Мақомоти Тоҷикистон барои бори аввали ҳалокати як ҷангии тоҷик дар ҷангҳои Украинаро тасдиқ карданд. Анвар Назаров, ёвари додситони вилояти Хатлон рӯзи 8 январ гуфт, ҷасади ҷангии тоҷик Муродалӣ Барфиев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз тарафи ҷудоиталабони Русия дар Укроина меҷангидааст, ба Тоҷикистон оварда шуда ва ба хок супорида шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Украина аз тарафи ҷудоиталабон аз вилояти Хатлон танҳо як нафар Муродалӣ Барфиев меҷангид,ки дар миёнаҳои моҳи октябр ҷасадашро оварда, инҷо ба хок супориданд.
Анвар Назаров афзуд, аз вилояти Хатлон, ба ҳисоби мақомот, дар Сурия феълан 24 нафар, дар Ироқ 5 нафар ва ва 5 тани дигар дар Афғонистон меҷанганд. Ба гуфтаи ӯ, аксари ин ҷангиён истиқоматкунандагони ноҳияҳои Ҷомӣ ва Қумсангир мебошанд.
Ахиран дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки дар он ду нафар худро "Толиб" ва "Муҷоҳид" ва аз Тоҷикистон муаррифӣ карда, иддао доштанд, ки дар Украина аз тарафи ҷудоиталабон меҷанганд.