Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарпешаи миёнасоли тоҷик табиатан як одами ором аст, вале ҳар дафъае, ки шоҳиди рафтори берун аз одобу ахлоқи нафаре мешавад, нороҳат ва асабонӣ мешавад.
Мегӯяд, рафтори бад ва дуруштии роҳгузарҳо, шунидани алфози қабеҳ ва забони дағал ӯро ба хашм меорад. Бахусус, вақти сайругашт дар хиёбон бо фарзандон намехоҳад, шоҳиди рафтори ношоям дар кӯча шаванд ва дар бархе лаҳзаҳо мехоҳад фиғон кунад.
“Вақте хусусан бо духтарон ба кӯча мебаромадам, ин қадар сахт буд. Медидам, ки ҷавонон роҳат дашномҳои қабеҳтарин ба забон меоранд. Намедонистам, сарамро ба куҷо занам. Бисёр ҳолатам бад мешуд” -мегӯяд, ӯ.
Абдумӯъмин Шарифӣ мегӯяд, дар бархе ҳолатҳо талош мекунад сӯҳбати дағали ҷавонеро бурида, бо панду насиҳат ва гоҳе аз роҳи сарзаниш рафтори ношоями ӯро дар макони ҷамъиятӣ шарҳ диҳад. Вокунишҳо, ба гуфтааш, ҳамеша мухталиф буданд. Гоҳо оромона қабул карда, узр мепурсиданд, вале ҳолатҳое ҳам буд, ки дар ҷавоб дағалии бештар мекарданд.
Таназзули фарҳанги рафтор дар байни ҷомеа
Бадрафториву дағалӣ ё дуруштгапиро дар макони ҷамъиятӣ бисёриҳо як чизи маъмулӣ меҳисобанд. Бархе ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ мегӯянд, баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва таназзули фарҳанги рафтор дар ҷомеа, зоҳиран ахлоқ ҳам тағйир ёфтааст: шунидани дашномҳои қабеҳ, саҳнаи латукӯб дар мазҳари ом, муомилаи беэҳтиромона ба раҳгузар зиёд дида мешавад.
Сари ин масъала бояд равоншиносону уламо нишинанду сӯҳбат кунанд ё ҳукумати шаҳр як қароре барорад, ки ҳамин дашному суханҳои қабеҳ як ҷазову ҷаримае пешбинӣ шавад,
Бархе фарҳангиёне, ки дар зеҳни худ ҷомеаро дигаргуна дидан мехоҳанд, нисбат ба чунин саҳнаҳо ҳам бархӯрди худро доранд. Бархе мисли Абдумӯъмин Шарифӣ асабонӣ мешаванд, дигарҳо бетарафиро ихтиёр мекунанд. Вале бархе дигар талош мекунанд як нафарро тарбия кунанд.
Сино Умарзода китобдори Маркази “Ошёни дониш” аст. Мегӯяд, бисёр дидааст, ки панду насиҳаташ ба гӯши нафари дағалу бадахлоқ намефорад, вале ҳолатҳое ҳам шудааст, ки тақдими як китоб тавонистааст зеҳни нафари мушахасро дигар куна.
“Бузургии китоб дар он аст, ки шахсро тарбия мекунад. Бисёр вақт мешавад, ки донишҷӯ ё нафароне вориди мағоза мешаванд, ки бо ҳамдигар дағалгуфторӣ мекунанд. Ман аввал ба онҳо мефаҳмонам, баъд ягон китоби хуберо тавсия медиҳад. Буд ҳолате, ки бепул як китоби панду ҳикмати Луқмони Ҳакимро ҳадя кардам. Баъд аз як моҳ омад, шарм мекард. Хост маблағи китобро пардохт кунад ва китобҳои дигарро мепурсид. Гуфт, «дар китоб рафтори фарзанд нисбат ба падару модарро хонда фаҳмидам, ки чӣ қадар гуноҳ мекардам. Китоб ба ман таъсир кард», гуфт ӯ”.
Ин китобдори собиқадор мегӯяд, дар чунин лаҳзаҳо эҳсос мекунад, ки барои худ ва ҷомеа як кори шоистае кардааст. Як мусоҳиби дигари мо бонуи донишманд аст ва ӯ таҷрибаи 40-солаи кор дар соҳаи илмро дорад.
Гулчеҳра Раҷабалиева рафтору муомилаи бадро «як доғи ҷомеа» меномад. Мегӯяд, тамоми мушкилоти дигар, мисли ноадолатӣ ва ноҳақӣ аз бефарҳангӣ ва ҷаҳолат маншаъ мегирад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло масъалаи бадахлоқиву бефарҳангӣ на танҳо хоси афроди таҳсилнокардаву бемаърифат аст. Баръакс, дар миёни рӯшанфикрону афроди донишманд ҳам чунин нафаронро пайдо кардан мумкин аст.
Худи хонум Раҷабалиева мегӯяд: «вақте дидам, ки онҳоро ислоҳ карда наметавонам, маҷбур шудам аз соҳаи илм рафтам. Аз баҳри кори илмиаш гузаштаму ба мактаб рафтам. Хостам дар доираи маҳдуд кор кунам. Табиист, ки ҳама аз бефарҳангӣ аст. Вақте одам фарҳангӣ аст, хулосаи мантиқӣ бароварда метавонад ва аз ҷаҳолат дур мешавад. Албатта ранҷ намедиҳад касеро”.
Барои ислоҳи вазъ, барои боло бурдани фарҳанг ва мутобиқ кардани муҳит ба табиати худ, мусоҳибони мо пешниҳодҳои ҷолиб ҳам доранд.
Роҳи ҳалли мушкил дар куҷост
Ҳунарпеша Абдумӯъмин Шарифӣ мегӯяд, рафтору амали ношоям, мисли бадгуфторӣ барои бисёриҳо, чӣ аз насли наву чӣ куҳан, як одат шудааст ва роҳи беҳтарини боло бурдани фарҳанги гуфтору рафтор пешбинии муҷозот барои чунин амалҳост.
“Сари ин масъала бояд равоншиносону уламо нишинанду сӯҳбат кунанд ё ҳукумати шаҳр як қароре барорад, ки ҳамин дашному суханҳои қабеҳ як ҷазову ҷаримае пешбинӣ шавад, то пеши роҳашро гирифт. Вагарна намешавад вазъро ислоҳ кард, чун одат ва маъмул шудааст»
Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистон махсусан баъди ҷанги шаҳрвандӣ, хашму ҷаҳл боло гирифт ва амалҳои ношояму бадахлоқӣ ва дағалӣ ру ба афзоиш овард.
Афроди табиатан ҳассоси фарҳангӣ, кӣ касбу кори мухталиф доранд ва дар ин муҳит рӯҳан азият мекашанд мегӯянд, шояд ба сахтӣ, аммо мешавад вазъу фазоро тағир дод. Фақат бояд ҳар кас ба гуфтаи онҳо дар чунин муҳит худро масъул бидонанду таъсир гузорад.