Дар маҷмӯъ дар бозори гардишгарии Тоҷикистон садҳо мушкили дигаре низ ҷой дорад.

Яке аз онҳо нарасидани роҳбаладони ватанист. Солҳои охир дар ҳудуди Тоҷикистон аксаран роҳбаладон аз кишварҳои ҳамсояи Ӯзбакистон ва Қирғизистон кор мекунанд. Мушкил фақат ин нест, ки онҳо нони роҳбаладони тоҷикро нима мекунанд, балки роҳбаладон аз кишварҳои ҳамсоя таърихи тамаддуни тоҷиконро намедонанд ё мавзеъҳои таърихӣ ё ҷуғрофиро ба таври худ шарҳ медиҳанд. Ин ҳам маълум нест, онҳо аз Тоҷикистон ситоиш мекунанд ё хайр. Кумитаи рушди сайёҳиро зарур меояд, ки ҷиҳати тайёр кардани роҳбаладони касбӣ барномаи махсусе омода намояд.

Ва бовар бояд дошт, ки Тоҷикистон риштаи сайёҳиро рушд дода, аз он манфиати зиёд ба даст оварда метавонад. Барои ин бояд даст ба кор шуд.

XS
SM
MD
LG