Видеои “говсуд”-и ду зани тоҷик дар интернет, ки чанд ҷавони тоҷик ду бонуи ҳаммиллати худро гӯиё барои гуноҳи танфурӯшии онҳо, ба қавли худашон “наказат” мекунанд, басҳоеро ба дунбол овардааст, ки оё ин ҷанг бо фоҳишагарист ё баҳонаест барои "шантаж"-и занон?
Ин навори 10-дақиқаӣ бозпурсӣ ва муҷозоти чанд ҷавони тоҷик аз ду бонуи ҳамватани худро ба намоиш мегузорад. Ҷавонон он занҳоро барои он ки бо танфурӯшӣ “обрӯ ва шаъни ҳамватанон”-и худро паст задаанд, дар хонае бо алфози қабеҳ таҳқиру мазаммат ва таҳдиди куштан мекунанд ва дар охир дасту пойҳои онҳоро баста, ба тарошидани мӯйи сарашон шуруъ мекунанд. Танҳо аз суханони ҷавонон ва “эътироф”-и худи занҳо маълум мешавад, ки онҳоро гӯиё барои сабукпоияшон ба ин ҷазо “маҳкум” кардаанд.
Аммо қабл аз ин ҳама ҷавонон либос ва сумкаҳои он ду занро мекобанд ва аз яке 7 ҳазор рубли русӣ ва ангуштариро берун оварда, аз худ мекунанд.
Дар ин навор танҳо занҳо нишон дода мешаванд, вале чеҳраи ҷавонони муҷозоткунанда аён нест. Макон ва замони наворбардорӣ низ сабт нашудааст. Аммо яке аз корбарони интернет дар зери навор навиштааст, ин ҳодиса “дар шаҳри Сургути Русия” сурат гардидааст. Инчунин, аз он ки занҳо ҳадди ақал аз ду ҷавоне, ки онҳоро азият медиҳанд, ном бурда зорӣ мекунанд, то “аз гуноҳи онҳо гузаранд ва ҳозиранд ба Қуръон қасам хӯранд ва дигар ба роҳи бад нахоҳанд рафт”, маълум мешавад, шумораи ҷавонон ба камияш 3 нафар аст ва якеаш “Муродҷон”-у дигареро “Зафарҷон” ном мегиранд. Яке аз занҳои муҷозотшуда номи худро мегӯяд ва худро “аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” меномад, шиносномаашро ҳам боз мекунад.
Навори муҷозоти занони тоҷик аз ҷониби ҷавонони ҳамватани худ рӯзи 14 – уми сентябр дар саҳифаи “Одноклассники” гузошта шуда, баъди яку ним рӯзи “сайр” нопадид шуд. Вале ин муддати кӯтоҳ ҳам кофӣ буд, онро ҳудуди 1500 кас бубинад.
Ин навор дар зеҳни бинанда ҳадди ақал 2 саволи беҷавоб боқӣ мегузорад, ки баъд аз торик шудани сонияи охири навор бо он занон чӣ карданд, оё онҳоро танҳо сар тарошиданд ва зинда гузоштанд ё..? Дигар ин ки оё ин “говсуд” ва “азият”-и занони сабукпо буд ё ҷавонон бо таҳдиди бадном кардани занҳо молу чизи онҳоро аз худ карданд? Чанд тамошобин дар поварақи ин навор дар интернет ин саволро матраҳ кардаанд, ки баъд “тақдир”-и занон чӣ шуд? Яке ҳам посух додааст, ки “дар навори баъдӣ гузошта хоҳад шуд.”
Мақомоти ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамоати Хистеварз (собиқ Қистақӯз)-и ин ноҳия мегӯянд, наворро надидаанд. Муҳаррам Ҷӯраева, муовини раиси ҷамоати Хистеварз, ки яке аз занон дар навор худро аз ҳамин ҷамоат меномад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, шахсияти ин занро маълум хоҳанд кард, ки кӣ ҳасту дар куҷо зиндагӣ дорад.
Вале мақомоти вилояти Суғд ба сурати умум, пайдо шудани чунин наворро маҳкум мекунанд ва мегӯянд, он обрӯи тоҷиконро поин мебарад. Шаҳодат Холиқова, ҳуқуқшиноси шуъбаи занони вилояти Суғд, мегӯяд: “Ин як бедодгарӣ аст. Дар забони қонун инро “худсарӣ” (самоуправсто) меноманд. Қонун ба ҳеҷ кас ҳуқуқ надодааст, ки каси дигарро худсарона суд кунад. Мақомоти додситонӣ бояд нисбат ба он ҷавонон, ки ба занон чунин кирдорро раво дидаанд, парванда боз кунад. Агар он занҳо дар ҳақиқат танфурӯш бошанд ҳам, ба онҳо бояд додгоҳ ҷазо таъин кунад. Кӣ медонад, онҳо чӣ гуна занҳоянд? Шояд занони поку дурусткоранд, аммо ҷавонон барои шантаж ва пулу чизи онҳоро кашида гирифтан ба навор бардошта бошанд? ”
Ин навори муҷозоти занон бо айби гӯиё “танфурӯшӣ” дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маъракаи густардаеро алайҳи танфурӯшӣ рӯи даст гирифт ва аз боздошту сабти номи 505 зани танфурӯш гузориш дод. Ва мақомот аз сокинон даъват карданд, агар дар ҳамсоягии онҳо фоҳишае зиндагӣ дорад, хабар диҳанд.
Ҳоло ба назар мерасад, маъракаи ошкор кардани “танфурӯшҳо” – ву “муҷозот” - и онҳо аз сӯи иддае аз ҷавонон низ ҳамовозӣ пайдо кардааст. Онҳо ба хости худ занҳои ба донистаашон, “танфурӯш” -ро “ошкор” кардаву ҷазо медиҳанд. Вале тавре ба назар мерасад, як бахши муҳими “ҷазо” кашида гирифтани пулу чизи боарзиши он занон аст.
