Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гувоҳномаи мақомот барои фаъолияти сиёсии 40 ҷавон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Беш аз 40 ҷавони тоҷик дар Суғд гувоҳномаҳое гирифтанд, ки ба онҳо иҷоза медиҳад, бо фаъолиятҳои сиёсӣ машғул гарданд.

Онҳо акнун имкон доранд дар шаҳру навоҳии мухталифи вилоят маҳфилу ҳамоишҳо ташкил карда, бо ҳамсолони худ масоили сиёсии кишварро баҳсу баррасӣ кунанд. Ин 40 ҷавон, ки дар як озмун аз миёни 100 нафар интихоб шудаанд, намояндагони касбу кори мухталифанд, аммо 9 моҳ дар мактаби махсуси сиёсатмадорони ҷавон таҳсил кардаанд. Мактаби мазкур аз сӯи Раёсати умури ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд таъсис ёфта буд.

Фаридун Ҳодибоев, сардори ин раёсат, мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси мактаб ва ё маҳфили сиёсатмадорони ҷавон омода кардани роҳбарони оянда ва ташвиқу тарғиби сиёсати давлат аст. "Онҳо дар чорабиниҳои тарғиботи ташвиқотии вилоят иштирок мекунанд ва байни аҳолӣ кору фаъолият мебаранд. Аз ин ҷавононе, ки мактаби доимоамалкунандаи сиёсатмадорони ҷавонро хатм кардаанд, аллакай 5 нафари онҳо ҳамчун ҷавонони беҳтарин интихоб ва ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин шуданд. Масалан, як нафар дар созмони "Созандагони Ватан" ва як нафар раҳбари кӯдакистон таъин шуданд. Хулоса беҳтаринҳоро ба мансабҳои раҳбарӣ ҷалб мекунем",-гуфт ӯ.

Зебо Қурбонова, раҳбари маҳфили сиёсатмадорони ҷавон дар назди Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд мегӯяд, ҳарчанд ин маҳфил дар назди мақомоти давлатӣ фаъолият дорад, аммо дар мубоҳисаҳои худ сиёсатмадорони ҷавон озодона мавзӯъҳои дилхоҳи сиёсиро мавриди баҳс қарор медиҳанд. Зебо меафзояд, онҳо имкон доранд, назари худро ба масоили доғу муҳими сиёсии кишвар дар шакли тавсияҳо омода ва ба мақомоти маҳаллӣ пешниҳод кунанд. Ӯ афзуд, "дар маҳфилҳо мо аксаран бо сиёсатмадорон ва олимон сӯҳбатҳо кардаву ба суолҳои худ дар мавзӯъҳои сиёсати хориҷӣ, муносибати Тоҷикистон бо давлатҳои ҷаҳон, геополитика ва дигар масоили сиёсӣ сӯҳбатҳо мекардем. Дар баробари ҳамаи ин он донишҳои сиёсие, ки барои дар оянда ҳамчун сиёсатмадори комил рушд кардани мо зарур аст, аз ҷониби сиёсатмадорони барҷаста омӯзонда шуд. Бо соҳиби гувоҳнома шудан масъулияти мо ҳамчунин сиёсатмадорони ҷавон бештар шуд."

Хатмкардагони маҳфили сиёсатмадорони ҷавон дар маъракаи интихоботи президентии кишвар ба гурӯҳи таблиғотчиён ворид хоҳанд шуд. Ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон, як ҳадафи аслии таъсиси мактаб ва фарогирии ҷавонон ба донишҳои сиёсӣ дар Суғд ҳам дар ростои интихоботи президентӣ, истифодаи бевосита аз нерӯи онҳо дар ин маърака аст.

Агарчӣ дар гузаштаи наздик ҷавонон ғолибан барои ноогоҳӣ ва камтаваҷҷӯҳӣ ба умури сиёсӣ мавриди интиқод қарор мегирифтанд, ҳоло тавре мушоҳида мешавад, онҳо барои ширкат дар таҳавуллоти сиёсии кишвар то ҷое фаъол мешаванд. Барои мисол, дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, ба вижа дар Фейсбук ҷавонон бо ташкили гурӯҳу маҳофили сиёсӣ, масоили муҳими кишварро ба риштаи таҳлил мекашанд. Инчунин, маҳз аз сӯи ҷавонон чандин талошҳо ҷиҳати таъсиси созмону гурӯҳҳои сиёсӣ, мисли Ҳизби ҷавонон ва ё Ҷунбиши миллӣ сурат гирифта буд. Гуфта мешавад, ҳукумат ҳам бо дарки ин ва камбуди сиёсатмадорону раҳбарони босалоҳият дар ин марҳила бештар рӯ ба ҷавонон овардааст. Ин ҷо метавон аз қаноти ҷавонони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ -- "Созандагони ватан" ҳам ёд кард, ки пайваста миёни ҷавонон маъракаҳои мухталиф ташкил кардаву онҳоро ба ин созмон ва ҳизб ҷалб мекунанд.

Аммо Рустам Маҷидов, як таҳлилгари ҷавони тоҷик, дар мавриди таъсиси маҳфили сиёсатмадорони ҷавон дар назди мақомоти давлатӣ мегӯяд, агарчӣ ин ҷавонон ба сиёсат якҷониба баҳогузорӣ хоҳанд кард, вале ин кор қадами хубе дар самти ҷалби таваҷҷӯҳи ҷавонон ба масоили сиёсист: "Ин иқдом беҳтар аз он аст, ки мо танҳо аз минбарҳо ва дар сухан шукри ватану сиёсат ва ин давлат кунем. Чунин суханҳо кофӣ нестанд барои шинохти сиёсати имрӯза. Бояд бо чунин омӯзишҳо мо донишҳои сиёсии ҷавонон боло бурда шавад. Ҳарчанд маълум аст, ки чунин як гурӯҳ, ки аз сӯи мақомот омода мешаванд, ба масоили сиёсии кишвар баҳои якҷониба медиҳад."

Ба андешаи ин ҷавон имрӯз ҳамсолони ӯ ба як мактаби мустақили сиёсӣ, мактабе берун аз ҳизбу ҷараёнҳои сиёсӣ ниёз доранд. Мактабе, ки ҷавононро бидуни кадом як ҳадаф дар ростои шинохти сиёсат тарбия кунад. То имрӯз дар кишвар аз сӯи созмонҳои хориҷӣ давраҳои омӯзишӣ ё маҳфилҳои сиёсӣ барои ҷавонон роҳандозӣ шудаанд, аммо ин ҳама дар асоси лоиҳа буда, натавонистаанд муддати дароз фаъол бимонанд. Талоши ҷавонон барои таъсиси созмонҳои ҷиддиву сиёсӣ ҳам бенатиҷа анҷом ёфтаанд. То имрӯз аксари созмонҳое, ки аз сӯи ҷавонон ё барои онҳо ташкил шудаанд, бештар аҳдофи фарҳангӣ доранд ва ба масъалаҳои ҷиддӣ даст намезананд.
XS
SM
MD
LG