Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси сармоягузори чинӣ бо "Азия-тур" ва "Ориёнбонк"


Як сармоягузори чинӣ дар Тоҷикистон иддао дорад, корхонаи истихроҷи сурмаро, ки дар мавзеи Чойруқдарони шаҳри Гулистон (Қайроққуми пешин) сохта буд, мавриди ғасби рейдерӣ қарор гирифтааст.

Ҷен Ху А, соҳибкори чинӣ дар Тоҷикистон, молики ширкати “Лен Ху А” ва “Маркази фарҳангии Хитой ва Тоҷикистон” аст. Ӯ мегӯяд, ки корхонаи истихроҷи сурмаро бо харҷи 1 миллион доллар бунёд карда буд. Ба иддаои Ҷен Ху А, роҳбари “Азия-тур” – як ширкати коршарикаш бо тақаллуби чанд ҳуҷҷат корхона ва чанде аз моликияти дигари ӯро гирифтааст ва ҳамакнун корхонаи ӯ дар гарави “Ориёнбонк” дармондааст.

Магар бо ҳуҷҷати тақаллубӣ мешавад, аз бонк қарз гирифт? Ҳоло бонкҳо бе ҳуҷҷат ҳазор доллар қарз намедиҳанд, куҷо расад ба миллион сомонӣ?
Каромат Содиқова

Ба таъкиди Ҷен Ху А моликияти ӯ тавассути як нақшаи қаблан тарҳрезишуда миёни як ширкат ва бонк сурат гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, Каромат Содиқова ном тоҷири тоҷик, ки молики ширкати “Азия-тур” аст, бо як “мактуби кафолатии тақаллубӣ” аз “Ориёнбонк” наздик ба як миллион сомонӣ қарз гирифта, онро барнагардондааст. Дар натиҷа бонк пардохти қарзи ин ширкатро аз соҳибкори чинӣ Ҷен Ху А талаб кардааст.

Радди даъвои соҳибкори чинӣ

Ин соҳибкори чинӣ гуфт, ҳаминак ду сол боз гирифтори баҳсҳои додгоҳӣ бо Каромат Содиқова, молики ширкати “Азия-тур” ва “Ориёнбонк” аст, ки қарзи гирифтаашро бозпас дода натавонистааст. Пас аз баҳсҳои тӯлонӣ дар Додгоҳи иқтисодии Душанбе ва Додгоҳи олии иқтисодӣ моликияти марбут ба ин соҳибкори чинӣ нахуст ҳабс ва баъдан, ба гуфтаи Ҷен И Ху А, бо нархи даҳҳо баробар арзон ба Каромат Содиқова фурӯхта шудааст.

Аммо худи Каромат Содиқова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин иддаои соҳибкори чиниро комилан рад карда, гуфт, баръакс, ӯ аз ҳамкорӣ бо ин соҳибкор зиён дидааст. “Худатон тассавур кунед. Магар бо ҳуҷҷати тақаллубӣ мешавад, аз бонк қарз гирифт? Ҳоло бонкҳо бе ҳуҷҷат ҳазор доллар қарз намедиҳанд, куҷо расад ба миллион сомонӣ?” Ин кашмакаши додгоҳӣ боис ба қатъ шудани фаъолияти корхона ва бекор мондани 130 коргаре шудааст, ки аз 1500 то 2000 сомонӣ маош мегирифтаанд.

Корхонаи истихроҷи сурма
Корхонаи истихроҷи сурма

Хонум Содиқова мегӯяд, воқеан, корхона бекор хоб аст ва агар ин соҳибкори чинӣ қарзи ӯро дар назди бонк бо фоизу ҷаримаҳояш пардохт кунад, омодааст, корхонаро ба ӯ бозпас диҳад. Аммо соҳибкори чинӣ мегӯяд, ҳуҷҷатҳои ба бонк пешниҳодкардаи Содиқова тақаллубӣ ҳастанд. “Ҳуқуқшиносони мо тақаллубӣ будани ин ҳуҷҷатҳоро исбот карданд, аммо додгоҳ онро ба инобат нагирифт. Баъдан мо ширкати хориҷӣ ҳастем ва бонк бояд дар мавриди “мактуби кафолатӣ” дар тамос мешуд. Амволи моро кормандони бонк омада бояд медиданд, ки надиданд”, - мегӯяд Ҷен Ху А.

