Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон сархатибон ҳам бо мувофиқаи мақомот "интихоб мешаванд" (CАДО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон аз ин баъд на танҳо имомхатибону имомони масҷидҳо, балки сархатибон ҳам бо мувофиқа бо мақомоти расмӣ интихоб мешаванд.

Сархатибон, ки аз ҳисоби рӯҳониёни мӯътабари минтақаи хос интихоб мешаванд, дар масҷидҳои бузурги вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ имоматӣ мекунанд ва дар миёни мардуми эътиқодманд, обрӯи баланд доранд.

Бар асоси қароре, ки ҳукумат охири моҳи август қабул кард, ин рӯҳониён, ки садҳову ҳазорон нафар аз пасашон намоз мегузоранд ва ба мавъизаҳояшон гӯш медиҳанд, бояд мисли имомхатибон дар назди намояндагони Кумитаи дин ва Шӯрои уламои исломӣ имтиҳон супоранд ва сипас ба мақоми сархатибӣ таъйин шаванд.

Дар Тоҷикистон ҳоло тақрибан 3850 масҷид сабти ном шудааст ва ҳар яке аз онҳо хатиб, имомхатиб ва ё сархатиб доранд.

Ҳадаф роҳ надодани муллоҳои камсавод ба минбар?

Дар қарори ҳукумат дар бораи низомномаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим омадааст, ки бояд банди 5-уми низомнома ислоҳ шавад ва ба ҷойи “интихоби имомхатибон” ибораи “интихоби сархатибон ва имомхатибон” ворид шавад.

Сархатибон дар байни мардум эътибори баланд доранд.
Сархатибон дар байни мардум эътибори баланд доранд.

Як манбаъ дар Кумитаи дин рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, тартиби интихоби сархатибон айни интихоби имомхатибони масҷидҳои панҷвақта аст. Яъне номзадии сархатибро, муассисони масҷид, раисони маҳаллаҳо ва пешвоёни суннатӣ пешниҳод мекунанд ва ин номзад то расидан ба мақоми сархатиб аз чанд марҳила мегузарад. Ҳадаф роҳ наёфтани "муллоҳои камсавод" ба минбари масҷидҳо будааст.

“Кумиссиёни коршиносон аз ҳисоби Кумитаи дин ва Шӯрои уламои исломӣ саволҳои марбут ба қонунҳои соҳавӣ, конститутсия ва дигар чизҳо мепурсад. Намояндагони Шӯрои уламои маркази исломӣ паҳлуҳои шаръии масоилро мепурсанд ва донишҳои диниашро месанҷанд. Баъди баҳои мувофиқ гирифтан, метавонад ба фаъолият шурӯъ кунад” – гуфт, намояндаи Кумитаи дин.

Ба қавли ӯ, меъёри интихоби пешвои пайравони дигар динҳо низ чунин аст ва аз меъёри интихоби сархатибон фарқ намекунад.

“Тартиби интихоб як шакл аст, новобаста аз онки масҷиди ҷомеъ аст, панҷвақта аст, масҷиди ҷомеи марказӣ аст, ё калисо аст, фарқ надорад. Умуман интихоби раҳбарони иттиҳодияҳои динӣ чунин сурат мегирад” – гуфт, ӯ.

“Хатибе, ки аз дину давлат дифо мекунад"

Баъзе аз сархатибоне, ки дар масҷидҳои бузурги Тоҷикистон имоматӣ мекунанд, мегӯянд, бо мувофиқаи мақомоти давлатӣ интихоб шудани сархатибон “ҳеҷ ҷойи бадӣ надорад ва ба манфиати ҷомеа аст”.

“Хатибе, ки аз дину давлат дифо мекунад, хатибе, ки дилаш ба ҷомеа месӯзад, метавонад, хатибиву сархатибӣ кунад ва дилу дидаи мардум ҷой бигирад ва мардум ӯро қабул кунад” – мегӯяд, Усмоналӣ Назиров, сархатиби вилояти Хатлон.

Дар Тоҷикистон сархатибон ҳам бо мувофиқаи мақомот "интихоб мешаванд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00
Линки мустақим

Аммо қарори нави ҳукумат дар бораи интихоби сархатибон бо мувофиқа бо мақомоти давлатӣ бешак сабаби интиқоди ҳукумати Тоҷикистон мешавад, ки солҳои ахир барои дахолат ба ҳуқуқи мазҳабӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои динии мардум пайваста танқид мешунавад.