Орифҷон Байзоев, муовини раиси Шӯрои уламои Суғд, мегӯяд, амали ҷавонони муҷозоткунандаи занҳои тоҷик аз ягон нигоҳ дуруст нест. Вай афзуд, аз рӯи шариати исломӣ, аслан “зинокор” будани зан бо гувоҳии чор нафаре, ки он кори бади ӯро дидаанд, тасдиқ мешавад. Вале дар он ҳолат ислоҳи занон аз таҳқиру муҷозоту шарманда кардани занҳо беҳтар аст: “Дар сурати ба он амали бад машғул будани он занҳо ҳам шахси мусалмон, баномус сирпӯшӣ карда, бояд ба ислоҳи онҳо чора андешад. Ба ҷои онҳоро задану кӯфтану навор бардошта, ба интернет гузоштан ва ба ҷои як беномусӣ даҳ кардан, беҳтар мебуд, бо огоҳ кардани падару модар ё наздикони онҳо ба ислоҳашон ҳаракат мекарданд. Ва ё агар онҳо пул надошта бошанд, худашон сарфу хароҷот карда, онҳоро ба ватан, назди пайвандонашон гусел кунанд. Аммо ин корро бо интернет овозаву дарвоза кардан, ки бинед, занони тоҷик ба чӣ машғуланд, ин худаш аз рӯи нангу номус нест.”
Дар навори мазкур яке аз занони муҷозотшуда мегӯяд, 7 ҳазор рубли русӣ моҳонаи ӯст, ки аз роҳи рӯбандагӣ барои “3 кӯдаки ятимаш” ба даст овардааст ва ҷавонони муҷозотгар ин ризқи кӯдаконашро аз вай ба зӯр нагиранд. Зани дигар мегӯяд, як кӯдаки дусола дорад ва ӯро шарманда накунанд. Ва дар посух дашному таҳқир мешунаванд.
Яке аз занҳо худро на тоҷик, балки узбак муаррифӣ мекунад. Аммо истинтоқгарон ба ҳарфҳои ӯ ҷавоб медиҳанд, ки ӯ сокини Тоҷикистон асту бадахлоқияш обрӯи кишвар ва миллатро поён мебарад.
Ин наворро ба далели дастрасӣ надоштан ба тамошои видео тавассути интернет теъдоди камшуморе аз сокинони Суғд тамошо кардаанд. Бархе дар поварақи он навор навиштаанд, ки гуноҳи ҷавонони муҷозотгар, хусусан ба зӯр аз худ кардани пулу чизи ду занеро, ки ба танфурӯшӣ айбдор мекунанд, аз амали он занон нангинтар медонанд.
Таърихчаи тарошидани мӯи занон
Ин навори видео дар ҳоле пайдо шуд, ки се моҳи пеш вазорати умури дохилии Тоҷикистон маъракаи мубориза бо ҷиноятҳои ахлоқӣ, аз ҷумла бо занону духтарони танфурӯшро эълон кард. Масъулони ин ниҳод дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаашон гуфтанд, дар маҷмӯъ аз аввали соли ҷорӣ 1 777 фоҳиша дар кишвар сабт гардида, 4 корманди пулис барои ҳамкорӣ бо чунин афрод аз кор озод шудаанд.
Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, фоҳишагарӣ бадахлоқист, аммо ҷиноят маҳсуб намешавад. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасти ахири хабариаш дар Душанбе гуфта буд, дар ҳолати зарурат барои ҷилавгирӣ аз густариши ин раванд онҳо омодаанд, бо ислоҳи қонунҳои ҷазоӣ ҳамчун ҷазо барои танфурӯшӣ ҳабси маъмуриро ворид кунанд.
Дар гузашта дар Интернет чанд навори ҳамсон пайдо шуда буд. Аз ҷумла дар як навори видеоии зоҳиран дар Русия сабтшуда гурӯҳи ҷавонони қирғиз як зан аз Қирғизистонро барои он "истинтоқ" мекарданд, ки бо мардони тоҷик хуфтухез кардаанд. Дар поёни он навор низ сари он занро тарошида буданд.
Тарошидани мӯи зан дар фарҳанги мардуми Шарқ як муҷозоти хеле сахт ба ҳисоб рафта, занро дар байни мардум умрбод шарманда мекунад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон чанд мавриди тарошидани мӯи занони ҷангиёни кушташудаи мухолифин бо гумони "бадгардӣ" аз тарафи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба "Раҳмон -Гитлер", фармондеҳи нирӯҳои мухолифин дар минтақаи Теппаи Самарқандӣ дар канори Душанбе мушоҳида шуда буд.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, раҳбарони яке аз ҷамъиятҳои тоҷикон дар Екатеринбурги Русия низ чанд сол пеш мӯи сари чанд зани тоҷики муттаҳам ба "бероҳагардӣ"-ро тарошида, онҳоро ба Тоҷикистон пас фиристода буданд.
Дар соли 2008 ду ҷавон аз ноҳияи Ваҳдат бо ҷурми тарошидани мӯи сар ва таҳқиру озори як зани ҷавон бо гумони танфурӯшӣ маҳкум ба зиндон шуданд. Гуфта мешуд, ин ду ҷавон ба далоили мазҳабӣ зани танфурӯшеро аз минтақаи "Садбарг" ба теппаҳои пушти кӯчаи Қаротегин, дар канораҳои шарқии Душанбе бурда, чунин "ҷазо" додаанд ва тани урён сар додаанд.