Хеши раиси ҷумҳур?

Ин соҳибкори чинӣ афзуд, Каромат Содиқова дар ҳамаи зинаҳо ба масъулони додгоҳ аз “номи хеши раиси ҷумҳур” гап зада, онҳоро моил кардаст, ки ҳалномаро ба фоидаи ӯ содир намоянд: “Ин зан ба танҳоӣ наметавонист ба суд таъсир расонда, амволи моро бигирад. Аз паси ӯ нафарони дигар истодаанд. Ӯ дар ҳама ҷо мегӯяд, ки бародари ӯ шахси рақами авввали “Ориёнбонк” аст”.

Ин соҳибкори чинӣ дар таъйиди иддаои хеш мактуберо бо имзои Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк”, ба унвонии Наим Мансурзода –раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ пеш овард ва гуфт, тавассути ин мактуб раиси “Ориёнбонк” ба раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ таъсир расондааст. Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Маҳмудов, роҳбари шӯъбаи даъвоҳои раёсати ҳуқуқии “Ориёнбонк” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, иддаои ин соҳикбори чинӣ дар мавриди “Ориёнбонк” ягон асос надорад. Ӯ гуфт, баҳс миёни ду ширкати алоҳида аст.

Посухи “Ориёнбонк”

“Мо бо ширкати “Лен Ху А” ҳеҷ робита надорем. Ин ширкат танҳо ҳангоми қарз гирифтани “Азия-тур” ҳамчун кафил баромад кардааст. Миёни ин ду ширкат баҳси додгоҳӣ сар зад ва бо қарори додгоҳ амволи ин ширкат ба тавозуни (баланс)-и “Азия-тур” дода шуд. Ин ширкат аз бонк қарздор аст ва фоизҳояш ҳам зиёд шудааст. Мо ин амволро ҳамчун гарави қарзи ин ширкат гирифтем. Ҳамин ки ин ширкат қарзашро дар назди бонк адо кард, ин амволаш баргардонда мешавад”, - гуфт намояндаи “Ориёнбонк”.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, иддаои соҳибкори чинӣ дар мавриди фишор ба додгоҳ низ асос надоранд ва додгоҳ мустақилона ва мутобиқи қонун ҳукм баровардааст. Дар ҳамин ҳол, Ҷен Ху А мегӯяд, агар дар Тоҷикистон муносибат ба сармоягузорони хориҷӣ ба ҳамин минвол идома кунад, сармоягузорони дигар ҳозир намешаванд ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Умеди ягонаи Ҷен Ху А ба пирӯз шудани адолат дар он аст, ки ахиран Оҷонсии мубориза бо фасод ба ӯ иттилоъ додааст, ки нисбат ба Каромат Содиқова тибқи банди 2-и моддаи 340-и Кодекси ҷиноӣ – “тақаллуби ҳуҷҷатҳо бо истифода аз компютер” парванда боз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Аз “Орима”... то “Ином”

Солҳои охир шикваҳо дар мавриди ғасби рейдерии моликият, хонаву манзил ва бизнес дар Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар садо медиҳанд.

Матбуоти маҳаллӣ тайи ҳадди ақалл панҷ соли охир дар мавриди қазияҳои марбут ба шабакаҳои фурӯшгоҳҳои "Орима", бозори "Ином" дар Шаҳритӯс, бозори "Сомон" дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд матлабу гузоришҳо пахш карда буд, ки гуфта мешуд ин тиҷоратҳо мавриди ғасби рейдорон қарор гирифтаанд.

Соҳибкорони тоҷик баъд аз талошҳои бесамари бозпас гирифтани моликияташон дилсард шуда, маъмулан аз он даст мекашанд. Аммо ин сармоягузори чинӣ мегӯяд, то ба охир барои баргардондани бизнесаш дар Тоҷикистон талош хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG