Пешниҳоди пешбарии номзадии сарвари феълии давлат нахуст аз ҷониби Мавзуна Чориева, қаҳрамони Осиё ва барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 садо дод. Мавзуна, ки куртаи чакан дар тан ба минбари анҷуман баланд шуд, гуфт, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба хотири ободии кишвар пешниҳод мекунад ва афзуд: «Ман хушбахттарин ҷавони замони истиқлол ҳастам. Ман чун як модар, як зан, як варзишгар мехоҳам фарзандам дар чунин давлати озоду обод ба воя расад». Вакилони анҷуман аз ҷой бархоста, пешниҳоди Мавзуна Чориеваро бо кафкӯбиҳо пазируфтаанд.
Маликшоҳ Неъматов, раиси Иттифоқи ҷавонон ва ҳамзамон Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон кафкӯбии вакилонро далели ҳамраъйии онҳо бо пешниҳоди Мавзуна арзёбӣ намуда гуфт, ки пешниҳоди Мавзуна пешниҳоди одӣ нест – пешниҳоди як хонуми варзишгарест, ки ба таъбири ӯ, “аз ҳамаи неъматҳои соҳибистиқолии Тоҷикистон баҳраманд шуда ва шоҳиди пешрафтҳои кишвар аст.”
Маликшоҳ Неъматов афзуд: «Якдилона қабули шудани пешниҳоди Мавзуна Чориева далели он аст, ки мо ба қадри ҷавонмардӣ мерасем. Ба қадри неъмат мерасем. Ба қадри талошҳо мерасем. Мо чашм дорем, мо дил дорем. Ҳар чизе, ки мешавад, дар хонаи мо мешавад. Агар мо ба қадри дастовардҳо мерасем, мо ҷавонмард ҳастем».
Чанд вакили дигари анҷуман аз шаҳру ноҳияҳои кишвар низ дар суханрониашон ҷонибдории худро аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд ва ба аҳли толор пешниҳод карданд, ки дар интихобот бо шиорҳои «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон ва Эмомалӣ Раҳмон барои миллат», «Зинда бод Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон» ширкат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Кабирҷон Ҷӯраев, муовини аввали раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфта буд, дар анҷуман 10 номзад пешниҳод хоҳад шуд. Аммо баъди анҷуман Кабирҷон Ҷӯраев ба Радиои Озодӣ ин гуфтаҳои худро чунин шарҳ дод: «Ман нагуфтаам, ки мо 10 номзад дорем. Пешниҳоди номзад дар ихтиёри вакилон аст. Хоҳанд, як нафарро пешниҳод мекунанд, хоҳанд 10 нафарро.»
Дар асоси Сарқонуни Тоҷикистон, ҳар нафари аз 35-сола боло, ки забони давлатиро медонад ва камаш даҳ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст, метавонад номзадиашро ба мақоми президентӣ пешниҳод намояд. вале Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятиест, ки дар қатори ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ваколати пешниҳоди номзад ба мақоми президентиро дорад, вале ин бор ҳам номзадеро аз миёни ҷавонон пешниҳод накард.
Нозирон мегӯянд, чунин сурат гирифтани кор аз оғоз рӯшан буд. Ба андешаи онҳо, амалан Иттифоқи ҷавонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон, ки як сохтори давлатист, ҷудо нест ва чун як созмони тобеъи ҳукумат номзади мустақилеро пешниҳод карданаш аз эҳтимол дур буд.
Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ, мегӯяд, «аз оғоз пешбинӣ мешуд, ки як созмони ҳукуматӣ бояд номзадии Эмомалӣ Раҳмонро пешбарӣ намояд. Чун номзади ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон аст, номзад ё имкони интихоби дигар барои ин созмон вуҷуд надорад.»
Иттифоқи ҷавонон дар интихоботи президентии соли 2006 низ "якдилона" аз номзадии президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ карда буд.
Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 12-уми октябри соли 1991 дар рӯи харобаҳои "комсомол"-и собиқ таъсис ёфтааст. Ба гуфтаи масъулонаш, ин иттиҳодия 150 ҳазор аъзо дорад.
То шурӯъи анҷумани Иттиҳоди ҷавонон алакай исми 5 номзади дигар ба интихоботи рӯзи 6 ноябри раёсатҷумҳурии Тоҷикистон маълум шуда буд. Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сотсиалистӣ, Толиббек Бухориев аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демократӣ, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ойниҳол Бобоназарова аз ҳизби наҳзати исломӣ ва Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ барои ширкат дар ин интихобот пешбарӣ шудаанд.