Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари раиси "Султони Кабир"-ро дигарбора муҳокима мекунанд. ВИДЕО


Акс аз саҳнаи ҳодиса.
Акс аз саҳнаи ҳодиса.

Додгоҳи шаҳри Душанбе парвандаи пурсарсудои писари яке аз афроди сарватманди Тоҷикистонро, ки дар марги ду нафар гунаҳкор дониста мешавад, барои бознигарӣ ба додгоҳи поёнӣ фиристод.

Парвандаи Кабир Кабиров, писари Авазхон Кабиров молики яке аз бозорҳои бузургтарини Душанберо, ки моҳи июл ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шуд, рӯзи 28-уми август дар додгоҳи Душанбе баррасӣ карданд. Ӯро дар нақш доштан дар садамаи мудҳише гунаҳкор медонанд, ки моҳи март бо марги ду ҷавони 19-сола анҷомид.

Аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ на танҳо наздикони Кабир Кабиров, балки волидони яке аз қурбониёни садама ҳам шикоят карда буданд. Хешовандони Кабир Кабиров аз ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ шикоят карда гуфтаанд, ки ҳаштуним соли зиндон ҷазои сахт аст ва бояд сабук ва ё беэътибор карда шавад.

Вакили дифои ин ҷавон Саидмаҳмуд Шарипов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз онки шикояти онҳо барои беэътибор кардани ҳукм қонеъ нашуд, норозист: “Ҷиноят аз беэҳтиётӣ аст ва ҷазоро аз панҷ то 7 соли зиндон пешбинӣ кардааст. Агар изҳори пушаймонӣ бошад ва ҷиноят бори аввал аст, ин ҳолатҳо сабуккунанда аст. Аз нуқтаи назари мо, ҷазои вазнин аст. Ҷиноят аз беэҳтиётӣ шуд, қасдан нест.”

Писари молики "Султони Кабир"-ро аз нав муҳокима мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Ӯ афзуд, ки барои сабуктар кардани ҷазои фарди зери ҳимояташ ба додгоҳҳои болоӣ шикоят мекунанд. Писари молики бозори "Султони Кабир" шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо мошини гаронқимати "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷа ду нафар аз ҳамроҳонаш Саидҷаъфар - Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд.

Айни замон пайвандони Некзод Саҳобиддинзода, ҳукми Кабир Кабировро сабук дониста ва бо шикоят ба Додгоҳи Душанбе хостаанд, ба ӯ ҷазои сахттар ва ҳукми тӯлонитари зиндон дода шавад. Мурофиаи додгоҳӣ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат гирифт ва хабарнигоронро ба он роҳ надоданд.

Модари Некзод, Миҷгона Маҳсиддинова ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаҳои додгоҳии Кабиров дар Додгоҳи Исмоили Сомонӣ ноодилона сурат гирифтааст. Ӯ гуфт, мехоҳад, парванда аз нав таҳқиқ шавад: “Бо суръати баланд рондану дар чароғакҳо манъ накардан ва маст будани Кабир Кабиров дар парванда сабт нашудааст, чунин ҳолатҳо ба назар гирифта нашудааст. Мехоҳам тафтишот аз сари нав гирифта шавад”.

Пайвандони Некзод Саҳобиддинзода мегӯянд, боварӣ доранд, ки Кабир Кабиров ҳини сар задани садама маст будааст ва ин ҳолат аз сӯи муфаттишон холисона баррасӣ нашуда, дар мурофиаҳои додгоҳӣ низ ба ин паҳлӯи қазия аҳамияти ҷиддӣ дода нашуд. Вале Саидмаҳмуд Шарипов, адвокати Кабир Кабиров гуфт, ташхисҳо иддаои нӯшидани машруботи спиртӣ ва маст будани Кабир Кабировро собит накард. Ӯ гуфт, зерҳимояаш замони рух додани садама маст набудааст.

Аваз Кабиров, падари Кабир Кабиров, молики бозори «Султони Кабир» яке аз бозорҳои бузурги Душанбе то кунун ошкоро дар бораи парвандаи писараш суҳтаб накардааст. Саидмаҳмуд Шарипов дар посух ба ин пурсиш, ки мавқеи худи Аваз Кабиров, падари Кабир Кабиров ба садамаи маргбори фарзандаш чист, ҷавоб дод, ки “ӯ мегӯяд, ҳар чиро, ки қонунгузорӣ талаб мекунад, парванда бар асоси ҳамон дида шавад”.

Ӯ ҳамчунин иддаоҳо дар хусуси таъсир расондани падари сарватманд ба тафтиши парвандаи писарро рад кард. Кабир Кабиров ба "вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ" муттаҳам мешуд.

Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе баъди садама гуфтанд, Кабир Кабиров "бо сабаби баланд кардани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанин бархӯрдааст".

Ҳодиса дар маркази Душанбе ва начандон дур аз муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар дили шаҳр рух дод. Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомоти тоҷик ва афроди шинохтаву сарватманд рух додааст. Пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 буд.

Дар ин садама се нафар ҷон бохтанд, аммо мақомот гуфтанд, ҳарчанд мошин мутааллиқ ба Расули Амонуллоҳ буд, дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Дар соли 2016 дар натиҷаи садамаи Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ду нафар ҷон бохтанд. Мақомот мегӯянд, аксари ин садамаҳо аз беэҳтиётӣ сар задаанд. Мунтақидон мегӯянд, ки ин ҳодисаҳо бештар ҳангоми "пойга" ё суръати аз ҳад баланди мошин рух медиҳанд ва на ҳамеша гумонбарон ҷазо мегиранд.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG