Ба ҳайати ҳафтнафарии Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), ки ба гуфтаи мақомот, "афроди беҳизб ва бетараф" ҳастанд, дастикам се узви ҳизби ҳокими халқии демократӣ роҳ ёфтаанд. Ин афрод мегӯянд, узвияташон дар ҳизб қатъ шуд ва пайванде ба он надоранд. Ҳайати нав моҳи октябр дар порлумон тасдиқ шуд.
Пештар ҳамаи ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон, ба ҷуз аз Ҳизби сотсиал-демократ, дар кумисюн намоянда доштанд ва баъзан бар сари тасмимҳои ин ниҳоди интихоботӣ баҳсҳо сурат мегирифт.
Масъулони Ҳизби халқии демократии Тоҷикикистон рӯзи 30-юми ноябр тасдиқ карданд, ки узвияти Махфират Хидирзода, Муистон Азизова ва Носирҷон Салимӣ дар ҳизб боздошта шудааст.
- Махфират Хидирзода аз номи ин ҳизб ҳашт сол вакили порлумон буд ва чанд сол фраксияи ҲХДТ-ро дар Маҷлиси намояндагон раҳбарӣ кардааст. Як замон раиси Кумитаи занон ва солҳои ахир муовини раиси вилояти Хатлон буд. Вай охири моҳи октябри имсол баъди пазируфта шудан ба ҳайати Кумисюни интихобот аз мақомаш озод шуд.
- Муистон Азизова то чанд вақт пеш роҳбари бахши ҳизби ҳоким дар шаҳри Турсунзода буд.
- Носирҷон Салимӣ, мудири Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи илмҳо, низ қаблан узвияти ҲХДТ-ро дошт. Фармони аз мақоми раиси пажуҳишгоҳ рафтани ӯ дар нимаи моҳи ноябр содир шуд. Ӯро ташаббускори "Пешвои миллат" унвон гирифтани раиси ҳизби ҳоким, президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
- Абдуҷаббор Қодирзода, муовини аввали раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ акнун муовини раиси Кумисюни марказии интихобот аст.
- Наврӯз Самадзода, ки то соли 2016 дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор мекард, ҳоло раиси дастгоҳи КМИР шуд.
- Узви дигари Кумисюни интихобот ҷомеашинос Юсуфбек Шодмонбеков аст.
- Маҷлиси Намояндагон рӯзи 25-уми октябр Бахтиёр Худоёрзода, раиси пешини дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурро дубора ба унвони раиси КМИРТ тасдиқ кард. Худоёрзода аз соли 2016 боз дар ин мақом аст.
Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, се нафари аввал шаҳодатномаи ҳизбиашонро супоридаанд ва ба иддаои ӯ "дигар ба ҳизб ягон робита надоранд". Ӯ афзуд: "Имрӯз узви ҲХДТ нестанд, чун тибқи талаботи қонунгузорӣ аъзои КМИРТ бояд беҳизб бошад. Дар даврае, ки аъзои комиссияи интихоботӣ ҳастанд, бо ҳизб ягон робита надоранд."
Носирҷон Салимӣ, узви Кумисюни марказии интихобот мегӯяд, узвият дар ҲХДТ бо хоҳиши худаш боздошта шудааст: "То вақте ки дар инҷо кор мекунем, узвиятамон боздошта мешавад. Баъд аз онки аз инҷо меравем, он вақт ихтиёр аст. Вазифаамонро ҳам супоридем."
Вакилони порлумон охири моҳи октябри имсол раис ва аъзои нави Кумисюни марказии интихоботро, ки аз тарафи раиси ҷумҳур пешниҳод шуд, бе баҳс тасдиқ карданд. Мақомот иддао карданд, ба фарқ аз интихоботҳои қаблӣ, ин дафъа на намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ки ҳадафҳои худро дунбол мекунанд, балки афроди "беҳизб" шомили кумисюн шуданд.
Аъзои ин ниҳод дар гузашта аз ҳисоби намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ иборат буд. Бар асоси як тағйирот ба қонун дар тобистони имсол, минбаъд афроди беҳизб шомили КМИРТ мешаванд. Мунтақидон дар вақти қабули ин тағйир гуфта буданд, ки аз ҳайати комиссияи интихоботӣ берун шудани аъзои ҳизбҳои сиёсӣ шаффофият ва беғазарии кори онро зери суол мебарад. Вале тарафдорони тасмим изҳор доштанд, афроде, ки ба ҳеч ҳизбу гуруҳи сиёсӣ мансуб нестанд, метавонанд, бетарафӣ ва шаффофияти кори КМИРТ-ро ба беҳтарин шева таъмин намоянд.
Муаллифони тасмим мегӯянд, ин иқдом бар пояи талаботи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иҷро шудааст. Вале рӯшан нест, дар тавсияҳои созмон афроди беҳизб ё бетарафро чӣ гуна тасвир кардаанд ва меъёри интихоби онҳоро чӣ гуна маслиҳат додаанд ва оё доштани собиқаи ҳизбиро монеа шумурдаанд ё не.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, рӯзи 30-юми ноябр гуфт, вақте се ё қариб ними ҳайати Кумисюни марказии интихобот аъзои як ҳизб ҳастанд, вазъиятро мунсифона арзёбӣ намекунанд.
"Ҳатто агар онҳо пеш ба ҳизб робита доштанд, меъёри бетарафӣ ё одами холис буданро вайрон мекунад. Ин яке аз омилҳои ҷиддӣ аст, ки барои арзёбии интихобот аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, албатта, таъсир мекунад. Ин шаффофияти интихоботро вайрон мекунад," – афзуд ӯ.
Намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон талаб доранд, ки афроди бештари онҳо ба қитъаҳои раъйдиҳӣ ва ҳавзаҳои интихоботӣ роҳ дода шаванд, то назорати интихобот осон ва аз тақаллуби зиёд пешгирӣ шавад. Вале то ҳоло ҳеч яке аз ин ҳизбҳо дар бораи ҳйати нави КМИРТ расман изҳори назар накардааст.
Қарор аст, соли оянда дар Тоҷикистон ду интихобот – порлумонӣ ва президентӣ – баргузор шавад. То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ эътироф накардаанд. Баръакси созмонҳо ва кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чин, ки ба ин интихоботҳо баҳои баланд додаанд ва аз ҳамаи норасоӣ ё қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот чашм пушидаанд.
Тағйири нав дар кори Кумисюни марказии интихобот ин аст, ки раис, муовин ва панҷ узви КМИРТ ҳамакнун аз буҷаи кишвар маош хоҳанд гирифт. То ҳоло ин вазифаҳо ҷамъиятӣ буданд. Ин тасмим низ ба интиқодҳои тунд рӯ ба рӯ шуд. Коршиносон мегӯянд, ба мақоми ниҳоди маошгири ҳукумат гузаштани Кумисюни марказии интихобот мустақилӣ ва бетарафии онро аз байн мебарад.