Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба писари молики бозори “Султони Кабир”. АКС


Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон зидди Кабир Кабиров – писари Авазхон Кабиров – молики бозори “Султони Кабир” бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ (қисми сеи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон), ки боис ба марги ду нафар шуд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ин моддаи қонуни ҷиноӣ аз панҷ то даҳ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад. ​

Кабир Кабиров шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи “Лексус-450” ба садама дучор шуд ва дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш ҷон бохтанд.

Худи ӯ ва як ҳамроҳи дигараш – Убайдуллоев Саидвалӣ Умаралиевич – бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд. Манобеи огоҳ гуфтанд, ки ҳардуи онҳо дар шуъбаи эҳёгарии бемористони "Истиқлол" ҳастанд.

Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе рӯзи 24-уми март дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ӯ шаби гузашта "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст."

Ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа ва дар наздикии бинои порлумони Тоҷикистон рух додааст. "Дар натиҷаи ин ҳодиса, Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расидаанд", - гуфтанд дар Раёсати корҳои дохилии пойтахт.

Наздикони ҳалокшудаҳо ва хонаводаи Кабиров ҳанӯз дар мавриди ҳодиса чизе нагуфтаанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёре аз корбарон аз қурбониёни ҳодиса ба некӣ ёд карда ва гуфтаанд, ки ҳодиса тасодуф буд. Бархеи дигар мегӯянд, мошин воқеан бо суръати баланд омада, ба симчӯб бархӯрдааст.

Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Моҳи июли соли 2017 дар як изҳороташ президент Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши садамаҳои нақлиётии маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, гуфта буд, ки аз соли 2009 то 2016 дар кишвар беш аз даҳуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух додааст.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик ва афроди шинохтаи кишвар рух додааст. Пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 буд.

Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохтанд, аммо мақомот гуфтанд, ҳарчанд мошин мутааллиқ ба Расули Амонуллоҳ буд, дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

Дар соли 2016 дар натиҷаи садамаи Фаромуз Саидов, писари муовини нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ду нафар ҷон бохтанд. Инчунин чанд садамаи дигари маргбор бо иштироки нозирони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ ва мақомоти дигар рух додааст.

Мақомот мегӯянд, аксари ин садамаҳо аз беэҳтиётӣ сар задаанд.

Мунтақидон мегӯянд, ки ин ҳодисаҳо бештар ҳангоми “пойга” ё суръати аз ҳад баланди мошин рух медиҳанд ва на ҳамеша гумонбарон ҷазо мегиранд.

XS
SM
MD
LG