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, дин аз давлат ҷудо аст, вале ба гуфтаи мақомот “танзими муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ зарур аст, зеро агар аз якдигар ҷудо ҳам бошанд, ба ҳам вобастаанд ва бе якдигар буда наметавонанд."

"Даъвати мардум ба итоаткорӣ ба элитаи ҳукмрон"

Ҳафиз Бобоёров, файласуф ва донишманди тоҷик дар як навиштае ба интихоби имомхатибон ҳам пардохта ва чунин талошҳои ҳукумат барои назорати ҳаёти динии шаҳрвандонро, кӯшиш барои мутеъ кардани мардум ба элитаи ҳукмрон меномад.

Ӯ мегӯяд, “Бо ин роҳ, шахсият ва фаъолияти пешвоёни ин масҷидҳо ба қайд гирифта мешаванд, то ки назорат осонтар гардад... Бо санҷиши дониши имомхатиб аз тарафи Шӯрои уламо ва Кумитаи дин дараҷаи муътамадӣ ва вафодории ӯ (ба ҳукумат) низ санҷида мешавад.“

Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров

Донишманди тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар аст, рӯзи 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “Дар чунин системаи муносибатҳои сиёсӣ, дини ислом характери сиёсӣ дорад, фақат бо ин фарқ ки он дар хизмати элитаи ҳукмрони дунявӣ қарор мегирад. Пешвоёни дин, аз ҷумла имомхатибон, ки дар доираи расмӣ эътироф ва қабул шудаанд, нақши машруиятбахшӣ доранд. Яъне бо такя ба аҳкоми динӣ мардумро ба итоаткорӣ аз элитаи ҳукмрон даъват мекунанд.”

Дар воқеъ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд мебинед, ки фарде аз намози ҷумъа мисол меорад, ки имомхатиб баъди намоз, мардумро ба итоаткорӣ, қадрдонии сиёсати давлат ва шукру қаноат аз ончӣ ки доранд, даъват мекунанд.

Назорат бар ҳаёти динии мардум ва масҷидҳо дар Тоҷикистон тақрибан 10 соли пеш шурӯъ шуд. Мақомот мегуфтанд, ки ҳадафи онҳо фақат ҷилавгирӣ аз ифротгароии исломӣ аст, ки бахусус дар байни ҷавонон густариш ёфт.

Интиқоди Тоҷикистон барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ

Худи раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо рӯҳониёнро танқид кардааст, ки ба қонуншиканӣ даст мезананд ва ҷавононро гумроҳ мекунанд. Ӯ соли 2013 зимни суханронӣ аз ҷумла мисол овард, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон як рӯҳонӣ, ки бо номи “Мулло Ҷаббор” маъруф буд, 7 ҷавононро гумроҳ карда ва ба онҳо гуфтааст, ки “кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро кӯрхат мекунад ва касе аз корҳои ҷинояткорон огоҳ намешавад.”

Яъне бо такя ба аҳкоми динӣ мардумро ба итоаткорӣ аз элитаи ҳукмрон даъват мекунанд

Дар Тоҷикистон, ки низомаш дунявӣ аст, бар асоси Қонуни асосӣ дин аз давлат ҷудо эълон шудааст, вале Кумитаи дин, фаъолияти масҷиду дигар иттиҳодияҳои диниро назорат мекунанд. Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, бо мувофиқа интихоб шудани сархатибҳои шаҳру вилояту ноҳияҳо дахолат ба умури масҷидҳо нест, балки тасвиби номзадест, ки мардум худаш пешниҳод кардааст.

Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, ин талошҳои ҳукумат фақат ба хотири ривоҷ додани “исломи давлатӣ” ва роҳ надодан ба дигарандешӣ ва дур нигаҳ доштани он рӯҳониён аз минбар аст, ки сиёсатҳои ҳукуматро танқид мекунанд.

Кумиссиёни озодиҳои мазҳабии Амрико ҳам моҳи майи имсол давлати Тоҷикистонро танқид кард, ки дар фикри "ҷорӣ кардани назорати комил аз болои фаъолияти мусалмонон" дар ин кишвар мебошад.”

XS
SM
MD
LG