Дар маркази маъмурии Хатлон бузургтарин вилояти Тоҷикистон, се корхонаи истеҳсоли арақро барои роҳ додан ба хато зимни истеҳсоли машрубот ҷарима кардаанд, яке дигар барои ду сол аз ҳаққи фаъолият маҳрум шудааст.
Ба гуфтаи мақомот, корхонаҳои истеҳсоли машрубот, “Тоҷикистон”, “Кӯҳсори Хатлон”, “Хуррамзамин” ва “Форсиён”, миқдори алкоҳол дар таркиби арақро кам нишон додаанд ва ё онро дар шишаҳои ғайристандартӣ фурӯхтаанд.
Шодимат Раҷабов, як намояндаи “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон рӯзи 24-уми феврал дар ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо корхонаҳои истеҳсоли арақро тафтиш кардаанд, то бубинанд, ки оё қоидаву меъёрҳои истеҳсол риоят мешавад, ё не.
"Санҷишҳо бо ҳамкории мақомот баргузор шуд, намунаҳоро оварда санҷидем, ки аз рӯи қувватнокӣ ва ҳаҷми рехт маҳсулоти ғайристандартӣ дониста шуд. Барои ба талаботҳои техники ҷавобгӯ набуданашон, нисбаташон чораҳои маъмурӣ дидем. Ба мақомот пешниҳод кардем. Ҷарима шуданд, мушкилашонро ҳал мекунанд ва баъдан корашонро идома медиҳанд" – гуфт, Шодимат Раҷабов.
Айни замон ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, арақу дигар анвои нӯшокиҳои спиртии истеҳсолшуда дар ин корхонаҳо, аз лиҳози бехатарӣ ба талабот ҷавобгӯ будааст, ки бисёр муҳим аст.
Раҷабалӣ Одинаев, роҳбари ҷаъмияти саҳомии "Кӯҳсори Хатлон" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ корхонаи онҳоро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.
Ӯ афзуд: "Сифати шароби мо бад набуд, тибқи талабот бояд аз 37 градуст паст набошад, аз мо зиёд буд. Як бор ҷарима супоридем, 15 ҳазор сомонӣ“
Ба гуфтаи Раҷабалӣ Одинаев, камбудии дигаре, ки дар маҳсулоти онҳо ёфтаанд, ҳаҷми ками арақ дар шиша будааст. Вале мегӯяд, ӯ инҷо мушкил дар зарфҳои шишагие, буд ки онҳо аз Хуҷанд харидаанд ва дар чанд шиша ченаки моеъ мутобиқ ба меъёр набудааст.
Ҳоло “Кӯҳсори Хатлон” барои ду сол аз ҳаққи тавлиди арақ маҳрум шудааст. Дар Хатлон имсол барои 15 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ иҷозаи фурӯш додаанд ва ин маҳсулот дар дохил ва берун аз вилоят фурӯхта шудааст. Дар худи вилоят, муштариён бештар арақ ва нӯшокиҳои спиртии истеҳсоли Хуҷанду Душанберо мепурсидаанд.
Нозим, фурӯшандаи мағозаи "Абуша" мегӯяд, харидорон майли зиёд ба арақи истеҳсолкунандагони дохилӣ надоранд.
Ҷарима шуданд, мушкилашонро ҳал мекунанд ва баъдан корашонро идома медиҳанд.
"Мебинанд, ки дар Хатлон тайёр шудааст намехаранд, ҳарчанд сифаташро намебинанд ё намедонад. Бештар машруботи спиртӣ аз Хуҷандро мехаранд"- мегӯяд, ӯ.
Нӯшокиҳои спиртии истеҳсоли Хатлон арзонтар аст, чун барои интиқоли он харҷи зиёд лозим нест, вале бо вуҷуди муштариён арақу нӯшокиҳои спиртии маъруфро мехаридаанд. Маъмултаринашон "Шоҳона" ва "Тоҷикистон" будааст.
Дар Тоҷикистон истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ сол ба сол камтар мешавад. Бино ба гузориши Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аҳолии Тоҷикистон дар муқоиса ба тамоми сокинони дигар кишварҳои шӯравии собиқ машрубот истеъмол мекунанд. Бар асоси ин гузориш аз соли 2017, сари ҳар як сокини кишвар солона 2.9 литр спирти тоза рост меояд.