Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарбияи ҷангии занҳои "партизан"


Барои аввалин бор дар Тоҷикистон занон дар машқҳои низомӣ ва тамринҳои омодагии ҷангӣ, ширкат мекунанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, бори аввал дар доираи машқҳои низомӣ ё омодагии ҷангии сарбозон ва афсарони захираи ҳарбӣ, ки аз тарафи комиссариатҳои низомӣ баргузор шуд, дар ноҳияи Рӯдакӣ занон ҳам ҷалб шуданд.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар доираи омодагии ҷангӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз тарафи комиссариати ҳарбӣ созмон дода шуд, 500 нафар сарбозон ва афсарони захираи вазорати дифоъ тайи ду рӯзи ахир тамрин карданд, ки дар миёни онҳо занон ҳам ширкат доштанд.

Оқои Маҳмадалиев шумораи дақиқи занонеро, ки дар ин машқи низомӣ ширкат карданд, нагуфт, аммо афзуд, инҳо бонувонеанд, ки донишгоҳҳо ва омӯзишгоҳҳои тиббиро хатм карда ва дар қайди вазорати дифоъ мебошанд. Ҷаноби Маҳмадалиев мегӯяд, аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ наздик ба 400 ҳазор нафар мебошад ва ширкати 500 нафар ниҳоят ночиз аст, аз ин рӯ, дар оянда теъдоди зиёди сокинон, бо шумули занон ҷалб хоҳанд шуд.

Вай афзуд, аз соли 2000-ум ба ин тараф вазорати дифоъ чунин барномаро ба роҳ монда буд, вале то ин сол танҳо давраҳои методӣ-омӯзиширо мегузаштанд ва ҳоло бошад онҳо дар машқи низомӣ бевосита ширкат мекунанд.

Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки як моҳ қабл дар ин тарминҳо дар вилояти Хатлон 5 ҳазор нафар ширкат карда буд, ки ин ба хотири худдифоии сокинон дар сурати рух додани ҳамлаҳои ғайри мунтазира аз беруни кишвар мебошад.

Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, Тоҷикистон бо чаҳор кишвари хориҷӣ марзи муштарак дорад. Аз ҷумла 1370 километр танҳо бо ҳамсояи нооромаш - Афғонистон. Ва дар сурати ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳи харобкор аз он сӯ, бояд аҳолӣ тавонад дар ҳар ҳолат худро дифоъ кунад. Вай меафзояд, занон дар ин ҳолат ҳамчун ҳамшираи шафқат барои расонидани кӯмаки саривақтии тиббӣ, ширкат хоҳанд кард.

Вазорати дифои Тоҷикистон пас аз ҳар ду моҳ дар навоҳию вилоятҳо машқҳои низомӣ аз ҳисоби шаҳрвандони дар қайди ин вазоратбударо созмон хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG