Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми "авбошҳо"-и Гипрозем эълон шуд


Ҳамаи ин ҷавононро чанд рӯз баъд дар Душанбе дастгир карданд.
Ҳамаи ин ҷавононро чанд рӯз баъд дар Душанбе дастгир карданд.

Додгоҳи шаҳри Душанбе як гурӯҳи ҷавононро, ки баҳори имсол бо занозанӣ ва харобкорӣ сокинони гӯшае аз пойтахтро ба ҳарос оварданд, ба зиндон маҳкум кардааст.

Гурӯҳи 16 нафарӣ, ки калонтаринаш 22-сола аст, рӯзи 28-уми марти имсол дар маҳаллаи Гипрозем бо ҳамдигар муноқиша карда ва баъдан шишаҳои чанд мошини сари роҳро ҳам шикастанд.

"Умуман исбот нест. Ин одам дар занозанӣ иштирок накардааст ва ин чизро тафтишот ва суд ҳам медонад."

Дар ҳукми додгоҳи ноҳияи Сино, ки 8-уми июл ба дасти Радиои Озодӣ расид, аксари ин ҷавонон ба авбошӣ гунаҳкор дониста шудаанд. Се нафари онҳоро ба 5 солии зиндон ва сипарӣ кардани ин мӯҳлат дар “колонияҳои ислоҳии дорои низомашон пурзӯр” маҳкум кардаанд.

Наҷибулло Баротови 20-сола, сокини шаҳри Душанбе, Анас Ҳамидови 18-сола сокини Душанбе, Саъдӣ Қосимови 22-сола, сокини Кӯлоб аз миёни 16 нафар аз ҳама ҷазои сахттар гирифтаанд, чун ба гуфтаи муфаттишон дар муноқиша нақши зиёдтар доштанд.

Бақияи ин гурӯҳ, зоҳиран ду солии умри худро барои муноқиша дар пойтахти Тоҷикистон дар зиндон сипарӣ мекунанд. Мақомоти интизомӣ ҳамаи ин ҷавононро се рӯз баъд аз муноқиша дастгир карданд ва муҳокимаи онҳо рӯзи 28-уми июн хотима ёфтааст.

Дар Додгоҳи ноҳияи Сино ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳукми додгоҳ ҳоло қувваи қонунӣ нагирифтааст, чун вакилони дифо муттаҳамон ба ҷиноят аз ҳукми додгоҳи ноҳиявӣ ба зинаи болоӣ шикоят бурдаанд.

Додгоҳи Сино 11 ҷавони дигарро, ки баъзе аз онҳо нав ба 18 солагӣ расидаанд, барои авбошӣ аз якуним то ба 2 солии зиндон маҳкум кардаст. Аз ҷумла Дилшоди Файзуллозодаро, ки тақрибан 20 рӯз баъд аз рӯзи таваллудаш барои авбошӣ боздошт шуд, ба 1 солу 6 моҳи зиндон маҳкум карданд.

Одинаев, вакили дифои ӯ, рӯзи 9-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нест, чун ба қавли ӯ, зерҳимояаш аслан дар муноқиша иштирок надошт. Ба қавли ин вакили дифоъ, “ба ақидаи мо гуноҳаш исбот нашудааст. Умуман исбот нест. Ин одам дар занозанӣ иштирок накардааст ва ин чизро тафтишот ва суд ҳам медонад. Ӯ дар ними роҳ гашта ба хонааш омадааст.”

Ду навраси дигарро, ки додгоҳ ба хотири ноболиғ будан, ҷазои сабуктар додааст. Муфаттишон мегӯянд, ки ин 16 нафар рӯзи 28-уми март дар маҳаллаи маъруф ба номи “Гипрозем” дар шаҳри Душанбе ва наздик ба як қароргоҳи сарбозони Русия бо ҳам ҷангу занозанӣ карда, мояи нигаронии сокинони шаҳрак шудаанд. Азбаски гурӯҳе аз ин ҷавонон ба рӯи худ ниқоб кашида ва бо калтак мусаллаҳ будаанд, сабаби тарсу ҳарос ва изтироби сокинони маҳалла шудаанд.

Муфаттишон Шоҳрух Розиқов ва Наҷибулло Баротовро “саркардаҳои авбошӣ” ва ё омилони асосии занозанӣ номида ва гуфтаанд ки ду нафар баъди даъвову занозанӣ бо ҳамдигар дигар рафиқонашонро барои ниқор гирифтан аз ҳамдигар даъват мекунанд ва “муддати тахминан 15 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, оромии ҷамъиятро халалдор месозанд.”

Баъди ин ҳам муноқиша поён намеёбад ва соати ҳафтуними шом, Шоҳрух Розиқов, як гурӯҳи ҷавононро барои интиқом гирифтан аз Наҷибулло Баротов ба маҳаллаи Гипрозем ва ё Шаҳраки Ҳарбиён мебарад.

Баъди "ҷанги" ҷавонон
Баъди "ҷанги" ҷавонон

Ба гуфтаи додситонӣ баъзе аз ин ҷавонон дар рӯяшон ниқоб доштаанд ва бо чӯбу, қубур ва арматура мусаллаҳ будаанд. Чун Баротовро пайдо намекунанд, ойинаву шишаҳои чанд мошин аз ҷумла мошини як шаҳрванди Русияро мешикананд.

Баъди ин ҳодиса сокинони маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз дидани ҷавонони ниқобпӯш ба изтироб афтода ва сахт тарсидаанд. Аз ҷумла Дилором, сокини маҳаллаи “Гипрозем” гуфт, “тамоми шаб хоб накардам. Тарсидам. Дар дасташон чӯбу оҳан буд”.

Баъзе аз сокинон гуфтанд, ки хусумати шахсӣ зоҳиран сабаби муноқиша шудааст ва баъзе аз ҷавонон ҳангоми муноқиша “Нест бод бачаҳои Гипрозем” фарёд мезаданд.

Дар Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, ҷанҷолу занозаниҳои гурӯҳиро бо ҳассосият қабул мекунанд. Агарчӣ дар гузашта дар пойтахти Тоҷикистон занозании гурӯҳӣ байни ҷавонон ва бахусус ноболиғон дида шудааст, аммо зарар расондан ба моликияти ҷамъиятӣ ва он ҳам ошкор, ҳодисаи бесобиқа аст.

Боздошти 6 нафар пас аз занозании ҷавонон дар "Гипрозем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

XS
SM
MD
LG