Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Русия нафақаи муҳоҷиронашро талаб кард


Ҷониби Тоҷикистон ба Русия шарт гузоштааст, ки Созишномаи реадмиссияро танҳо баъд аз ҷудо шудани пули нафақаи муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар имзо хоҳад кард.

Русия Созишномаи реадмиссияро ба Тоҷикистон супурдааст ва мехоҳад, ки Душанбе ҳарчӣ зудтар онро ба имзо расонад. Вале ин дафъа Тоҷикистон гуфтааст, созишномаро ба шарте имзо хоҳад кард, ки агар Русия таъмини ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон, яъне нафақаи онҳоро ба ӯҳда гирад.

Ҳисомиддин Қурбонов, омӯзгори собиқи синфҳои ибтидоӣ, қариб 15 соли умри худро дар муҳоҷирати корӣ дар Русия сипарӣ кардааст ва акнун бо наздик омадани синни нафақа ва кам-кам аз даст додани ҳавсалаи корӣ намедонад, дар давраи пирӣ барои гузарони зиндагияш чӣ чора андешад. Вақте Қурбонов дар ҷустуҷӯи кор ба шаҳри Перми Русия рафт, 42-сола буд ва он вақт дар сар андешаҳои дигар дошт.

Шабу рӯз дар ин бора фикр мекард, ки чӣ тавр аҳли хонаводаи худро дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон аз мушкили нодорӣ наҷот диҳад. Пуле ба даст меовард ва ба хонаводааш мефиристод. Тамоми ин солҳо машаққати маҳрумият аз Ватан ва дурии хонаводаро таҳаммул мекард. Ҳар сол фикр мекард, ки боз як соли дигар кор мекунад ва ба назди зану фарзандонаш бармегардад. Вале ба ин ҳар сол як соли дигар изофа мешуд, то вай ба синни 58 расид.

Коршиносони умури муҳоҷират чунин рафторро корнамоӣ ва ҳатто қаҳрамонӣ арзёбӣ мекунанд. Аммо дар давраи пирӣ подоши ин қаҳрамонӣ дар Ватан чӣ хоҳад буд?

Чунин ба назар мерасад, ки дар шароити кунунӣ подоши он танҳо маҳрумият аз нафақаи пиронсолист. То ҳол на ҷониби Русия ва на ҷониби Тоҷикистон дар бораи сарнавишти ояндаи чунин муҳоҷирони солманд тасмими ҷиддӣ нагирифтаанд.

Ҳисомиддин Қурбонов танҳо нест. Ӯ як тан аз артиши бузурги муҳоҷирони солманд аст, ки бо гузашти 20 сол аз оғози раванди муҳоҷират сол то сол шумораашон афзоиш меёбад. Ин муҳоҷирон барои Русия нерӯи сиёҳи корӣ мебошанд, ки бо обилаи дасташон манзилҳову корхонаҳо бунёд шудааст. Барои Тоҷикистон, ба қавле, ноновари даҳҳо ҳазор хонавода мебошанд, ки ҷомеаро аз бӯҳрони иҷтимоӣ наҷот додаанд.

Моҳи июни соли ҷорӣ, вақте Русия пешнависи созишномаи реадмиссияро ба Тоҷикистон супурд, Тоҷикистон шарти худро пеш гузошт ва гуфт, дар иваз Маскав аз ҳисоби даромадҳое, ки муҳоҷирони тоҷик ба Русия меоранд, яъне аз патент гирифта то пардохтҳои дигар, як миқдор маблағро бояд ба фонди нафақаи онҳо гузаронад. Ҷониби Русия ин пешниҳодро то ҳол гӯё нодида мегирад.

Светлана Ганнушкина, раиси Кумитаи “Гражданское содействие” ва раҳбари шабакаи “Миграция и Право” дар Маскав мегӯяд, бар асоси қонунҳои мавҷудаи Русия, худи муҳоҷирон бояд “ғами худро бихӯранд”, ба фондҳои махсус муроҷиат кунанд ва барои нафақаи оянда аз ҳисоби худ як миқдор маблағ гузаронанд.

Абдумаҷид Сурхаков, корманди масъули Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони кории кишварҳои ИДМ дар Маскав мегӯяд, то солҳои охир санади ҳуқуқӣ дар бораи таъмини нафақаи муҳоҷирони корӣ вуҷуд надошт. Вале ҷонибҳо ду-се сол пеш ба Созишнома дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон дар кишварҳои якдигар, ки соли 2004 имзо шуда буд, илова ворид карданд. Оқои Сурхаков мегӯяд, “дар яке аз ин иловаҳо гуфта мешавад, ки дар бораи таъмини нафақаи муҳоҷирони кории ҳар ду кишвар созишномаи алоҳида ба имзо расад. То имрӯз ягон хел созишнома байни Тоҷикистон ва Русия дар бораи таъмини нафақа ба имзо нарасидааст.”

Сурхаков меафзояд, бар асоси қонунҳои мавҷуда ҳар корхона ва ё ширкате, ки дар он муҳоҷир кор мекунад, бояд ба фонди нафақаи вай аз ҳисоби даромади корхонааш 23 дарсад маблағ гузаронад. Ин кор танҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки агар муҳоҷири корӣ ҳангоми даромадан ба кор бо корхонаи мазкур қарордоди ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ имзо карда бошад. Дар он сурат ин маблағ дар фондҳои махсус ҷамъ мешавад ва дар сурати имзои созишномаи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон фондҳо ин маблағро ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд ва аз ҳамон ҳисоб муҳоҷир нафақаи худро баъд аз бозгашт ба Ватанаш мегирад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки корфармоёни Русия аз чунин муҳоҷирон аксар вақт дурӣ меҷӯянд ва худи муҳоҷирон ҳам барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб аз қарордоди ҳифзи иҷтимоӣ даст мекашанд ва ба ин тартиб худро аз нафақаи ояндаашон маҳрум месозанд. Вале тибқи қонунҳои нави муҳоҷират ҳар корхонае, ки муҳоҷирро қонунӣ ба кор мегирад, ҳатман бояд бо вай қарордоди ҳифзи иҷтимоӣ низ имзо кунад, он гуна ки бо шаҳрвандони Русия имзо мекунад, вагарна худи корхона ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ҳоло тибқи қонуни нави муҳоҷиратии Русия патент ҷорӣ шудааст ва он ҳам иҷозаи қонунии кор ба шумор меравад. Вале дар баробари патент бояд муҳоҷири корӣ бо корхонаи худ қарордоди ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ низ имзо кунад.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи раёсати муҳоҷират дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи худ ба парлумон 23 январи соли 2015 таъкид кард, ки то поёни соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон пешнависи қонун дар бораи муҳоҷирати кориро барои тасвиб омода кунад ва ҳоло пешнависи қонун тақрибан таҳия шудааст. Дар он масъалаи таъмини нафақаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст. Дар пешнависи қонун гуфта мешавад, ки барои таъмини нафақаи муҳоҷирони корӣ бояд фондҳо ташкил шаванд ва муҳоҷирон дар давоми солҳои кор дар Русия ба ин фондҳо маблағи муайян мегузаронанд ва он замонати дарёфти нафақа дар давраи пирӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG