Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯянд, чанд нафарро дар робита ба занозанӣ миёни ҷавонон дар пойтахт боздошт кардаанд.
Шоми 28-уми март дар саҳни як бинои баландошёна дар наздикии бозори "Гипрозем", воқеъ дар ноҳияи Синои пойтахт миёни гурӯҳи донишҷӯён ва талабагони мактаб занозанӣ рух додааст, ки бар асари он чанд нафар захмӣ шуда, мошинҳои истиқоматкунандагон хароб шудааст.
Навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 рӯзи 29-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи занозании ду гурӯҳ аз ҷавонон, ки аслан мактабхонҳо ва донишҷӯён буданд, то ба ҳол 6 нафар боздошт шудааст. Вай афзуд, зимни моҷаро ҷавонон бо чӯбу оҳан шишаҳои мошинро шикастанд.
Ба қавли манбаъ, то ба ҳол сабаби ин хархаша маълум нест ва тафтишот маълум хоҳад кард, ки омилони ин задухӯрд киҳо ҳастанд. Шӯъбаи корҳои дохилии Сино-1 меафзояд, ҳамакнун тафтишоти ибтидоӣ нисбат ба ин ҳодиса оғоз шудааст.