Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон воридоти тухмро маҳдуд кард. ВИДЕО


Тоҷикистон воридоти тухм аз хориҷи кишварро маҳдуд кард. ​Як манбаъ дар мақомоти Тоҷикистон рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин тасмим дар пайи шикоятҳо аз сифати пасти тухми воридотӣ гирифта шуд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Воридоти тухмро аз хориҷа ба Тоҷикистон маҳдуд карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Ба қарибӣ барои мо аз маркази савдо тухм оварданд, ки на тамға дорад ва на санаи истеҳсол

“Ҳоло санҷиши сифати тухми мурғи воридотӣ идома дорад. Бояд дақиқ кунем, ки тухми мурғи воридотӣ то куҷо ба талабот ҷавобгӯ аст. Танҳо пас аз анҷоми ташхис маълумоти муфассал ироа хоҳад шуд”, - афзуд манбаъ. Мусоҳиби Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар як моҳи охир воридоти тухми мурғ аз хориҷи кишвар афзуда буд. Ин афзоиш, ба қавли манбаъ, аз ҳисоби тухми мурғи Узбекистон мебошад.

Як ҳафта қабл дар гузаргоҳи шаҳри Турсунзода бозори тухм гарм бурд
Як ҳафта қабл дар гузаргоҳи шаҳри Турсунзода бозори тухм гарм бурд

Дар пайи содда шудани шароити убури марз миёни Тоҷикистону Узбекистон дар як моҳи охир воридоти тухм аз ин кишвар ба Тоҷикистон ба таври назаррас афзуда, қимати ин маҳсулот дар бозорҳои Душанбе ва манотиқи дигари кишвар поён рафта буд. Як ҳафта қабл дар гузаргоҳи шаҳри Турсунзода садҳо қуттии тухми мурғро ба фуруӯш гузошта буданд. Рӯзи 11-уми апрел дар ин гузаргоҳ тоҷирони масолеҳи дигари хӯрокворӣ ва маҳсулоти дигар буданд, аммо аз қуттии тухмҳо ному нишоне набуд.

Қаҳрамон Раҷабалиев, сокини ноҳияи Сариосиёи Узбекистон, гуфт, агар ба онҳо иҷоза дода шавад, метавонанд ба Тоҷикистон тухми арзон оварда, нархҳоро поён баранд. “Дар Узбекистон нархи як баста ё 30 донаи тухми мурғ бо қурби пули тоҷикӣ 12 сомонӣ аст. Агар ба мо иҷозат диҳанд, тухми арзон оварда, нархро барои бародарони тоҷик поён мебарем”, - афзуд ӯ.

Ба Қаҳрамон Раҷабалиев ва даҳҳо соҳибкор аз ду кишвар гуфта шудааст, ки танҳо бо риояи қоидаҳои санитарӣ аз марз гузаронидани тухм иҷоза аст. Баҳодур Қурбонов, шаҳрванди дигари Узбекистон, мегӯяд, мақомоти тоҷик ба онҳо гуфтаанд, бо сабаби гарм шудани ҳаво тухм зуд вайрон мешавад ва бояд танҳо дар мошинҳои махсуси дорои яхдон ворид карда шавад. Ҳамчунин аз онҳо хоста шудааст, ки боҷи гумрукиро ҳам супоранд.

Аммо соҳибкорон дар марзи ду кишвар мегӯянд, тиҷорати онҳо бисёр хурд аст ва қудрати якбора овардани маҳсулоти зиёдро надоранд. Аз ҳама муҳим, фурӯшандаҳо мегӯянд, бо супоридани маблағи нақлиёт ва ҳам боҷи гумрукӣ нархи тухм тақрибан ба қимати бозорҳои Тоҷикистон баробар мешавад ва овардани ин навъ маҳсулот дигар фоида намеорад.

Гузаргоҳи марзии шаҳри Турсунзода. Рӯзи 11-уми апрел. Бастаҳои тухм мушоҳида намешавад
Гузаргоҳи марзии шаҳри Турсунзода. Рӯзи 11-уми апрел. Бастаҳои тухм мушоҳида намешавад

"На тамға дорад, на санаи истеҳсол"

Тоҷикистон воридоти тухми мурғро дар ҳоле маҳдуд мекунад, ки мутахассисон мегӯянд, тухми хориҷӣ ба чандин талабот ҷавобгӯ нест. Ҷаъфар Ҳукуматуллозода, сардори Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзӣ мегӯяд, камбуди асосии тухми воридотӣ ин надоштани тамға ва санаи истеҳсол аст.

Ба қавли Ҳукуматуллозода, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, бояд ҳамаи маҳсулоти ғизоӣ тамғагузорӣ шавад. Талаботе, ки ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, на дар ҳамаи тухмҳои воридотӣ риоя мешавад. "Тамғагузорӣ на дар борҷома ва на дар танаи тухм нест. Ҳол онки мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳам дар танаи тухм ва ҳам дар баста (коробка) санаи бастабандӣ ва мӯҳлати истеъмол бояд дарҷ гардида бошад. Ба қарибӣ барои мо аз маркази савдо тухм оварданд, ки дар тухм ягон номнавис нест", - афзуд Ҷаъфар Ҳукуматуллозода.

Сардори Маркази ташхиси маҳсулоти хӯрокаворӣ ва кишоварзӣ инчунин, гуфт, дар баъзе аз тухмҳои воридотӣ ҳатто суроғаи ҳуқуқии истеҳсолкунанда ҷой дода нашудааст.

“Маҳдудият роҳи ҳал нест, аммо...”

Хабари маҳдуд шудани воридоти тухми мурғ ба Тоҷикистон дар доираи иқтисодшиносон баҳсҳоеро ба вуҷуд овард. Бархе агар инро тасмими Тоҷикистон барои ҳимояи манфиати истеҳсолкунандагони дохилӣ номанд, ҷониби дигар мегӯянд, дар шароити иқтисоди бозоргонӣ маҳдудкунӣ ба ҳеҷ ваҷҳ роҳи ҳал нест.

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгари масоили минтақавӣ аз вилояти Суғд мегӯяд, паст рафтани нархи маҳсулот барои аҳолӣ хуб аст, аммо дар як вақт ҳар кишвар ҳақ дорад бозори дохилиашро ҳифз кунад. “Вақте нархи хӯроки парранда дар Тоҷикистон гарон аст ва агар тухм аз берун дохил шавад, маҳсулоти Тоҷикистон метавонад рақобатпазир набошад. Аз ин нуқтаи назар давлат ҳатман бояд чорае меандешад, то бозор ва манфиати имтеҳсолкунандаи дохилӣ ҳимоя гардад”, - шарҳ дод ӯ.

Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, маҳдуд кардани воридоти маҳсулот танҳо хоси Тоҷикистон нест. Масалан Узбекистон, ба қавли ин коршинос барои ҳифзи бозори дохилиаш, баровардани чанд намуди маҳсулот аз қабили шакар, гӯшт ва равғанро ба миқдори зиёд манъ кардааст.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

Аммо бархе аз таҳлилгарони дигар мегӯянд, агар ҳадафи мақомоти тоҷик ин ҳимояи истеҳсолкунандагони дохилӣ буд, пас, беҳтар аст ба онҳо сабукӣ бидиҳад, то рақобатпазириашон боло равад.

Бо якбора боз шудани марз ва ворид шудани маҳсулоти арзони истеҳсоли Узбекистон гаронии нарху наво дар бозорҳои Тоҷикистон ошкор шуд ва ба даромади тоҷирони тоҷик асар кард. Чунин пастубаландиҳо дар нарху вазъи бозор пешгӯишаванда буд ва бархе коршиносон мегӯянд, мақомоти тоҷик ба хотири ҳифзи тавозун дар фазои бозор роҳи ҷилавгирӣ аз номуайяниҳо дар даромади истеҳсолкунандаҳои дохилиро андеша мекарданд.

Қимати тухми мурғ дубора боло меравад?

Хабари маҳдуд шудани воридоти тухми мурғ пеш аз ҳама сокинони оддиро нигарон кардааст, ки аз поин рафтани нархи он хушҳол буданд. То як моҳи пеш қимати як баста тухми мурғ дар бозорҳои Душанбе то ба 27 сомонӣ мерасид. Вале дар пайи содда шудани шароити убури марз миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, воридоти ин навъи маҳсулот ба Тоҷикистон афзоиш ёфт ва сокинон дар Душанбе як баста тухмро бо қимати 16-17 сомонӣ мехариданд. Ҳоло тахмин зада мешавад, ки нархи тухми мурғ дар бозорҳои кишвар дубора ба асли худ бармегардад. Давоми ду рӯзи ахир аллакай қимати як баста ё 30 донаи тухми мурғ аз 17-18 ба 20 сомонӣ расидааст.

Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар кишвар 100 корхонаи бузургу кӯчаки паррандапарварӣ фаъоланд, ки 80 дарсади тухми мурғи мавриди ниёзи сокинони кишварро тавлид мекунанд. 20 дарсади тухми мурғ ба бозорҳои Тоҷикистон аз Покистону кишварҳои дигари минтақа ворид мешавад.

XS
SM
MD
LG