Шаҳзодаи Самарқандӣ, адиб ва хабарнигори маъруфи тоҷик, ки ҳоло дар Ҳолланд кору зиндагӣ мекунад, ахиран дар маҳфили шеъру достонхонии "Радиои Замона" дар Амстердам иштирок ва барои ҳозирин романи "Замини модарон"-ро қироат кардааст. Ин маҳфили достонхонӣ охирҳои моҳи июни соли ҷорӣ баргузор шуд.
Романи "Замини модарон"-и Шаҳзода ду соли пеш ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр шуда, тавассути сайти китобфурӯшии amazon.com низ қобили дарёфт аст. Ин роман зиндагии се насли занони тоҷик - модарбузург, модар ва духтар - шурӯъ аз даврони раҳбарии Сталин то замони бозсозӣ ва баъд аз фурӯпошии Шӯравиро дар бар мегирад.
Шаҳзодаи Самарқандӣ фориғуттаҳсили донишкадаи забон ва суханшиносии тоҷикии Донишгоҳи Самарқанд аст. Ӯ дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузашта, дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи "Чархо фалак" ба унвони ровӣ ҳузур дорад. Қаблан романи "Синдроми Стокҳолм"-и ӯ ба чоп расида буд.
Ин адиб ва хабарнигори тоҷик маҷмӯаи шеърии худро дар бораи Самарқанду Бухоро бо номи "Хори Бухоро" ва романи севумашро бо номи "Регистон" барои нашр омода кардааст.