Тоҷикистон дар гузоришҳои расмӣ кишваре муаррифӣ мешавад, ки системаи бисёрҳизбӣ дорад. Ҳамаи 7 ҳизби сабтшуда рукнҳои муҳими созмонҳои сиёсиро доранд -- ҳазорҳо кас аъзои ин ҳизбҳо мебошанд, анҷуманҳои ҳизбӣ барпо мекунанд ва бахшҳои ҷавонони ин аҳзоб барои тарбияи сиёсатмадорони ҷавон талош менамоянд.
Вале воқеият ин аст, ки фаъолтарин нерӯи сиёсӣ – ҳизби ҳокими халқии демократӣ буда, дар гузоришҳои телевизиониву расонаҳои давлатӣ бештар созмонҳои ҷавонони ҳамин ҳизб дар робита бо ҳаводиси аз назари ҳукумат доғи кишвар, изҳори назар мекунанд. Мунаққидон мегӯянд, системаи сиёсии Тоҷикистон ҳанӯз фарҳанги бисёрҳизбиро дар худ ҳазм накардааст ва баъди аз саҳна берун шудани ҲНИТ дар охири соли 2015, тафовутҳои миёни нерӯҳои сиёсии боқимонда возеҳу рӯшан ва мутафовит бо ҳамдигар нестанд.
Таҳлилгарони сиёсӣ мегӯянд, дар зеҳни ҷавонҳои зиёди тоҷик як навъ бетафовутии сиёсӣ эҳсос мешавад, вале онҳое, ки мавқеи фаъоли сиёсӣ доранду мехоҳанд дар ҳаёти кишвар нақши фаъол дошта бошанд, дарк мекунанд, ки маҳз тавассути ҳизби ҳоким аз худ дарак дода метавонанд. Ҳизби ҳоким назири коммунистҳои ҳукмрон дар солҳои шӯравӣ гарави пешравии ҷамъиятиву корӣ арзёбӣ мешавад. Ҳизбҳои дигари расман амалкунанда имконияти иҷтимоиву молии кофӣ ҳам надоранд, ки барои тарбияи наслҳои баъдӣ талош кунанд.
“Созандагони ватан” ҷавонҳои зиёдро ба сафи ҳизб ҷалб кард»
Ҳизби халқии демократӣ мегӯяд, ки аз миёни 450 ҳазор узваш 170 ҳазор нафар ё 37 дарсадаашон ҷавонҳо мебошанд ва “Созандагони ватан” бахши ҷавонони ин ҳизб аст, ки мегӯяд, бо насли нави сиёсатмадоронаш кор мекунад.
Абдулло Раҳмонзода, роҳбари ташкилоти ҷавонони Ҳизби халқии демократӣ - “Созандагони ватан” мегӯяд, замоне аз як узви қатории ҳизб ва баъди анҷумани 10-ум тасмим гирифт, ки аз кори илмӣ ба самти сиёсат гузарад. Абдулло Раҳмонзода, аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба Маҷлиси намояндагон номзад аст. Ба андешаи ӯ, ворид шудани исми ӯ ба рӯйхати номзадҳо, баёнгари вуҷуди фазои мусоид дар ҳизб барои тарбияи ҷавонон аст.
Вай мегӯяд: “Бидуни пешбурди сиёсати дуруст дар самти ҷавонон, ман фикр намекунам, ки ягон ҳизб, ба мартабаву манзалати мушаххасе дар ҷомеа соҳиб гардад. Маҳз ҳамин фаъолияти мушаххасу бисёр домангире, ки имрӯз ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» дорад, боис гардидааст, ки таваҷҷӯҳи бештари ҷавонон ба он зиёд шавад”.
Аксар аъзои ин ҳизбе, ки 23 сол пеш таъсис ва раҳбариашро президент Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, дар сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон кор мекунанд. Аксар намояндагони ин ҳизб порлумони иборат аз 63 курсиро ҳам назорат мекунанд.
Дасти кӯтаҳи ҳизбҳои дигар
Вале намояндагони ҳизбзҳои сиёсии дигар аз дасти кӯтаҳи худ дар тавсеаи барномаҳои ҳизбӣ, аз ҷумла, кор бо ҷавонон шикоят мекунанд. Ҳизби коммунист, ки давоми 70 соли шӯравӣ тамоми абзорҳои маъмуриву молии паҳнои шӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар ихтиёр дошт, ҳоло худро як ҳизби дасткӯтаҳ меномад. ҲКТ, ки аксар афродаш ба нишони садоқат аз замони шӯравӣ дар ин ҳизб мондаанд, мегӯяд, то 10 дарсади аъзояш ҷавонҳои то 30-сола мебошанд.
Ба гуфтаи Умарҷони Собириён, яке аз масъулони ҳизб, аъзои ҷавон ақидаҳои худро мехоҳанд дар ҷомеа пиёда кунанд, вале мавқеи сиёсӣ, вазъи молии ҳизб ва ахиран аз даст додани минбари худ дар порлумон, имкониятҳои онҳоро маҳдуд мекунад. Бо вуҷуди ин, Собириён қасд надорад сафи коммунистҳоро тарк кунад. Вай умед дорад, ки бо кӯшишҳои худу ҳаммаслаконаш, ба ормонҳои ниҳоии сиёсии худ хоҳанд расид.
Бо вуҷуди доштани ҳадафҳои сиёсии мушаххас, баъзе ҷавонон афзал медонанд, ки дар чаҳорчуби ҳизбҳои сиёсӣ набошанд, чун барномаҳои ҳизбҳои мавҷуд, такрори якдигаранд. Рустам Гулов, аз блогнависони фаъоли тоҷик, ба ин назар аст, ки бо ин роҳ дар ҳаёти сиёсӣ бештар метавон таъсир гузошт ва ба ормонҳои худ расид.
Ӯ гуфт, “маънои узвият ба ин ё он ҳизбро намебинам. Худро дар сиёсати имрӯза дида наметавонам. Дар мақомоти давлатӣ афсӯс, ки умуман дида наметавонам. Аз ин ҷиҳат, узвият ба ин ё он ҳизб барои ман ягон маъно надорад. Тавре гуфтам, дар миёни ҳизбҳо ягон фарқ ё тағйироти ҷиддӣ нест, ки гӯям масалан, ҷаҳонбинии онҳо ба ҷаҳонбинии ман наздик аст. Имрӯз дар назари ман ҳамаи онҳо як хел менамоянд.”
Ҳоло дар умум, дар Тоҷикистон маҳфилҳои сиёсии доимӣ ангуштшуморанд ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон гоҳе ҷамъомадҳои сиёсӣ баргузор мекунад, ки аз “Созандагони Ватан” кам фарқ мекунад. Ҷойи маҳфили дигарандешон ҳанӯз дар фазои сиёсӣ холист.
Соли 2010 Маҷлиси Намояндагон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон порлумони ҷавононро таъсис доданд ва мақсад доштанд, ки ҷавононро дар арсаи сиёсат тарбият кунанд. Як муддат садои ҷавонони ин гурӯҳ баланд буд, вале ҳоло фаъол нестанд. Ин порлумони рамзӣ аз тарафи созмони ҷамъиятии “Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” маблағгузорӣ мешуд ва бо қатъи пули имдодӣ, порлумони ҷавонон аз фаъолият монд.
Коршиноносон мегӯянд, вазъи иҷтимоӣ ва камфаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ боис ба камтаваҷҷуҳии ҷавонон ба сиёсат гардидааст. Дар оянда ин омил барои шакл гирифтани ҷомеаи озоду демократӣ дар Тоҷикистон монеа эҷод мекунад.