Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ҳидояти Абу Усомаи Норакӣ мехост, пойгоҳи Русияро битарконад


Пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе
Пойгоҳи 201-уми Русия дар шаҳри Душанбе

Додгоҳи шаҳри Душанбе як ҷавони тоҷикро барои тарҳрезии ҳамлаи террористӣ дар маркази шаҳр ва пойгоҳи бузурги низомии Русия дар Тоҷикистон ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Додгоҳ рӯзи 12-уми феврал бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки Баҳриддин Шарофуддинов, сокини зодаи Фархор мехост, бо ҳидояту раҳнамоии аъзои гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” қароргоҳи пойгоҳи 201-уми Русия дар маҳаллаи Гипроземи шаҳри Душанберо тарконад. Маҳалли дигари ҳадафи ӯ, назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ будааст.

Дар баёнияи катбии додгоҳ омадааст, Баҳриддин Шарофуддинови 38-сола, ки барои ҷиноят дар Русия зиндонӣ шудааст, ҳангоми адои ҷазо, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷангҷӯёни тоҷик дар Ироқу Сурия аз ҷумла Абу Усомаи Норакӣ иртибот барқарор карда ва аз онҳо шеваи таҳияи бомбҳои худсохту бомбгузориро омухтааст.

Ба гуфтаи додгоҳ, кор то ҳадде расидааст, ки ҳангоми таҳияи бомби худсохт, ин абзор таркида ӯро аз ду ангушташ маҳрум кардааст. Бар асоси ҳукми додгоҳ Баҳриддин Шарофуддинов бояд 30 соли умри худро​ дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунад.

Шарифхон Шарофиддинов, бародари Баҳриддин рӯзи 15-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 11-уми феврал дар мурофиаи ниҳоии бародараш дар додгоҳ ширкат дошт. Ӯ афзуд, воқеан, бародараш гуфт, аз амали худ пушаймон нест.

Бародараш гуфт, аз ҳукм шикояте надорад ва ба зинаи болоии додгоҳ шикоят намекунанд, чун ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди хоҳишҳои батакрори онҳо Баҳриддин аз кораш изҳори пушаймонӣ накардааст.

Баҳриддин Шарофуддинов ду бор бо иттиҳоми ғоратгарӣ ва таҷовуз ба номус дар Русия зиндонӣ кардаанд ва ба гуфтаи додгоҳ, ӯ дар ҳамонҷо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва мукотиба бо аъзои ДОИШ ба ин гуруҳи ифротӣ савганди садоқат додааст.

Мо намедонистем, ки чунин кор мекунад

Ба гуфтаи Шарифхон Шарофиддинов, соли 2017 баъди бозгашти бародараш аз Русия ӯро тақрибан як сол муолиҷа карданд.

“Занаш додем ва соҳиби як писар шуд. Доим мегуфт, ки нос накаш, намоз хон, вале мо намедонистем, ки чунин кор мекунад. Дар мурофиаи додгоҳӣ ба овехтани парчам ва омодагӣ ба таркиш дар чанд ҷой иқрор шуд. Вақте боздошт шуд, баъдан мо фаҳмидем, ки чунин ният доштааст” - гуфт ӯ.

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябри соли 2018 хабар доданд, ки Баҳриддин Шарофуддиновро бо иттиҳоми анҷоми амали террористӣ дар рӯзи таҷлили рӯзи истиқлолият дастгир карданд. Ба қавли мақомот, ӯ қасд дошт, бо маводи таркандаи худсохт ҳангоми таҷлил аз ҷашни истиқлоли Тоҷикистон, амали террористӣ анҷом диҳад.

Дар ҳукми додгоҳ омадааст, Шарофуддинов аввал хостааст, ба Афғонистон ва ё Сурия биравад ва ба сафи гуруҳи Давлати исломӣ бипайвандад.

Азбаски ба рафтан ба Афғонистон ё Сурия муяссар нашудааст, «бо маслиҳати пешакӣ бо аъзои ДИИШ мақсад гузоштааст, ки “ҳамчунин дар ноҳияи Фархор, дар ҷойи ҷамъшавии зиёди одамон, шуъбаи корҳои дохилӣ ва ҳукумати ноҳия таркиш ба вуҷуд оварда, кормандони милиса, ҳукумат, русзабонҳо ва дигар тарафдорони давлати демократиро ба ҳалокат расонад».

Қасд дошт ба Сурия ё Афғонистон биравад, аммо натавонист

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Шарофуддинов бо супориши аъзои ДИИШ дар сероҳаи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Фархор ва дар ҳудуди ҷамоати Гулшан се парчами ин созмони тундравро овехтааст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки аз ҳавлии манзили зисти ӯ як адад байрақи дигар низ пайдо шуд. Дар хулосаи ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Шарофуддинов аз кардаи худ пушаймон нест ва дар додгоҳ гуфтааст, «дар сурати пайдо намудани имконият амалҳои худро давом медиҳад.»

Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо вакили дифои Баҳриддин Шарофуддинов суҳбат кунад. Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон аз чанд кӯшиши ҳамла ё қасди таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар минтақаҳои кишвар хабар дода буданд.

Моҳи майи соли 2018 мақомоти интизомӣ Толибҷон Юнусови 20-сола ва Усмон Бухориеви 18-соларо бо иттиҳоми талоши таркондани бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ боздошт карданд. Ҳангоми боздошт аз онҳо бомбҳои худсохт мусодира карданд.

Соли 2015 низ аз талоши тарафдорони гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" барои таркондани 12 идораи пулис дар Душанбе, Файзобод, Рашт ва Кӯлоб пешгирӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG