Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асорати ҷангии зодаи Панҷи Тоҷикистон дар Украина (ВИДЕО)


Костенко Вячеслав
Костенко Вячеслав

Сомонаҳои украинӣ аз боздошти як ҷангии ҷудоиталаби зодаи Тоҷикистон дар ҷангҳо барои шаҳри Углегорск хабар медиҳанд.

Сомонаҳои интернетии Украина, аз ҷумла depo.ua ва mukola.net хабар доданд, ки ахиран як ҷангии ҷудоиталаби зодаи Тоҷикистон дастгир шудааст. Дар шабакаи Ютуб видеои панҷунимдақиқаии бозпурсии ин ҷангии асир нашр шудааст.

Ин ҷангӣ, ки худро Костенко Вячеслав Александрович муаррифӣ мекунад, дар ин навор мегӯяд, ӯ дар Тоҷикистон ба дунё омада, аз поёни солҳои 80-ум дар шаҳри Енакиевои вилояти Донетск ба сар мебарад.

Ин ҷангӣ, ки худашро дар хатти ҷанг барои шаҳри Углегорски вилояти Донетск ба нирӯҳои артиши Украина супурдааст, мегӯяд, ӯро моҳи август дар яке аз посгоҳҳои ҷудоиталабони тарафдори Русия ба далели надодани аснод боздошт карда, маҷбуран ба хатти пеши ҷабҳаи ҷанги ҷудоиталабон бо нирӯҳои Украина фиристодаанд.

Ба гуфтаи ин асир, ҷудоиталабон ба хатти пеш сарбозони мисли ӯ “бесоҳиб”-ро фиристода, дар хатти дувум афроди мусаллаҳ бо пулемётҳоро гузоштаанд, ки дар сурати ақибнишинии ҷангиён аз хатти аввал онҳоро бо тири “дӯстона” пас мегардонанд, ки ба ҷанг идома диҳанд: “Моро мисли гӯшти зинда (пушечное мясо) истифода мебурданд. Аз паси мо пулемётчиҳо мерафтанд ва агар ягон кӯшиши фирор аз хатти ҷабҳа мешуд, фармон шуда буд, ки парронанд.”

Дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ, бино ба гуфтаи собиқадорони он ҷанг, нирӯҳои НКВД – пулиси махсуси Шӯравӣ – ҳамин гуна бо силоҳ аскарони Шӯравиро намегузоштанд, ки ақиб бинишинанд.

Ин ҷангӣ мегӯяд, “дар шаҳри Панҷи вилояти Кӯлоби Тоҷикистон ба дунё омада, аз соли 1986 дар Енакиево зиндагӣ мекунам ва дар кони Харламовск кор мекардам. Моро маҷбур ба хатти пеши ҷабҳа бурданд. Ягон тамрини ҷангӣ ҳам надоданд, фақат бел доданд ба дастамон, ки сангар канем. Ман ҳангоми ақибнишинии нирӯҳои “Ҷумҳурии мардумии Донестк” махсус дар яке аз сангарҳо пинҳон шудам, то худро бисупорам.”

Вячеслав Костенко мегӯяд, дар байни ҷудоиталабон шумори зиёди мураббиёни низомӣ аз Русия дида мешавад ва онҳо асосан бо силоҳҳои русӣ мусаллаҳ мебошанд. Ӯ мегӯяд, барои ширкат дар ҷангҳо ба онҳо моҳона аз 300 то 400 доллар маош ваъда карда буданд, вале чанд моҳ боз пули ҷангиёнро надодаанд. Ин ҷангӣ ҳамчунин мегӯяд, ҳар боре ки ба минтақаҳои ҷудоиталаб корвонҳои ёриҳои башарии Русия ворид мешуд, онҳо соҳиби аслиҳаи нав мешуданд.

Ҷудоиталабони тарафдори Русия аз моҳи апрели соли 2014, дар пайи барканории раисиҷумҳури рӯ ба Маскави Украина Виктор Янукович ва тасарруфи нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия, дар вилоятҳои низ бештари аҳолиаш русзабони Донетску Луҳанск бо талаби истиқлоли шарқи Украина исён бардоштанд. Дар Киев ва Ғарб мӯътақиданд, ки ин ҷудоиталабон аз сӯи Русия таҳрику ташвиқ ва бо нирӯву силоҳ ва пул таъмин ва ҳимоят мешаванд. Маскав инро рад мекунад, вале Амррикову Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои муттаҳиди онҳо бо талаби қатъи дахолатҳои Маскав дар низои Украина алайҳи Русия 4 баста таҳримот ҷорӣ кардаанд.

«Толиб» ва «Муҷоҳид»
«Толиб» ва «Муҷоҳид»

Мавзӯи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Украина ва он ҳам аз тарафи ҷудоиталабони тарафдори Русия бори аввал моҳи декабр, дар пайи нашри як навори видеоӣ дар Интернет вирди забонҳо шуд. Бино бар гузориши маҷаллаи интернетии “36on.ru”, портали иттилоотии шаҳри Воронежи Русия, ду нафар гуфтаанд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар шарқи Украина дар сафи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия зидди нерӯҳои давлати Украина меҷанганд. Дар ин навор ду нафар, ки худро «Толиб» ва «Муҷоҳид» аз Тоҷикистон муаррифӣ карданд, мегуфтанд, ки гӯё дар шарқи Украина «барои Иттифоқи Шӯравӣ меҷанганд.»

Сафорати Тоҷикистон дар Украина шаҳрванди Тоҷикистон будани ду нафареро, ки дар як навори видеоӣ аз ширкати худ дар ҷангҳои шарқи Украина ҳикоят кардаанд, рад кард. Аммо дар моҳи январ додситонии вилояти Хатлон нахустин мавриди ҳалокати як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Украинаро эътироф кард.

Муродалӣ Барфиев - дар марказ
Муродалӣ Барфиев - дар марказ

Назарзода Анвар Сайдназар, ёвари додситони вилояти Хатлон рӯзи 8 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Муродалӣ Барфиеви 30-сола аз тарафи ҷудоиталабони Русия дар Украина меҷангид. Ӯ гуфт, ки Муродалӣ аз ҷумлаи нафароне буд, ки вақти ҷангиданаш нисбати ӯ бар асоси моддаи ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва баъди маргаш қатъ карда шуд: “Муродалӣ Барфиев, ки дар гурӯҳҳои оппозитсиюнӣ иштирок карда фавтид, ҷасадаш баргардонида шудааст. Ҳоло маълумоти фаврӣ надорем, ки боз ҳам шаҳрвандони мо дар Украина ҳастанд ё на.”

Муродалӣ Барфиев, ба гуфтаи мақомот, моҳи октябри соли 2014 дар ҷанги Украина кушта шудааст ва баъди ду ҳафтаи маргаш ҷасадаш ба зодгоҳи ӯ, шаҳри Қӯрғонтеппа оварда шуд. Падари ӯ Раҷабалӣ Барфиев, ки дар маҳаллаи Сарчашмаи шаҳри Қӯрғонтеппа ба сар мебарад, ба Озодӣ гуфт, соли 1984 бо сабаби безурётӣ Муродалиро аз серӯзагиаш ба фарзандӣ қабул карда, бо ҳазор умед ба ӯ Муродалӣ ном дод ва ба воя расонд. Ӯ гуфт, Муродалӣ аз соли 2003 барои мардикорӣ ба Русия мерафт ва то раасидани хабари марги писараш ӯ ҳатто намедонист, ки Муродалӣ ба ҷанги Украина рафтааст.

Дар моҳи майи соли 2014 порлумони Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ ислоҳоте ворид кард, ки барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ба ҳайси ҷазо аз 12 сол то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Ин ислоҳот асосан ба хотири пешгирӣ аз рафтани ҷавонони тоҷик ба “ҷиҳод” ба Сурияву Ироқу Афғонистону Покистон ворид карда шуд, вале баъдан маълум шуд, ки зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Украина ҳам дастабакор шудаанд.

Сӯҳбати Озодӣ бо Раҷабалӣ Барфиеро инҷо тамошо кунед:

Падар намедонист, ки писараш дар Украина меҷангад.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:13 0:00

XS
SM
MD
LG