Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Тоҷикистон барои музокира бо Узбакистон муайян шуд


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов. Душанбе, сентябри соли 2014
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов. Душанбе, сентябри соли 2014

Ҳайати Тоҷикистон дар гуфтушунид бо ҷониби Узбакистон мушаххас шудааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, ба ин ҳайат роҳбарони Хадамоти гумрук, Вазорати нақлиёт, рушди иқтисод ва "Барқи тоҷик" шомиланд.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбакистон, ки қарор аст даҳаи севуми июни соли ҷорӣ баргузор шавад, мушаххас шудааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, ин ҳайатро Давлаталӣ Саид -- муовини нахуствазир роҳбарӣ карда, ба он Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумрук, Ҳикматулло Неъматзода – вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Шералӣ Ганҷалзода -- вазири нақлиёт, Шавкат Бобозода -- вазири саноат ва технологияҳои нав, Парвиз Давлатзода – муовини вазири умури хориҷӣ, Рустам Раҳматзода – раиси "Барқи тоҷик" ва Комил Мирзоалаиев, раиси ширкати "Роҳи оҳан" шомиланд. Инчунин, дар ин гуфтушунид раҳбарони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Тоҷиктрансгаз" иштирок хоҳанд кард.

Ҷониби Узбакистонро дар ин ҷаласа Рустам Азимов, муовини аввали нахуствазири он кишвар роҳбарӣ хоҳад кард. Ин нишасти байниҳукматии Тоҷикистону Узбакистон баъди шаш соли танаффус баргузор мешавад.

Дар охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ расонаҳои наздик ба ҳукумати Узбакистон гуфтанд, ки ин моҳ дар Тошканд ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон мегузарад. Бори охир нишасти ин ҳайати дуҷониба дар моҳи феврали соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷараён ёфт ва аз он ба баъд дар кори ин созмон танаффуси тӯлонӣ ба миён афтод.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон барои эҳё ва беҳбуди равобити байни ду кишвари ҳамсоя як қатор пешниҳодҳоро ба Тошканд фиристода буд, ки яке аз онҳо эҳёи хатти ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд ва ҳаракати автобусҳо дар байни шаҳру навоҳии ҳамсарҳад, содда кардани раводиди сафар барои шаҳрвандони ду кишвар ва монанди инҳо иборат буд.

Ҳоло дар маҷлисҳои қонунгузори ду кишвар ин андеша баррасӣ мешавад, ки бояд "Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ"-и Тоҷикистону Узбакистон таъсис ёбад.

То кунун танҳо ду ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шудаанд - яке дар 22 августи соли 2002 дар Душанбе ва дигаре 18 феврали соли 2009 ва он ҳам дар пойтахти Тоҷикистон.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон танҳо пас аз сафари Ислом Каримов ва иштирокаш дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, ки моҳи сентябри соли гузашта дар Душанбе доир шуд, рӯ ба нармиш овард. Ин равобит дар давраи эълони истиқлолияти ду кишвар дар соли 1991 ба ин сӯ на ҳамеша ҳамвор буд, аммо пас аз азми Тоҷикистон ба сохтани нерӯгоҳи барқи обии Роғун вориди як марҳилаи сангин шуд. Сараввал Узбакистон дар равуои қаторҳои роҳи оҳани Тоҷикистон монеа гузошт ва баъдан боҷи транзитиро барои ҳамсояаш ба таври то 60 дарсад боло бурд.

Хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон тариқи қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна рақобати Тоҷикистону Узбакистонро боз ҳам афзоиш дод. Узбакистон бо баҳонаи таркиш дар яке аз пулҳои қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг -- танҳо роҳи оҳан ба вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистонро тахриб намуд. Ин қитъаи роҳ Тоҷикистонро барои кишварҳои узви НАТО дар амри берун кашидани аслиҳаю таҷҳизоти ҳарбӣ пураҳамияттар мекард.

Дар натиҷаи ин, солиёни мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта, дар соли 2013 ҳамагӣ 4,6 миллион долларро ташкил дод. Барои муқоиса, тиҷорати Тоҷикистон бо ҳамсояи дигараш -- Афғонистони ҷангзада дар соли 2013 ба 174 миллион доллар расидааст. Яъне 40 маротиба бештар аз табодули молу коло байни Душанбеву Тошканд.

Бо оғози нармиш дар аввали соли 2015 гардиши мол байни ду давлат 11% боло рафт ва сафари шаҳрвандони Узбакистон ба Тоҷикистон низ афзоиш ёфта, танҳо дар се моҳи соли равон бештар аз 19 ҳазор шаҳрванди Ӯзбакистон ҳамчун сайёҳ вориди Тоҷикистон шудаанд, ки ин дар қиёс ба соли гузашта то чаҳор баробар бештар будааст.

XS
SM
MD
LG