Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақсими "грантҳо" барои занони хатлонӣ. Инсоф риоят мешавад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Хатлон имсол барои рушди соҳибкорӣ дар байни занони вилоят 250 ҳазор сомонӣ (беш аз 25 ҳазор доллар) ихтисос додааст ва мегӯяд, ҳар касе тарҳи хубе пешниҳод кунад, қисме аз онро мегирад.

Дар ҳукумати вилоят ба Радиои Озодӣ гуфтанд, барои иҷрои 5 тарҳи бузургтари соҳибкорӣ 20 ҳазор сомонӣ кумаки молӣ мекунанд. Барои ҳар 11 лоиҳаи дигар 10 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Онҳое, ки тарҳҳои хурдтар пешниҳод мекунанд, 8 ҳазор сомонӣ мегиранд ва дар ин бахш фақат 5 тарҳ қабул мешавад.

Ҳоло даҳҳо зани фаъол талош доранд, ки яке аз ин кумакҳои билоивазро ба даст биёранд ва тиҷоратро ба роҳ монанду зиндагиашонро беҳтар кунанд. Асосан кишоварзон ва соҳибкорон имкони ба даст овардани кумаки давлатиро доранд, ки дар Тоҷикистон аҳёнан дода мешавад.

Раъно Қурбонова, зани 52-сола, аз шаҳри Леваканд соли гузашта барои тарҳаш 8 ҳазор сомонӣ кумак гирифт ва ҳоло худро соҳибкори муваффақ муаррифӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, баъди гирифтани кумак иҷрои тарҳ сахт назорат мешавад. Бо 8 ҳазор сомонӣ, ӯ ошхонаи миллӣ боз кард ва ба духтарон пӯхтани хӯрокҳои миллиро нишон дод.

"Назорат сахт аст"

Раъно Қурбонова мегӯяд: "Зуд-зуд тафтиш мекарданд, назорат мебурданд, ки барнома чӣ гуна иҷро мешавад. Аз ман ошхонаи миллӣ ва рушди ҳунарҳои миллӣ буд."

Ӯ афзуд, ошхонааш дар шаҳри Леваканд ошхонаи пуродам аст ва дар барои таъмини хонаводаи 6-нафарӣ даромади кофӣ меорад. Давлатпочо Атоева, сокини ноҳияи Вахш, тарҳе бо арзиши 10 ҳазор сомонӣ пешниҳод кард ва барои келинҳояш мошинаи дарздӯзӣ харид ва худаш кишоварзӣ кард.

"Келинҳо дар хона дарздӯзӣ карданд, корашон хуб шуд, худам кишоварзӣ кардам, аз фоидаи имсол масоҳати замини кишоварзиямро аз 10 то ба 16 сотих расонидам", -- гуфт ӯ.

Давлатпочо Атоева гуфт, агарчӣ пулро бозпас намегардонад, вале барои ҳар як дирам ҳисобот месупоранд: "Ман кишоварзӣ ва консерва мекардам. Барои як ниҳоли харида, барои як сарпӯши зарф ва ё сирко ҳисобот пешниҳод мекардам."

Раъно Раҳимзода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, имсол ба тарҳҳое бартарӣ дода мешавад, ки барои рушди деҳот ва истеҳсолот нигаронида шудаанд.

Ӯ гуфт, "дар ҳама самтҳо ҳаст, кишоварзӣ низ. Барои дӯхтани сару либоси мактабӣ бартарӣ дода мешавад. Ҳадаф таъсиси ҷойи корӣ барои занон аст."

Ҳоло маълум нест, кай ғолибони озмуни тарҳҳои беҳтарин эълон мешаванд.

"Ҷараёни тақсим на ҳамеша одилона будааст"

Пешниҳоди кумакҳои бебозгашт барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ дар байни занон дар Тоҷикистон чанд сол пеш оғоз шуд. Аммо аз воситабозӣ орӣ набудааст.

Яке аз соҳибкорон ба Радиои Озодӣ гуфт, "бе шинос ва ё миёнарав дасти шумо ба он пулҳо аслан намерасад".

"Хоҳарам барномаашро пешниҳод кард, зангаш назаданд. Ба ман гуфт, шинос дорӣ? Гуфтам касеро намешиносам, албатта, бояд касеро онҷо дошта бошӣ, ки барномаат гузарад, ман чунин фикр мекунам."

Худи мақомоти расмӣ ҳам эътироф кардаанд, ки ҳангоми тақдими кумакҳо ба саҳлангорӣ роҳ дода шудааст ва баъзе аз ёриҳо барҳадар рафтаанд.

Мақомот соли 2015 гуфтанд, 500 ҳазор сомонӣ, ки ҳамчун кумаки молӣ барои рушди соҳибкорӣ дар байни занон ҷудо шуд, ба ҳамёни афроди алоҳидаву мақомот рафтааст.

Аз ҷумла, гуфта шуд, барои чанд ноҳия "грантҳои президентӣ" ихтисос додаанд ва ҳаҷми грантҳо аз 10 то 40 ҳазор сомониро ташкил медод. Дар ҳисоботи харҷи грантҳо ба мақомот номи соҳибкоропрезиденти

ну занонеро зикр кардаанд, ки касе онҳоро намешиносад ва ҳеҷ яке аз онҳо низ кумаке нагирифтаанд.

Дар вилояти Хатлон, бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон бештар аз 27 ҳазор занони соҳибкор фаъолият доранд ва бисёре аз онҳо дар арсаи кишоварзӣ машғули кор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG