Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори хабарнигорони тоҷик осон шуд?


Мақомоти давлатӣ ва масъулони дигар ниҳодҳо дар Тоҷикистон ҳамакнун муваззафанд дар давоми се рӯз ба пурсиши васоити ахбори оммаи ин кишвар посух диҳанд.

Ин меъёр яке аз нукоти муҳим дар тарҳи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-и Тоҷикистон аст, ки дар ҷаласаи парлумони ин кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 12--уми декабр пазируфта шуд.

Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ, иртибот бо ҷомеа ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳ, ки банду фаслҳои онро ба вакилон тавзеҳ мекард, гуфт ин қонун дар давоми беш аз ду сол бо ширкати як Гурӯҳи кории иборат аз рӯзноманигорон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва вакилон 18 бор мавриди баҳс қарор гирифт. Ҷаноби
Олим Салимзода
Олим Салимзода
Салимзода афзуд, ки қонуни мазкур ҷузъитарин масъалаҳои марбут ба фаъолияти васоити ахбори омма ва матбуоти кишварро фаро гирифта ва ҳама гуна имконот ва шароитро баҳри рушди озодии баён ва матбуот дар Тоҷикистон фароҳам месозад.

Ҷаноби Салимзода афзуд, вокуниши сареи ниҳодҳо ва масъулони давлатӣ ба матолиби нашршуда аз мушкилоте буд, ки дар қонуни қаблӣ бозтоб наёфта буд. Аммо ин қонун ҳамагӣ се рӯз вақт барои посух ба навишта ва суоли матбуотро додааст ва дар сурати ғайр нафари масъул бояд ҳатман сабаби таъхирро тавзеҳ диҳад.

Ба гуфтаи ҷаноби Салимзода, "дар қонуни амалкунанда барои дастрасӣ ба иттиллот мӯҳлати муайян зикр нашудааст, ки ин боиси нигаронии журналистон шуда буд. Ба ин масъала дар таҳияи нави қонун дар моддаи 23 равшанӣ андохта шудааст. Барои дарёфти иттиллоъ муҳлати те се рӯз муқаррар шудааст, ки ҷавобгӯ ба ниёзҳои аҳли қалами ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналхалқӣ мебошад."

Олим Салимзода афзуд, бар пояи ин қонун масъалаи дигари баҳсбарангез, яъне тарзи сабти номи васоити ахбори ом дар ниҳодҳои давлатӣ низ мушаххас шудааст ва минбаъд нашрияҳо новобаста аз шакли моликият, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ аз қайди давлатӣ хоҳанд гузашт. Ин айни ҳамон масъалаест, ки доираҳои
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ
Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ
рӯзноманигории Тоҷикистон онро қабул надоранд ва барои ҳаллаш пешниҳоди дигар дода буданд. Ба ақидаи онҳо, чунин шева сабаби номнависи ҷудогонаи муассис ва нашрия хоҳад шуд, ки ҷузъиёти зиёди ҳуқуқиеро ба дунбол хоҳад дошт.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гуфт, вақте як созмони иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ ва ё ҳар ниҳоди дигар ба унвони шахси ҳуқуқӣ сабти ном шудааст, он дар асоси ойнномаи худ ҳаққи таъсиси нашрияро дорад ва дубора нашрияро ба унвони шахси ҳуқуқӣ сабти ном кардан, як монеаи сунъӣ дар роҳи татбиқи меъёрҳои демократист.

Оқои Қаршибоев афзуд, "қонуни мазкур мутаассифона ба он ҳараҷу мараҷе, ки дар ба қайдгирии васоити ахбори омма дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, хотима намегузорад. Вақти баррасии ин масъала мо борҳо таъкид карда будем, ки бояд ҳатман дар қонун меъёре муқаррар карда шавад, ки воситаи ахбори омма метавонад ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ё зерсохтори шахси ҳуқуқии дигар фаъолият карда тавонад. Бо ба амал ҷорӣ кардани меъёри шахси ҳуқуқи будани воситаи ахбори омма, зарур меояд, ки ҳамаи ин васоити ахбори омма аз қайди давлатӣ бигзаранд.»

Ва аммо Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки низ дар баррасии тарҳи ин қонун дар ҷаласаи парлумон ширкат ва суханронӣ кард, гуфт, ки дар муқоиса бо қонуни ҷорӣ, ин қонун аз афзалиятҳое барои рушди матбуот бархурдор аст. Ҷаноби Асрорӣ бо таъкиди ин, ки матбуот набояд аз имконоти худ суиистифода кунад, гуфт, барои ин дар қонуни нав бархе аз бандҳои марбут ба танқиди мақомоти давлатӣ тағйир ёфтаанд:

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон.
«Чунончи дар моддаи шашуми лоиҳа роҳ надодан бо озодии сухан, ки маъноан нусхаи матни моддаи шаши қонуни амалкунанда аст, мафҳуми манъ намудани дарҷи маълумот оид ба халалдор кардани шаъну эътибори давлат ва шаъну эътибори президент истисно гардида ин мафҳум бо ибораи нисбатан боэътимод, аз ҷумла мамнӯъ будани интишорот оид ба халалдор кардани тамомияти марзӣ ва мустақилияти давлат тақвият дода шудааст.»

Вазири фарҳанги Тоҷикистон изофа кард, ки минбаъд дар чаҳорчӯби қонуни нав давлат метавонад ба расонаҳо ёрии молӣ диҳад, дар ҳоле ки ҳамчунин меъёр дар қонуни пешина вуҷуд надошт. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 330 рӯзнома сабти ном шудааст, ки 125 -то он расмӣ ва боқи ҷамъиятӣ мебошанд.

Зимнан, қонуни матбуоти Тоҷикистон бори аввал 14-уми марти соли 1992 қабул шуда то ин муддат се бор дар солҳои 1996, 1999 ва 2000 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Ва аммо қонуни нав танҳо баъди чоп дар нашрияҳои расмӣ, мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG